Додситони кулли Русия - "қаҳрамони" Pussy Riot

Гурӯҳи Pussy Riot

Гурӯҳи Pussy Riot клипи "Чайка"-ро таҳия кардааст, ки муҳтавояш ба таҳқиқи фаъолияти Юрий Чайка, додситони кулли Русия аз ҷониби Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний рабт мегирад.

Клипи "Чайка"-и гурӯҳи Pussy Riot, ки рӯзи чоршанбеи 3 феврал дар шабакаи Youtube мунташир шуд, ба фаъолияти Юрий Чайка, додситони кулли Русия бахшида шудааст. Ҳунарпешаҳои гурӯҳ либоси додситонӣ дар бар доранд. Сарояндагон бо як овоз мехонанд: "Ба ҳукумат итоат кун, писар, зеро ҳукумат ҳадяи Худованд аст".

Дар ин суруд ишораҳо ба натиҷаҳои таҳқиқоти мухолифи маъруфи ҳукумати Русия ва муассиси Бунёди "Мубориза бо коррупсия" карда шудааст, ки дар азхудкунии як ширкати баҳрӣ дар Иркутск аз ҷониби писари додситони кулли Русия Юрий Чайка гумонбар шудааст.

Ҳамчунин, дар ин суруд номҳои раҳбарони шабакаҳои ҷиноии овозадор - Сергей Тсапок ва Вячеслав Тсеповяз, ки дар куштори оммавии сокинони деҳае дар вилояти Краснодар даст доштанд, зикр шудааст. Аз рӯи таҳқиқоти ахири Навалний, писарони додситон Чайка бо ин гурӯҳи ҷиноӣ ҳамкорӣ мекардааст. Танҳо дар як рӯзи пахши суруди нави ин гурӯҳи мусиқӣ, ним миллион нафар онро тамошо карданд.

Гурӯҳи мусиқии Pussy Riot дар соли 2011 таъсис шудааст. Пас аз ҳунарнамоӣ дар маъбади Исои Наҷотбахш дар Маскав дар соли 2012 се узви ин гурӯҳ ба иттиҳоми авбошӣ ҳабс шуданд. Ду узви ин гурӯҳ - Мария Алехина ва Надежда Толоконникова дар соли 2013 баъди яку ним соли ҳабс бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуданд. Толоконникова аз зиндон истода дар бораи мавридҳои фаровони поймолшавии ҳуқуқи зиндониён дар маҳбаси занона гузоришҳо медод ва баъди аз зиндон озод шуданаш ҳам, аз интиқоди шадиди ҳукумат, президент Путин ва мақомоти Русия даст накашид.