Вазири умури хориҷии Русия аз Арабистони Саудӣ ва дигар муттаҳидони он кишвар, ки робитаҳои худро бо Қатар қатъ карданд, хостааст, ки аз тариқи гуфтугӯ ба ихтилофоти худ бо Давҳа поён диҳанд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи якшанбеи 10-уми сентябр дар мулоқот бо ҳамтои саудии худ дар Ҷидда гуфтааст, "мо дар мавзеи худ меистем. Ин ихтилоф бояд аз тариқи музокирот ҳаллу фасл шавад."
Вазорати умури хориҷии Русия, ки матни гуфтугӯ миёни оқои Лавров ва Одил Ҷубайрро нашр кардааст, мегӯянд, ки дипломати баландпояи Русия аз талошҳои Кувейт барои миёнҷигарӣ миёни тарафҳо ситоиш кардааст. Дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ Арабистони Саудӣ, Миср, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Араб давлати Қатарро ба ҳимоят аз таъмини молии терроризм муттаҳам намуда ва робитаи худро бо он қатъ карданд.
Талошҳои нав аз берун аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои поён додан ба бӯҳрон миёни Арабистони Саудиву муттаҳидонаш бо Қатар, чанд рӯз аст, ки идома дорад, ҳарчанд ҳанӯз натиҷаи мушаххасе аз онҳо дида нашудааст.
Ин кишварҳо шартҳоеро барои барқарории робитаҳо бо Қатар эълон карданд, ки қатъи робита бо Эрон, бастани шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира, бастани пойгоҳи низомии Туркия ва ҳамчунин қатъи пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Қатар аммо гуфта буд, ин шартҳо амалан ҳокимияти миллии он кишварро нодида мегиранд ва онҳоро радд кард.
Мулоқоти Сергей Лавров ва Одил Ал-Ҷубайр як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ расонаҳои Қатарро ба "таҳриф"-и мӯҳтавои сӯҳбати амири он кишвар бо валиаҳди Арабистони Саудӣ муттаҳам кард. Амири Қатар Тамим бин Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ рӯзи ҷумъа бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар хусуси бӯҳрони ахир гуфтугӯ карда буд.
Одил Ҷубайр дар ҷараёни мулоқот бо Сергей Лавров гуфтааст, ки "Қатар медонад чӣ бикунад, то бӯҳрон поён ёбад." Ӯ дар конфронси муштараки хабарӣ бо вазири умури хориҷии Русия ба шартҳои чаҳор кишвари арабӣ ишора карда ва мегӯяд, бо вокуниши Давҳа ба онҳо метавон фасли тозае кушод.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ гуфтааст, "мо интизор дорем мавзеи Қатар рӯшан шавад. Мо хостори ҷиддият барои пайдо кардани роҳи ҳал ҳастем... барои иҷро кардани усуле, ки ҳама кишварҳо пуштибони он ҳастанд. Ҳимоят накардан аз терроризм, мизбонӣ накардан аз меҳмонони нохонда, поён додан ба барангехтани нафрат, дахолат дар умури дигар кишварҳо."
Талошҳои нав аз берун аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои поён додан ба бӯҳрон миёни Арабистони Саудиву муттаҳидонаш бо Қатар, чанд рӯз аст, ки идома дорад, ҳарчанд ҳанӯз натиҷаи мушаххасе аз онҳо дида нашудааст.
Дар охири ҳафтаи гузашат Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико низ бо валиаҳди Арабистони Саудӣ, валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин амири Қатар ба таври ҷудогона гуфгугӯ карда буд. Бино бар баёнияе, ки Кохи Сафед мунташир карда буд, оқои Трамп хостори ҳамбастагӣ байни муттаҳидони араби Амрико "дар ҳифзи суботи минтақа" шудааст.
Сергей Лавров пас аз дидор бо Одил Ал-Ҷубайр, рӯзи душанбеи 11-уми сентябр дар Урдун бо мақомҳои он кишвар дидор хоҳад кард. Бино ба гузоришҳо, интизор меравад ҷанги дохилии Сурия меҳвари гуфтугӯҳо миёни тарафҳо бошад.