Мақомоти Русия баъди 18 рӯзи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Когалимавиа” дар нимҷазираи Синайи Миср гуфтанд, ки сабаби суқути ҳавопаймо дар таърихи 31 октябр ҳамлаи террористӣ будааст. Дар ин бора рӯзи 17 ноябр Александр Борников, раҳбари ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия изҳорот дод: "Мо қотеона гуфта метавонем, ки ин амали террорист." Бортников гуфт, дар ин ҳамла маводи мунфаҷираи иқтидораш баробари то 1 кило тротил истифода шудааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хостори “пайдо кардан ва ҷазо додан”-и афроди дастдошта дар ин ҳамла шуд. Путин дар як ҷаласаи бахшида ба натиҷаҳои таҳқиқи сабабҳои суқути ҳавопаймо гуфт: “Куштори мардуми мо дар Синай аз ҷумлаи хунинтарин ҷиноятҳост. Ва мо ашкҳоямонро аз қалбу ҷони худ пок намекунам. Ин ҳамеша бо мо мемонад. Вале ин набояд монеи пайдо кардан ва ҷазо додани ҷинояткорон шавад.”
Путин гуфт, “мо онҳоро дар куҷое ки пинҳон нашаванд, ҷустуҷӯ хоҳем кард. Мо онҳоро дар ҳар гӯшаи дунё пайдо мекунем ва ҷазо медиҳем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Маркази робита бо ҷомиаи ФСБ рӯзи 17 ноябр хабар дод, ки Русия барои маълумоте, ки ба боздошти омилони ҳамлаи ба ҳавопаймо мусоидат кунад, 50 миллион доллар ҷоиза муқаррар кардааст. Ин ниҳод аз ҷомиаи Русия ва ҷомиаи ҷаҳонӣ хостааст, то дар амри пайдо кардани ин “террористон” ба Маскав кумак кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Росавиатсия - идораи масъули танзими риштаи ҳавопаймоии Русия - рӯзи 17 сентябр бо ирсоли як нома ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ рӯйхати 47 кишвареро тартиб додааст, ки анҷоми парвозҳо ба ин кишварҳо бояд "бо тадбирҳои шадидтари амнияти ҳавоӣ сурат бигиранд." дар ин рӯйхат дар баробари кишварҳое, чун Туркия, Миср, Эрон, Ироқ ва ҳатто Австрияву Италияву Фаронса ва Амрико, исми ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ҳам ҳаст.
Ҳавопаймои Airbus 321-200-и ширкати “Когалимавиа”, ки таҳти бренди Metrojet парвоз мекард, рӯзи 31 октябр дар фазои нимҷазираи Синай суқут дода шуд. Бар асари ин сониҳа, ҳамаи 224 сарнишини ҳавопаймо - 7 узви экипаж ва 217 мусофир, бо шумули 17 кӯдак, кушта шуданд. Ин мусофирон сайёҳоне буданд, ки баъди истироҳат дар осоишгоҳҳои соҳили баҳри Сурх аз Шармулшайхи Миср ба Санкт-Петербург бармегаштанд.
Билофосила баъди суқути ҳавопаймо як гурӯҳи тундрав, ки дар нимҷазираи Синай фаъолият дорад ва худро марбут ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” меномад, масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. Ба дунбол, дар ибтидои моҳи ноябр мақомоти Амрикову Бритониё гуфтанд, далелҳое ба даст мерасанд, ки аз эҳтимоли бар асари таркиши бомб суқут кардани ҳавопаймои Русия дарак медиҳанд. Аммо мақомоти раҳбарии Русия, аз ҷумла раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин то рӯзи 17 ноябр ин фарзияро эътироф намекарданд ва мегуфтанд, бояд мунтазири анҷоми таҳқиқ шуд.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз Сурияву Ироқро тасарруф карда ва дар ин манотиқи як режими шадидеро ҷорӣ кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони мазҳабҳои ғайр, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани онҳо ном баровардааст. Аммо суқути ҳавопаймои мусофирбари Русия нахустин мавриди ҳамлаи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ба ҳавопаймоҳост ва он ҳам ба ҳавопаймои мусофирбаре, ки беш аз 200 мусофир дошт.
“Давлати исломӣ” аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистону Русия, ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ шомил карда шудааст. Як эътилофи кишварҳои Ғарбу Араб ба раҳбарии Амрико аз августи соли 2014 ва Русия ба сари худ аз моҳи сентябр алайҳи мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Дар Ғарб бар ин боваранд, ки Русия дар Сурия аз нирӯҳои содиқ ба раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад, ки аз муттаҳидони Маскав аст, ҳимоят мекунад.
Русия гуфтааст, ки ҳамлаҳои ҳавоияш дар Сурияро боз ҳам тақвият хоҳад дод, "то ҷинояткорон бифаҳманд, ки интиқом ногузир аст."
Эълони Русия дар бораи иллати суқути ҳавопаймояш 3 рӯз баъд аз ҳамлаҳои Порис садо дод. Масъулияти он ҳамлаҳои ҳамоҳангшударо, ки 129 кушта ба ҷо гузошт, низ "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифтааст.