Аксари муҳоҷирони тоҷик, ки солҳо боз дар Русия кор кардаанд, мегӯянд, бархӯрди мақомоти Русия ба онҳо муғризона буда дар бештари маврид Маскав қассоси мақомоти тоҷикро аз муҳоҷирон меситонад. Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, 50 ва ё 100 рубл қарзи телефони мобил... Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳамин баҳонаҳои хурду реза ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст додаанд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумораи шаҳрвандони кишвар, ки аз Русия барои се сол ихроҷ ё барои панҷ сол депортатсия шудаанд, аз 350 ҳазор гузаштааст.
Агар Тоҷикистон шомили иттиҳоди Авроосиё шавад, аз имкониятҳои барномаи “Камарбанди иқтисодии абрешим”-и Чин бебаҳра мемонад. Кишвар сиёсати дарҳои бози интихобкардаашро ба ҳар қиммате, ки ҳам бошад, бояд нигоҳ дорад.
Иброҳим Аҳмадов, масъули намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 6-уми октябр дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Русия нисбати муҳоҷирон 3 намуд чораи маъмурӣ меандешад. Яъне ихроҷкунӣ, депортатсия ва манъи муваққатии вуруд ба қаламрави Русия.. Аксарияти муҳоҷирони тоҷик ба хотири қоидавайронкунии маъмурӣ аз ҳақи ворид шудан ба Русия маҳрум шудаанд”.
Аҳмадов гуфт, ҳатто 50 рубл қарздории телефони мобил ҳам метавонад боиси мамнуъулвуруд шудани муҳоҷир ба Русия бошад. “Вақте ширкати мобилӣ арз мекунаду судиҷрочиён парвандаи маъмурӣ тартиб дода ҷарима мекунанд, ҳамин метавонад боис шавад, ки шахс аз ҳаққи вуруд ба Русия то се сол маҳрум гардад”, - мегӯяд Аҳмадов.
Даҳ идораи тафтишгар - кобуси муҳоҷирони корӣ
Дар Русия ҳоло 10 идораи давлатӣ ҳақ дорад шаҳрванди хориҷиро аз ҳаққи ворид шудан ба ин кившар маҳрум кунад. Баҳона низ метавонад хеле кӯчак бошад: масалан, убури роҳи мошингард аз ҷойи таъинношуда ва ё бо худ овардани мева ва ё рустание ба қаламрави Русия бидуни ҳуҷҷат. Аҳмадов гуфт, ҳатто идораи "Роспотребнадзор" низ метавонад, муҳоҷирро ҷарима бандад ва он низ ҳақ дорад муҳоҷирро мамнӯъулвуруд кунад.
Агар ба омори ихроҷи муҳоҷирон ба ҳисоби фоиз нигарем, Русия тайи ду соли охир беш аз ҳама муҳоҷирони кории тоҷикро аз қаламраваш берун кардааст. Раванди ихроҷи муҳоҷирони ҳеҷ як аз кишварҳои дигар, масалан Молдова, Украина, Озарбойҷону Узбакистон бо Тоҷикистон қобили муқоиса нест.
Муҳоҷирати корӣ барои Тоҷикистон, ба гуфтаи аксари коршиносон, сармояи ягонаест, ки кишварро аз фурӯ рафтан ба ботлоқи бӯҳронҳои иқтисодӣ нигаҳ медорад ва аксари мардумро аз фақр эмин ниоҳ медорад. Маскав низ инро медонад ва ба назари бисёр коршиносон Кремлин дар мавридҳое, ки ҳарфаш ба Душанбе намегузарад, қартаи муҳоҷиронро ба кор медарорад ва онҳоро саркӯб мекунад.
Муҳоҷирони корӣ аҳроми фишори Кремлин
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, таҳлилгари умури сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, Маскав бо берун кардани муҳоҷирони кории тоҷик ба Душанбе ошкору ниҳон фишор меорад. Маскав ҳоло Тоҷикистонро маҷбур мекунад, ки ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии зери роҳбарии Кремлин шомил шавад.
Истифодаи муҳоҷирон ҳамчун аҳроми фишор аз сӯи Русия ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад
Маҳмадазимов мегӯяд: “Русия аз муҳоҷирон ҳамчун як аҳроми фишор истифода мекунад. Аммо Тоҷикистон бояд ба ин дода нашавад. Чунки агар кишвар шомили ин иттиҳод шавад, аз имкониятҳои барномаи “Камарбанди иқтисодии абрешим”-и Чин бебаҳра мемонад. Кишвар сиёсати дарҳои бози интихобкардаашро ба ҳар қиммате, ки ҳам бошад, бояд нигоҳ дорад”.
Маҳмадазимов мегӯяд, ки Тоҷикистон набояд ба истилоҳ ҳамаи “тухмҳоро дар як сабад” нигоҳ дорад ва бояд барои бо ҷойи кор таъмин кардани муҳоҷирон дар дохили кишвар ва кишварҳои нави муҳоҷирпазир андеша кунад.
Светлана Ганнушкина, як ҳомиии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, Маскав аз Душанбе ҳамчун шарики сиёсияш ин интизорро дошт, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё ҳамроҳ мешавад. “Ман ин эҳтимолро истисно намедонам, ки ихроҷи саросарии муҳоҷирони кории тоҷик ба мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё бармегардад. Истифодаи муҳоҷирон ҳамчун аҳроми фишор аз сӯи Русия ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад”, - мегӯяд Светлана Ганушкина.
Маскав ҳаминак ду сол аст, барои шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё талош дорад. Душанбеи расмӣ ба ин пешниҳодҳо ҷавоби мушаххас надодааст ва борҳо ба комиссиюне ишора кардааст, ки бояд суду зиёни ин ҳамоишро омӯзад. Чанде пеш Русия ошкоро аз забони сафираш дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфт: “Вазъияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия замоне беҳтар хоҳад шуд, ки кишвар ворид Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё шавад”.
Ба Маскав набояд "дастак" дод
Аксари коршиносон таҷаммӯи теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистонро аз лиҳози сиёсӣ хатарнок мешуморанд ва борҳо дар ин бора ба ҳукумати Тоҷикистон ҳушдор додаанд. Русия дар гузашта дар чанд маврид "қартаи муҳоҷирон"-ро ба кор андохт ва хостаҳои худро бароварда сохт.
Соли 2009 замони сар задани моҷарои ҳабси халабони руси ширкати "Ролкан" дар Тоҷикистон, ки ҳарими ҳавоии кишварро вайрон карда буд, то озод шудани пилот Русия гурӯҳ-гурӯҳ ва намоишкорона муҳоҷирони тоҷикро аз қаламраваш берун кард. Депортатсияи саросарӣ замоне поён ёфт, ки халабони рус дар Тоҷикистон аз толори додгоҳ озод шуда ба Русия парвоз кард.
Айни чунин манзара дар вақти баҳси тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон сар зада буд. Маскав қартаи муҳоҷиронро, ки теъдодашон он замон аз якуним миллион бештар буд, барои бақои пойгоҳаш дар Тоҷикистон истифода кард.
Ҳоло маблағҳое, ки муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон мефиристанд, дар он ҳаҷме нест, ки панҷ-шаш соле пеш, яъне пеш аз сар задани бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия соли пеш мефиристоданд. Русия ҳам баъди ҷорӣ шудани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳаш дар посух ба ишғоли Қрим, дигар он Русияи пешина нест. Сохтмонҳо ҳам кам шудаанд, мардумаш ҳам харҷи зиёд намекунад. Ин аст, ки пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ду сол ба инҷониб башиддат коҳиш ёфтаанд. Дар нимаи аввали соли 2016 муҳоҷирон ба ватан 598 миллион доллар фиристоданд, ки аз соли гузашта 14 дарсад ва аз солҳои қаблӣ қариб се маротиба камтар аст. Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия шумораи бекоронро дар Тоҷикистон бисёр кард ва охиран ҳукумати Тҷоикистон ба вазорату идораҳояш супориш дод, ки кишварҳои наверо барои барои интиқоли нерӯи корӣ пайдо кунанд. Аммо то кунун Тоҷикистон Русияи наверо барои муҳоҷиронаш кашф накардааст.