Мақомоти Русия даҳҳо нафар аз ҷумла, Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлатро ҳангоми тазоҳуроти саросарӣ дастгир кардаанд.
Навалний аз фаъолони мубориза ба зидди фасодкорӣ дар Русия аз тарафдоронаш хостааст, ба тазоҳурот баромада ва мардумро ба даст кашидан аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даъват кунанд.
Алексей Навалний дар Твиттер навишт, ки ӯро баъди ҳамроҳ шудан ба гирдиҳамоии бештар аз 1000 нафар дар маркази шаҳри Маскав дастгир карданд. Баъзе аз тазоҳургарон дар инҷо “Интихоботро таҳрим кунед” ва “Русия бидуни Путин” шиор медоданд.
Мардуми норозӣ аз идомаи ҳукуматдории Владимир Путин рӯзи 28-уми январ ба хиёбонҳои даҳҳо шаҳри Русия рехтанд ва аз даъвати Алексей Навалний тарафдорӣ карданд, ки мехоҳад, мардум дар интихобот ширкат накунанд.
Мақомоти Русия қабл аз тазоҳурот гуфтанд, ки бо афроде, дар тазоҳурот қонуншиканӣ мекунанд, бархӯрди сахт хоҳанд кард. ОВД-инфо як созмони ҳомии ҳуқуқи Русия гузориш дод, ки маъмурони пулис 90 нафарро дар шаҳрҳои гуногуни Русия дастгир кардаанд.
Алексей Навалний, довталабони дигари курсии раиси ҷумҳури Русияро, ба ҳамдастӣ бо Путин муттаҳам карда ва гуфтааст, ки ҳукумат мехоҳад, ба василаи онҳо, интихоботро рақобатӣ ва қонунӣ нишон бидиҳад.
Рӯзи 27-уми январ Алексей Навалний дар як блоге аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба тазоҳурот бароянд, зеро ба қавли ӯ ”дар хона мондан, ишорае ба афроди сари қудрат аст, ки “мо омодаем, ҳамин вазъро 6 соли дигар таҳаммул кунем”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад