Русия тавоноии "Окно" дар Тоҷикистонро чор баробар афзуд

Вазорати дифои Русия эълон кард, ки тавоноии фаннӣ ё техникии маркази назорати кайҳонии "Окно" дар канори шаҳри Нораки Тоҷикистонро то чор баробар афзудааст.

Тавоноии фаннии маркази назорати кайҳонии "Окно" дар канори шаҳри Нораки Тоҷикистон то чаҳор баробар пурқувваттар шудааст. Вазорати дифои Русия рӯзи 25 июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, дурбинҳои ин марказ ҳамакнун қодиранд, ки ҳамагуна ашёро дар фазо дар масофаи аз 120 километр то 40 ҳазор километр мушоҳида кунанд.

Насби таҷҳизоти муосир дар маркази "Окно" охири соли 2014 ба анҷом расида ва аз оғози соли ҷорӣ ин марказ ба ҳайати Маркази кашшофии кайҳонии нерӯҳои низомии Русия шомил шудааст. Вазорати дифои Русия дар ин баёнияи расмияш эътироф кардааст, ки маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Тоҷикистон бо таҷҳизоти навини худ барои Маскав ягона маҳсуб мешавад ва қодир аст, ки дар бораи ҳар ашё дар фазо ба таври сареъ ё зуд иттилоъ бидиҳад.

Маркази “Окно”, ки қаблан “Норак” номида мешуд ва дар сари ағбаи Шар-Шар, бар фарози обанбори Норак ҷойгир аст, дар соли 2004 ба ивази 242 миллион доллар қарзи Тоҷикистон ба Русия дода шуд. Бино бар созишномае, ки он вақт раисони ин ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо карданд, тамоми қаламрави ишғолкардаи пойгоҳ аз тарафи Русия бо нархи рамзии 1 сомонӣ дар сол иҷора гирифта шудааст.

Ин марказ аз нигоҳи идорӣ дар таркиби пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон аст, ки бо зери 7 000 аскару афсари мустақар дар Душанбеву Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва як ротаи хурд дар “Окно” бузургтарин пойгоҳи низомии нерӯҳои хушкигарди артиши Русия дар хориҷ аз он кишвар ба шумор меравад.

Дар соли 2012 Душанбе замони ҳузури пойгоҳи 201-ро дастикам то соли 2042 тамдид кард ва боз ҳам бидуни талаби пули иҷора. Ба ин тартиб, маркази “Окно” низ то соли 2042 дар канори Норак амал карда, дар ин 38 сол – аз соли 2004 то соли 2042 – ба буҷаи Тоҷикистон ...38 сомонӣ хоҳад супурд.

Маҷмааи оптикию электронии “Окно” як иншооти мураккаб ва камназирест, ки ҳаракати хурдтарин ҷирмҳои осмониро дар фазои кайҳонии Аврупо, Осиё, Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Марказӣ, уқёнусҳои Ҳинд, Ором ва Атлантик дида ва ба таври автоматӣ сабт мекунад. Барои муқоиса Иёлоти Муттаҳида ин ҳаҷми маълумотро бо истифода аз чаҳор маркази ҳамсон ҷамъоварӣ мекунад.

Дарвозаҳои пойгоҳи "Окно" ба рӯи матбуоти маҳаллӣ баста аст. Вале дар моҳи майи соли 2013 телевизиони давлатии Русия аз ин пойгоҳ гузориши муфассале таҳия карда буд. Дар он барнома сарҳанг Владимир Хромченков гуфт, афсароне, ки бо аҳли хонаводаҳояшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Русия интиқол дода шуданд, баъди ба моликияти Русия гузаштани он дубора ба пойгоҳи “Окно” баргаштаанд ва акнун дар шаҳраке зиндагӣ мекунанд, ки берунтар аз ҳудуди ин марказ, дар канори шаҳри Норак бунёд шудааст.

Ҳамин тавр гуфта мешуд, ки ба хидмати яксола дар ротаи нави маркази назорати кайҳонии “Окно” маъмулан хатмкунандагони муваффақи донишгоҳҳои махсуси Русия даъват мешаванд. Ҳамчунин ба онҳо имкон дода мешавад, ки дар ин ҷо барои рисолаҳои дипломии худ пажӯҳишҳои илмӣ анҷом диҳанд.