Як рассоми рус галлереяҳои маъруфи Бритониёро айбдор кард, ки ба хотири фоида ҳатто аз муомилаҳои махфӣ бо ҳокимони худкома рӯ намегардонанд.
Петро Водкинс, ки бо рафтори тааҷҷубангезаш маъруф аст, худро агент ё намояндаи раисиҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз номи ӯ бо нигористонҳои мӯътабари Бритониё барои харидории чанд наққошӣ вориди музокира шудааст. Водкинс акнун ин нигориистонро айбдор мекунад, ки пулро аз ахлоқ болотар мегузоранд ва ба хотири фоида омодаанд, бо ҳар касе ки набошад, муомила кунанд. Дар ин бора нашрияи бритониёии “The Sunday Times” дар матлабе таҳти унвони “Top UK galleries in frame over ‘sale’ to Tajik despot” (“Таҳти шуоъ қарор гирифтани нигористонҳои аввали Салтанати Бритониё ба маҳзи “харидуфурӯш” бо мустабиди тоҷик”) хабар додааст.
Петро Водкинс ба ин нашрия гуфтааст, худро агент ё намояндаи раисиҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки кишвараш бо вазъи бади ҳуқуқи башар ном баровардааст, муаррифӣ карда, бо чанд нигористони мӯътабар дар мавриди харидуфурӯши наққошиҳо тавассути суратҳисобҳои оффшории махфӣ вориди музокирот шудааст. Петро Водкинс мегӯяд, ӯ аз ҷумла бо нигористонҳо фурӯши махфии наққошиҳои рассомони маъруфе, чун Ай Вейвей, Дамиэн Ҳёрст ва Аниш Капурро баррасӣ кардааст.
Водкинс зимни музокирот таъкид кардааст, ки ҳар навъ муомила бояд тавассути суратҳисобҳои оффшорӣ сурат бигиранд, то ки мардуми Тоҷикистон аз он хабар наёбад. Петро Водкинс мегӯяд, тамоми музокираҳояш аз номи Эмомалӣ Раҳмонро, ки тавассути Skype сурат мегирифт, сабт кардааст.
Ӯ акнун мехоҳад ин ҳамаро дар филми кӯтоҳе бо номи “The Price of Art” (“Нархи ҳунар”) аз тариқи Интернет нашр кунад ва нишон диҳад, ки ҳатто нигористонҳои мӯътабар дар роҳи даст ёфтан ба фоидаҳои бузургтар аз муомилаҳои ғайриахлоқӣ ва он ҳам бо ҳокимони мустабиде, ки ба гуфтаи Петро Водкинс, аз ҳисоби мардуми худ давлату сарват ғундоштаанд, парҳез намекунанд.
Ба иддаои Водкинс, ин муомилот ҷанбаи ғайриахлоқии дунёи ҳунарро фош мекунад, вале масъулони нигористонҳо мегӯянд, ки музокираҳо дар мароҳили ибтидоӣ қарор дошт ва ҳеҷ харидуфурӯше аз ин миён такмил нашудааст. Бархе мегӯянд, ки инро шӯхӣ пиндоштаанд.
465 000 доллар барои Ай Вейвей
Водкинс дар як маврид худро Пётр Фомин номида, бо нигористони “Blain Southern” дар маркази Лондон ҷиҳати харидории “Пойҳо” ном наққошии Ай Вейвей бо нархи 465 000 доллар ва як акси бозори бурси Араб, ки Андреас Гурскӣ аз Олмон бардоштааст, вориди музокира шудааст. Водкинс дар ҷараёни гуфтугӯи видеоӣ ба намояндаи ин нигористони маъруф гуфтааст, ин ду чизро аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон мехарад, чунки Эмомалӣ Раҳмон гӯё ба таҳияи як коллексияи наққошиҳо барои духтараш пардохтааст. Намояндаи нигористон дар посух имкони чунин муомила бидуни огоҳии Ай Вейвейро, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар ватанаш – Чин – мубориза мебарад, истисно накардааст.
Водкинс дар идома таъкид мекунад, ки ин муомила бояд пинҳон бимонад, “чунки барои муштарии ман дар кишвараш мушкилоти бузург пеш меояд, зеро мардумаш фақиранд ва аз ин ки маоши онҳо моҳона 10 доллар асту ҳокими онҳо барои фарзандаш дар ивази 1 миллион доллар наққошӣ мехарад, хушашон нахоҳад омад.” Намояндаи нигористон дар посух гуфтааст: “Ман шуморо пурра мефаҳмам. Ин бори аввал нест, ки мо чунин корҳоро анҷом медиҳем. Ман комилан бо шумоям.”
“Blain Southern” баъди рӯ задани моҷаро ба “The Sunday Times” гуфтааст, ки ин танҳо музокираи муқаддамотӣ бо як фурӯшандаи сатҳи поёнӣ буд ва ҳеҷ гоҳ наметавонист амалӣ шавад: “Ин пешниҳод аз оғоз машкук менамуд ва агар ба марҳалаҳои баъдӣ мерасид, омӯзиши бештарро тақозо мекард ва радд мешуд.”
Водкинс мегӯяд, ҳамин тавр, бо “White Cube”, ки дар Лондону Ҳонгконг ва Бразилия чандин галлерея дорад, дар тамос шуда, аз номи Эмомалӣ Раҳмон хоҳиши харидории наққошии Дамиэн Ҳёрстро кардааст. Ба ӯ гуфтаанд, “раисиҷумҳурро итминони хотир бидеҳ, ки мо ба сурати фавқулодда розро нигоҳ медорем.”
Нигористони “Hamiltons” дар Лондон бо ин “агент”-и Эмомалӣ Раҳмон масъалаи фурӯши чандин наққошии рассоми ҳолландӣ Эрвин Олафро баррасӣ кардааст. Вақте Водкинс гуфтааст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон хеле нигарони ҳифзи ин сирри маҳрамона аст, намояндаи ин нигористон пешниҳод дода, ки пас ин муомиларо тавассути ширкати оффшорӣ ва интиқоли наққошӣ ба Швейтсария анҷом диҳанд.
“White Cube” ва “Hamiltons”, ба навиштаи нашрияи бритониёӣ, аз шарҳи ин қазия худдорӣ кардаанд. Нашрия менависад, Тоҷикистон фақиртарин кишвари Осиёи Марказист, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ба далели фасод ва таъқиби матбуот таҳти оташи танқид қарораш додаанд. Вале тавре Петро Водкинс мегӯяд, дар маҷмӯъ ба 8 нигористон дар Лондону Ню-Йорк ва Ҳинд муроҷиат карда, танҳо дар якеаш ба пешниҳоди муомила бо раисиҷумҳури худкомаи Тоҷикистон посухи рад гирифтааст: “Бадбахтона, баъди соатҳо музокира бо фурӯшандагони наққошиҳо, маълумам шуд, ки агар ҳар касе бо як халтаи пул пеши инҳо биояд, савдояшон ҳатман мепазад.”
Водкинс, рассоме, ки ним сол пеш "ба дунё омадааст"
Петро Водкинс тахаллуси эҷодии рассоми русест, ки дар баҳори соли ҷорӣ бо ғулғула вориди майдони наққошӣ шуд. Дар бораи ин рассом маълумоти зиёде дастрас нест, ба ҷуз инки ӯ қаблан тоҷир буда, тахаллусашро аз номи рассоми маъруфи асри 19 Кузма Петров-Водкин гирифтааст. Дар саҳифаи шахсии ӯ дар Фейсбук ҳатто навишта шудааст, ки Петро Водкинс “дар авоили баҳори соли 2013 ба дунё омадааст” ва ҳадафи ӯ “талош ва пайдо кардани решаи ҳунар, дур аз бозор ва нигористону академияҳои ашрофона аст.”
Дар тобистони соли равон Петро Водкинс тавассути як мағозаи интернетӣ маъракаи зоҳиран таблиғотиеро бо номи “Armani Diapers” (Пӯшакҳо (подгузники) аз Ҷорҷио Арманӣ) ба роҳ андохт, ки маҳсулоти дар асл вуҷуднадоштаеро бо як нархи “даҳшатнок” таблиғ мекард.
Муштариёне, ки ба ин дом меафтоданд, танҳо дар марҳалаи ниҳоӣ, яъне ҳангоми супурдани пули пӯшакҳо ҳушдор мегирифтанд, ки чунин маҳсулоте дар асл вуҷуд надорад ва инсон набояд чизпарастиро ба чунин ҳадде бирасонад, ки ин қадар пулро барои харидани пӯшак сарф кунад. Петро Водкинс дар шарҳи ин иқдомаш гуфт, "яқинан, ин дунё, ки чизпарастӣ дунё маънои зиндагиаш ва миқёси чизпарастӣ нишондиҳандаи комёбиаш шудааст, кайҳо ақлашро бохтааст. Ман бо ин маърака мехостам нишон бидиҳам, ки мо дар ин чоҳ чӣ қадар фурӯ рафтаем.”
Бозии Водкинс ва миллиардҳои воқеъӣ дар оффшорҳо
Петро Водкинс ҳанӯз шарҳ надодааст, ки чаро аз миёни раҳбарони зиёди худкомаи пасошӯравӣ барои тиҷорат бо нигористонҳои маъруфи Бритониё худро маҳз намояндаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ кардааст. Аммо ин моҷаро метавонад бори дигар мавзӯъи дар суратҳисобҳои махфӣ дар минтақаҳои оффшорӣ пинҳон кардани маблағҳои бузург аз Тоҷикистонро вирди забони расонаҳо кунад.
Бо онки Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор рафта, даромад ба ҳар сари аҳолиаш ҳамагӣ 860 доллар баровард мешавад, ба ҳисоби Сандуқи байналмилалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва маркази таҳқиқотии Tax Justice Network, сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор метавонад аз 2,5 то 3,5 миллиард долларро ташкил диҳад.
То ҳол ҳукумати Тоҷикистон соҳибони ин сармояҳои бузургро ошкор накардааст, балки талош мекунад, ба гунае интиқоли ин миллиардҳо ба минтақаҳои оффшориро ҳатто тавҷеҳ кунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар аввали соли равон гуфта буд, пулҳое, ки аз Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшор гузошта шудаанд, на ҳатман ба маъноест, ки онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд.
Аммо мунтақидон мегӯянд, дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар қарздор шудааст ва барои оғози сохтмони нирӯгоҳи Роғун пул наёфту даст ба ҷайби мардумаш бурд, соҳибкорону ширкатҳои наздик ба раҳбарони аввали кишвар бидуни ҳеҷ истиҳола миллиардҳо долларро дар хориҷ аз мардуми худ пинҳон мекунанд ва давлат бо ин "корчаллон"-ҳои нозпарвардаш коре карда наметавонад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад