Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе дар робита ба изҳороти ахири Владимир Жириновский, ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъват шуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 23-юми апрел зимни даъвати сафири Русия Юрий Попов, норозигии худро аз изҳоротҳои ахири мақомоти Русия алайҳи Тоҷикистон баён намуд.
Дар ёддошти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки ба сафири Русия дар Душанбе супурда шуд, омадааст, ки чунин суханҳо ба муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар халали ҷиддӣ ворид мекунанд. Дар ёддошт ба суханони сиёсатмадори рус, узви Думаи давлатӣ ва раиси Ҳизби Либерал-Демократи Русия Владимир Жириновский ишора шудааст, ки ахиран дар яке аз барномаҳои телевизионии Русия нисбат ба Тоҷикистон суханони ноcазо гуфт.
Вай афзуд: "Исломгароёни толиб Тоҷикистонро зери по хоҳанд кард ва Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Душанбе мисли Наҷибулло ба дор хоҳанд кашид."
Раиси Ҳизби Либерал-Демократи Русия аз раҳбари ҳукумати дар Афғонистон дастнишондаи Маскав Наҷибулло ёд кард, ки пас аз пирӯзии Толибон дар соли 1996 ҳамроҳ бо бародараш дар Кобул ба дор кашида шуд.
Ин намоиши телевизионӣ, ки бо пирӯзии Жириновский ба поён расид, ба мушкили муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ихтисос дошт ва раҳбари либерал-демократҳои Русия ҳамчунин хостори ҷорӣ шудани раводиди сафар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда, гуфт, Русия худ нерӯи кофӣ дорад, ки ба иллати сарозер шудани фавҷи муҳоҷирони корӣ ба Русия бекор мондаанд.
Рӯзи сешанбе вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо пахши изҳороте, гуфт, "вазъияте, ки мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз тариқи ВАО суханҳои аз ҳақиқат дур, тӯҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона садо медиҳанд, моро нигарон намудааст. Чунин суханҳои таҳқиронаро роҳбари фраксияи ЛДПР дар Думаи давлатӣ В.Жириновский, ки дар барномаи “Поединок” аз 18 апрели соли 2013 баромад мекард, иброз дошт, ки натанҳо роҳбари ҷумҳурӣ, балки миллати тоҷикро таҳқир кардааст".
Дар изҳорот омадааст, ки суханҳои таҳқиромези В.Жириновский, ба унвони як намояндаи элитаи сиёсии Русия, ба рӯҳияи дустию анъанавии Тоҷикистону Россия ҷавобгӯ нест.
Ҷониби тоҷикистонӣ изҳороти Д.Рогозин, Муовини Сарвазири Федератсияи Россия, ки якчанд маротиба оид ба воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Россия ҳастанду гӯё бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон хати марзиро убур менамоянд аз ҳақиқат дур медонад. Ба ҷониби Русия расонида шуд, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи ин кишвар мешаванд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконияти хариди чиптаро доранд ва бо дигар ҳуҷҷат аз хатти марзии Тоҷикистон гузашта наметавонанд.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки қатор аз ду кишвар (Ӯзбекистон ва Туркманистон), ки бо Тоҷикистон низоми раводидӣ доранд, убур менамояд ва ин кишварҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаи дохилӣ иҷозати гузаштан намедиҳад.
Ҳанӯз посухи ҷониби Русия ва ё сафорати ин кишвар дар Душанбе садо надодааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад