Путин ва Порошенко дар Минск мулоқот мекунанд

.

Дар ҳоле, ки ҷангҳо миёни нерӯҳои давлатии Украни ва ҷудоиталабони тарафдори Маскав идома дорад, Русия ва Украина мегӯянд, ки президентҳои ду кишвар ҳафтаи оянда дар Минск мулоқот мекунанд.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Қасри Кремл дар баёнияе, ки дар ин маврид рӯзи сешанбеи 19 август дар торнамои худ нашр кард, эълом кард, ки дар ин дидор мақомҳое аз Иттиҳодияи Аврупо ва Иттиҳодияи гумрукии АврОсиё (Русия, Белорус ва Қазоқистон) низ ширкат мекунанд. Ба гуфтаи дафтари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ҳафтаи оянда мулоқотҳои дуҷониба низ қарор аст баргузор шавад.

Дар баёнияе, ки дар ин маврид вебсайти расмии раиси ҷумҳури Украина мунташир кардааст, аз "субот бахшидан ба вазъ" дар бӯҳрон дар шарқи он кишвар, ба унвони мавзӯи калидии дидорҳо ном бурда шудааст. Дафтари Петро Порошенко аз иштироки раҳбарони Қазоқистон ва Белорус дар дар ин мулоқотҳо хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол рӯзи 19 август як сухангӯи нерӯҳои низомии Украина гуфт, онҳо машғули набард дар худи Луганск, яке аз марказҳои асосии ҳузури ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи он кишвар ҳастанд. Сухангӯи Шӯрои амният ва дифоии Украин гуфтааст, яке аз минтақаҳои Луганск озод шуда ва ҷангҳо дар маркази шаҳр идома доранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷудоиталабони тарафдори Русия зерсохторҳои шаҳриро дар минтақаҳои сераҳолӣ нобуд кард ва дар кӯчаҳо, пулҳо ва бемористонҳо минаҳо гузоштаанд.

Аз сӯи дигар расонаҳои русӣ низ аз қавли ҷудоиталабон мегӯяд, ки аз сӯи нерӯҳои давлатӣ маркази шаҳр гулӯлаборон шудааст, аммо ҷанги мустақим сурат нагирифтааст. Шӯрои шаҳри Луганск дар торнамои худ гуфтааст, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои артиши Украина "ғайринизомиён кушта ва захмӣ шудаанд." Аммо ҳеҷ оморе ва ҷузъиёте дар ин маврид эълом накардааст.

Киев дар айни ҳол ҷудоиталабони тарафдори Русияро муттаҳам мекунад, ки рӯзи душанбе бо аслиҳаи сохти Русия ба корвоне аз ғайринизомиён, ки қасди фирор аз Луҳанскро доштанд, ҳамла кардаанд ва гурӯҳе аз онҳоро куштаанд. Давлати Украина мегӯяд, ҷасади 17 нафарро то кунун пайдо кардааст. Ҷудоиталабон ин иттиҳомро рад кардаанд.