Русия ширкаташ дар ҷанги Тоҷикистонро эътироф мекунад?

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи Думаи давлатӣ тарҳи қонунеро, ки ба ширкаткунандагони амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон мақоми ветеран медиҳад, тасвиб кардааст.

Кумитаи кор, сиёсати иҷтимоӣ ва умури ветеранҳои Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия , ахиран се тарҳи иловаҳо ба қонуни Русия дар бораи ветеранҳоро баррасӣ карда, аз миёни онҳо тарҳеро пазируфт, ки аз сӯи фирқаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” таҳия шуда ва афсарони аскарони руси собиқадори амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистонро расман ва бидуни чуну чаро ҳамчун ветерани ҷанг эътироф мекунад.

Александр Хинштейн, мувоини раиси Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи давлатӣ дар шарҳи ин тарҳи қонун гуфтааст, ҳарчанд қонуни соли 2010 қабулшудаи ветеранҳо ба собиқадорони амалиётҳои ҷангии солҳои 1992-1996 дар қаламрави Тоҷикистон ҳаққи дарёфти мақоми ветерани ҷангро медод, вале то имрӯз танҳо як теъдоди кӯчаке тавонистаанд соҳиби чунин мақом шаванд. Ба гуфтаи Хинштейн, азбаски Русия расман ширкаташ дар амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст ва амалиётҳои ҷангӣ дар Тоҷикистон дар ягон санади расмӣ зикр намешаванд, бисёриҳо наметавонистанд собит кунанд, ки онҳо дар воқеъ дар ҷангҳо ширкат кардаанд ва бояд ветеран шинохта шаванд.

Александр Хинштейн

Хинштейн дар ин ҷаласа гуфтааст: “Русия расман дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти ҷангӣ анҷом намедод. Ба ин далел 99 дарсади низомиҳое, ки барои иҷрои вазифа фиристода мешуданд, дар санадҳояшон худи факти амалиёти ҷангӣ нишон дода намешуд.” Дар парвандаҳо ва билетҳои ҳарбии ин афрод ба ҷои амалиёти ҷангӣ, ба гуфтаи Хинштейн, танҳо “иҷрои вазифа ба манзури ҳимояти ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, ибарқарории сулҳ, ҳифзи тартибот, ҳифозати марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба субот овардани вазъ, ҳифозати иншшоти муҳими давлатӣ дар шароити вазъи фавқулодда ва низои мусаллаҳона дар қаламрави Тоҷикистон” навишта мешуд. Ҳамин “духӯрагӣ”, яъне ба таври рӯшан навишта нашудани факти ширкати низомиҳои рус дар ҷанги Тоҷикистон боис мешуд, ки идораҳои иҷтимоӣ аз сабтиноми собиқадорони ин ҷанг ба ҳайси ветеран худдорӣ кунанд.

Ба ин далел, аз тақрибан 21 500 сарбозу афсаре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) дар ин кишвар адои хидмат кардаанд, то имрӯз танҳо ҳудуди 1500 нафараш ва он ҳам тавассути додгоҳ ва ба шарофати санадҳо дар бораи захмҳои дар ҷангҳо бардоштаашон ваё ордену медалҳои ҷангие, ки дар асноди онҳо факти ширкати онҳо дар амалиёти ҷангӣ тасдиқ мешавад, соҳиби унвони ветеран шудаанд.

Вакилони Думаи давлатӣ мегӯянд, тарҳи иловаҳо ба қонуни ветеранҳо духӯрагиҳои мавҷуда дар ин қонунро, ки ҳазорон собиқадори ҷанги Тоҷикистонро солҳо боз саргардон мекард, аз байн хоҳад бурд ва ин афрод аз имтиёзҳое, ки мақоми ветеран дар Русия медиҳад, билохира бархӯрдор хоҳанд шуд. Тарҳи тасвибшуда бояд дар рӯзҳои наздик дар иҷлосияи Думаи давлатӣ дар қироати аввал мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Азбаски “Единая Россия” аксарияти курсиҳои Думаи давлатиро таҳти назорат дорад, бовар меравад, ки тағйирот ба қонуни ветеранҳо дар иҷлосияи пленарӣ низ бидуни мушкил тасвиб шавад.

Аммо баҳси додани мақоми расмии ветерани ҷанг ба иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар Русия дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон тназарҳо ба нақши нирӯҳои Русия дар ҷанги солҳои 1992-1997 зиддунақиз аст. Бархе артиши Русияро ба дахолат дар ҷанги Тоҷикистон ва ҳатто таъмини тарафҳои муқобил бо силоҳ айбдор мекунанд.

Акс аз бойгонӣ

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон масъулияти ҳифзи 1370 километр марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро нирӯҳои тақрибан 7000-нафарии марзбонии Русия бар ӯҳда доштанд. Ҳамин тавр, дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа - ҷабҳаҳои асосии ҷангҳои соли 1992 - дивизияи 201-уми артиши Русия бо беш аз 6000 аскару афсараш мустақар буд.

Ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, то 150 000 кушта ба ҷо гузошта, боиси бехонаюдар шудани то 1 миллион нафар шуда буд. Хисороти молии 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 10 миллиард доллар рақам зада мешавад.