Афсона ва ҳақиқати бозгашти нерӯҳои Русия ба марзҳои Тоҷикистон

​Оё нерӯҳои Русия ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистонро дубора ба дӯши худ хоҳанд гирифт? Душанбе инро рад мекунад, вале мегӯяд, ба ёриҳои фаннии Маскав ва кишварҳои дигар ниёз дорад.

Нооромиҳо дар шимоли Афғонистон ва дар саҳна зуҳур кардани созмони нави тундгарое бо номи "Давлати исломӣ", ки талош дорад гурӯҳҳои дигари исломгароро зери боли худ бигирад, мавзӯи чанд сол боз вирди забонҳо дар бораи эҳтимоли бозгашти нерӯҳои Русия ба марзи Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсояи ҷангзадаашро дигарбора дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додааст. Аммо мақомоти Душанбе мегӯянд, аз ӯҳдаи ҳифзи мустақилонаи марз мебароянд ва танҳо ба ёриҳои техникӣ аз сӯи кишварҳои муттаҳид, ба вижа аз тарафи Русия, зарурат доранд. Кӯмакҳое, ки бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд, то ҳол нарасидаанд.

Як мақоми баландпояи сарраёсати қушӯнҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 4 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мояи ин сарусадоҳо, албатта, марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, вале марзбонҳои тоҷик тайи 10 соле, ки ин марзи 1370-километрии аз лиҳози релефи ҷуғрофиаш мушкилро мустақилона ҳимоят мекунанд, нишон доданд, ки тавонашро доранд. Ба ақидаи ӯ, ки ба шарти набурдани номаш сӯҳбат мекард, ҳеҷ зарурате барои бозгашти нерӯҳои Русия ба лаби дарёи Омӯ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон қад-қади он мегузарад, вуҷуд надорад: "Ҳатто бо таваҷҷӯҳ ба нооромиҳо дар манотиқи бо Тоҷикистон чунин зарурат вуҷуд надорад. Ҳеҷ кас омада наметавонад, чунки дар қонунгузории Тоҷикистон ин нест. Қонуне надорем, ки истиқрори нерӯҳои хориҷӣ дар марзҳои Тоҷикистонро иҷозат бидиҳад. Фақат мақомоти ҳифзи ҳуқуқи худи Тоҷикистон вазифадор шудаанд барои ҳифзи марз."

Аммо инки Тоҷикистон барои тақвияти ҳифозати марзҳояш бо Афғонистон ба ёриҳои фаннии кишварҳои муттаҳидаш зарурат дорад, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, масъалаи дигар аст: "Тамоми матбуоти дунё борҳо хабар дод, ки мо дар ҳақиқат кумаки фаннӣ пурсида будем. Бале. Аммо бо ҳар баҳона ёрӣ намедиҳанд. То имрӯз ба мо кӯмаки ҷиддие аз ягон ҷо ба мо нарасидааст."

Ҳамсӯҳбати мо вазъи кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро ба сурати умум ором арзёбӣ кард ва гуфт, то имрӯз ягон мавриди талоши рахнаи мусаллаҳонаи марз аз тарафи маҳз гурӯҳҳои ифротӣ ё террористӣ сабт нашудааст.

Вале дар ҳоле ки ин мақоми баландпояи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, қонунҳои ин кишвар истифодаи нерӯҳои хориҷӣ дар амри ҳимояти марзҳояшро иҷозат намедиҳанд, чунин як нукта дар Созишномаи 5 октябри соли 2012 имзошуда байни Тоҷикистону Русия дар мавриди дастикам то соли 2042 тамдид кардани замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия вуҷуд дорад.

Дар банди чоруми ин қарордод, ки “Истифода” ном дорад, зикр шудааст, "дар сурати батадриҷ ваё босуръат (ба таври ногаҳонӣ) шадид шудани вазъи низомиву сиёсӣ дар минтақа, дар сурати таҳдид ба истиқлол ва мустақилият, ҳамчунин дар сурати таҷовуз алайҳи Тоҷикистон аз сӯи ягон кишвар(гурӯҳи кишварҳо), созмонҳои террористӣ ваё гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ истифодаи воҳидҳои низомии пойгоҳи низомии Русия ва воҳидҳои низомии ҷониби Русия, ки ба ҳайати ин пойгоҳ шомил нестанд, бар асоси қарори мувофиқатшудаи фармондеҳони олии нерӯҳои мусаллаҳои ҷонибҳо ва бар асоси қонунгузории ҷонибҳо сурат мегирад."

Дар ин банди созишнома ҳамчунин омадааст, ки қарор дар мавриди ба қаламрави Тоҷикистон ворид кардани воҳидҳои низомии иловагӣ аз Русияро ҳарду ҷониб муштаракан бояд қабул кунанд ва "ҷониби Тоҷикистон убури марзҳои давлатиаш ва ҳаракати воҳидҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русияро, ки ба ҳайати пойгоҳи низомии Русия шомил нестанд дар қаламраваш таъмин мекунад."

Дар банди 3-юми Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки тарафайни Тоҷикистону Русия, ки ҳанӯз 25 майи соли 1993, ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз ба қудрат расидани раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, низ гуфта мешавад, "Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нерӯҳои мусаллаҳи Русияро ҳаққи истифодаи иншооташро медиҳад."

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Бадахшон.

Аммо худи коршиносони рус мегӯянд, Русия дар як соли охир хеле амиқ даргири низоъҳои ҷудоиталабони тарафдори Маскав дар шарқи Украина шудааст ва аз тарафи дигар, уфти нархи нафту газ тавонмандиҳои иқтисодиашро хеле заифтар кардааст. Бори дигари гарон бар шонаи буҷаи низомии Русия аз тақрибан 6000 аскару афсари кунунӣ ба 9000 расондани шумори нерӯҳои пойгоҳи 201-умаш дар Тоҷикистон аст, ки бояд то соли 2020 анҷом шавад. Дар чунин шароит, Маскав зоҳиран дар амри дахолати эҳтимолии низомӣ ба вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бештар дар чорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ маҳдуд хоҳад шуд, то як қисми бори чунни дахолатро ба дӯши кишварҳои муттаҳидаш гузорад.

Зимнан, дар банди дуюми Созишномаи амнияти дастҷамъӣ, маъруф ба Паймони Тошканд аз 15 майи соли 1992, ки заминаи асосии ҳуқуқии фаъолияти Созмони Паймони амнияти дастҷамъист, низ нуктае ҳаст, ки метавонад ҳамчун имкони истифодаи нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узв дар қаламрави яке аз онҳо тафсир шавад: "Дар сурати пеш омадани таҳдид ба амният, якпорчагӣ ва истиқлоли як ё чанд кишвари узв, ваё таҳдид ба сулҳу амнияти байналмилалӣ, кишварҳои узв билофосила механизми машваратҳои муштарак ба хотири ҳамоҳанг сохтани мавқеъҳои худ ва андешидани чораҳо барои рафъи таҳдиди пешомадаро ба кор меандозанд."

Ҳарчанд маълум нест, ки Арманистон ё Қирғизистон ҳамчун узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ, ба истиснои ирсоли ягон баталйон ба ҳайати нерӯҳои муштараки ин паймон дигар чӣ ёрии низомие метавонанд дар чунин ҳолат ба Душанбе бирасонанд.

Александр Голтс

Александр Голтс, коршиноси масоили низомиву амниятии Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Русия, ки аллакай ба ҳайати нерӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ як дивизия ва як бригадаи десанти ҳавоияшро сафарбар карда буд, ҳоло ба хотири дифоъ аз амнияташ маҷбур аст, ин нерӯҳоро боз ҳам тақвият кунад: "Дуруст аст, ки нархи нафт уфтод, вале буҷаи низомии Русия коҳиш наёфтааст ва ба ин далел, шояд сатҳи ҳамкориҳои низомиаш бо кишварҳое, чун Тоҷикистон, низ кам нашавад. Инки Русия аз ноҳияи марзи Тоҷикистону Афғонистон эҳсоси таҳдид ба амнияташ мекунад, низ маълум аст. Ва танҳо масъала ин аст, ки ҳар навъ афзоиши ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун пуштибонии режимҳои ҳокими бадномшуда дар минтақа маънидод шавад. Ва Русия барои онки “жандарми Осиёи Марказӣ” ном нагирад, бояд дахолатҳои низомиаш ба вазъ дар Тоҷикистонро бо Ғарб ҳамоҳанг кунад. Аммо ин баъди бӯҳрони Украина, мутаассифона, номумкин ба назар мерасад."

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон 30 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд. Зери 400 нафари дигар аз Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомот, дар Сурияву Ироқ ва асосан дар сафи гурӯҳҳои тунгарое, мисли “Давлати исломӣ”, будаанд.

Душанбе аз самти марзи тӯлониаш бо Афғонистон бахусус баъд аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико аз он кишвар ва фаъол шудани гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар манотиқи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон эҳсоси нигаронӣ мекунад, вале мегӯяд, тавони рафъи мустақилонаи ин хатарҳоро дорад ва аз ёронаш фақат ёрии фаннӣ мехоҳад. Чашми умеди Душанбе дар ин маврид асосан ба сӯи Маскав дӯхта шудааст ва Маскав ба навбаи худ, агарчӣ шояд хеле мехоҳад, ки ба лаби Омӯ баргардад, маҷбур аст, ин орзуи, ба гуфтаи Александр Голтс, “геополитикӣ”-ашро барои рӯзҳои беҳтаре ба қафо андозад.

То соли 2005 масъулияти ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро тақрибан 5000 марзбони Русия бар ӯҳда доштанд.

Ба эътиқоди коршиносони масоили низомӣ, дар шароити имрӯза ва бо имконоте, ки Русия имрӯз дорад, ҳадди аксари коре ки метавонад барои тақвияти ҳимояти марзи Тоҷикистону Афғонистон анҷом диҳад, расондани ёриҳои низомӣ, ташвиқи кишварҳои дигари узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба ироаи айни ёриҳо ва тақвияти нерӯҳои муштараки ин паймон ва ҳадди аксар, чун дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000-ум, дар хатти дувуми ҳимояти марз бо Афғонистон, яъне баъд аз марзбонҳои тоҷик, мустақар кардани нерӯҳои пойгоҳи 201 хоҳад буд.