Аксҳои моҳвораӣ таҷаммӯи нирӯҳои Русияро дар марз бо Украина нишон медиҳанд

Аксе аз таҷаммӯи низомии русҳо дар марз бо Украина

Рӯзи 20-уми апрел чанд акси моҳвораиро нашр карданд, ки баёнгари ҷойгиршавии техникаҳои ҳарбии Русия дар нимҷазираи Қрим ва дар хатти марзи Русия бо Украина аст.

Ин аксҳоро як ширкати аксбардорӣ аз 27-уми март то 16-уми апрел бо истифода аз фанновариҳои Maxar Technologies гирифтааст.

Раиси ширкати Maxar Technologies Дан Яблонский дар суҳбат бо The Wall Street Journal гуфтааст, ширкаташ ин аксҳоро ба хотири "пойбандӣ ба шаффофият" дастраси ҷомеа мекунад.

Ҳафтаҳои охир таниш дар муносибати Амрикову Русия дар ҳоли афзоиш аст. Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден, ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард ва гуфт, ин тасмим дар посух ба дахолати Маскав ба интихоботи Амрико ва ҳам ташкили ҳамлаҳои рахнагарон таҳти унвони SolarWinds cyberattack мебошад.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, дар як моҳи гузашта шумори нирӯҳои Русия дар Қрим ва марзи Украина ду баробар афзудааст.

Рӯзи 20-уми апрел низомиёни Украина аксҳои тонкҳои худро нашр карда, навиштанд, ки онҳо дар машқҳое дар минтақаи номаълуми "шарқи Украина" иштирок мекунанд.

Рӯзи 19-уми апрел вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба аз Иттиҳоди Аврупо хост, бо ҷорӣ кардани таҳримҳо пеши роҳи тавсеаи нирӯҳои русиро бигирад.