Ангушти иттиҳоми Русия ба сӯи Эрдуғон ва хонаводаи ӯ

Русия раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва аҳли хонаводаи ӯро ба даст доштан дар тиҷорати ғайриқонунии нафт бо ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” айбдор кард.

Вазорати дифои Русия рӯзи 2 декабр раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва аҳли хонаводаи ӯро айбдор кард, ки дар тиҷорати ғайриқонунии нафт бо ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” даст доранд.

Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия дар нишасти хабарие, ки аз тариқи шабакаи телевизионии давлатии “Россия 24” мустақиман намоиш дода шуд, гуфт, бино ба маълумоти онҳо, “дар ин тиҷорати ҷиноӣ раҳбарияти сиёсии он кишвар, президент Эрдуғон ва хонаводаи ӯ даст доранд.”

Сергей Рудской, муовини фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия гуфт, онҳо дар бораи се масире, ки тавассути он “Давлати исломӣ” нафти тавлидкардаашро ба Туркия интиқол медиҳад, хабар доранд.

Мақомоти низомии Русия дар ин нишаст аксҳои моҳвораиеро нишон доданд, ки ба гуфтаи онҳо, аз марзи Сурияву Туркия убур кардани корвони мошинҳои нафткашро нишон медиҳад.

Мақомоти Русия, аз ҷумла раисиҷумҳур Путин қаблан ҳам Туркияро ба доштани манфиат дар тиҷорати нафт бо “Давлати исломӣ” айбдор карда буд. Путин ахиран ҳатто гуфт, як сабаби задани ҳавопаймои ҷангии Русия дар марз бо Сурия низ талоши Туркия барои ҳимояти манфиатҳояш аз тиҷорати нафт бо ин гурӯҳи ҷангҷӯ буд.

Аммо мақомоти раҳбарии Туркия ин иддаоро рад мекунанд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 30 ноябр дар Порис гуфт, “агар чунин далел собит шавад, ман омодаам истеъфо бидиҳам. Вале ҳамзамон мехоҳам аз Путин суол кунам, ки оё баъди ин ӯ дар мақомаш хоҳад монд?”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эрдуғон ба Путин: Ман барои истеъфо омодаам, шумо - чӣ?

Сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу низ рӯзи 1 декабр гуфт, Русия мехоҳад бо даъвоҳои, ба таъбири ӯ, “беасос” нақзи ҳарими ҳавоии Туркия аз сӯи ҳавопаймояшро “рӯпӯш” кунад.

Бори дигар ба тиҷорати нафт бо “Давлати исломӣ” айбдор кардани Туркия дар паманзари танишҳои шадидест, ки равобити Русияву Туркия дар як ҳафтаи охир дучор шудаанд. Ин танишҳо аз қазияи суқути ҳавопаймои СУ-24-и артиши Русия дар марзи Туркия бо Сурия оғоз мегирад. Дар пайи суқути ин ҳавопаймо дар таърихи 24 ноябр як халабони рус ҳангоми фуруд омаданаш дар қаламрави Сурия аз тири чирикиҳо кушта шуд.

Туркия мегӯяд, ҳавопаймои русӣ, ки дар амалиёти низомии кишвараш дар Сурия ширкат дошт, баъди вурудаш ба ҳарими ҳавоии Туркия ва дар пайи сарфи назар кардани ҳушдорҳои батакрор зада шуд. Русия исрор меварзад, ки ҳавопаймояш дар ҳарими ҳавоии Сурия суқут дода шудааст.

Президенти Русия Путин суқути ин ҳавопайморо “ханҷар аз пушт” номид ва ахиран гуфт, Туркия зоҳиран ба хотири ҳимоят аз фоидаҳое, ки аз тиҷорати нафти қочоқӣ бо созмони “Давлати исломӣ” ба даст меорад, чунин иқдом кардааст.

Маскав тақозо дорад, ки Анкара барои суқути ин ҳавопаймо расман узр бихоҳад. Аммо сарони Туркия батакрор гуфтаанд, ки дар қазияе ки ҳақ ба ҷониби онҳост, узр нахоҳанд пурсид.

Дар пайи сарпечии Туркия аз узрхоҳӣ Маскав таҳдид кард, ки алайҳи Туркия як силсила таҳримоти иқтисодиву дипломатӣ ҷорӣ мекунад. Русия ҳамин тавр, каналаҳои иртибототи низомӣ ва дипломатиро бо Туркия бастааст ва Путин пешниҳоди ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои мулоқот дар ҳошияи анҷумани Порисро рад кард.

Оғози "ҷанги таҳримҳо"-и Русия алайҳи Туркия бо эмбаргои себу пиёз

Русия аз соли нав воридоти як силсила маҳсулоти Туркия, аз ҷумла помидору бодиринг, пиёзу ангур ва гулу намакро манъ мекунад. Ҳукумати Русия шоми 1 декабр рӯйхати маҳсулотеро нашр кард, ки воридоташ аз Туркия сар аз 1 январи соли 2016 манъ мешавад. Дар рӯйхати маҳсулоти туркии таҳти эмбарго асосан маҳсулоти кишоварзии Туркия шомил шудаанд.

Бино ба рӯйхате ки дар сомонаи расмии ҳукумати Русия бо имзои сарвазир Дмитрий Медведев нашр шудааст, Русия аз 1 январ воридоти маҳсулот аз гӯшти мурғ ва мурғи марҷон, гулҳои мехчагул, помидору томат, пиёз, карам, брокколи, бодирингу корнишон, афлесун, мандарин ва анвоъи дигари меваҳои ситрусӣ, ангур, себ, нок, шафтолу, зардолу, олу, земляникаву клубника ва намакро аз Туркия манъ мекунад.

Ин рӯйхат, бино ба қарори ҳукумат, ба манзури иҷрои фармони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аз 28 ноябр таҳия шудааст. Путин дар он фармон, ки “Дар бораи чораҳои таъмини амнияти миллии Федеросиюни Русия аз амалҳои ҷиноӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ ва ҷорӣ кардани тадбирҳои вижаи иқтисодӣ нисбат ба Ҷумҳурии Туркия” ном дошт, аз ҳукуматаш тақозо карда буд, то дар посух ба суқути ҳавопаймои ҷангии Русия аз сӯи Туркия алайҳи он кишвар таҳримоти сиёсиву иқтисодӣ ҷорӣ кунанд. Аз ҷумла аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақозо шуда буд, ки парвозҳои чартериро ба Туркия қатъ кунанд. Ҳамин тавр, ширкатҳову корхонаҳои Русия аз соли нав аз ҳаққи истихдоми муҳоҷирони кории Туркия маҳрум карда шуданд.

Қаблан вазорати хориҷаи Русия эълон кард, ки аз 1 январ низоми равуои бидуни визаро барои шаҳрвандони Туркия аз байн мебарад.

Аммо рӯйхати нашршудаи маҳсулоти туркии таҳти эмбаргоро иқтисоддонҳо, аз ҷумла дар Русия, “муҷозот”-и назар ба интизорот сабуктари Анкара барои суқути ҳавопаймои русӣ арзёбӣ мекунанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Русия бо таҳрими маҳсулоти кишоварзии Туркия иктифо карда, ҳанӯз ба воридоти маҳсулоти либосаву пойфафзол, масолеҳи сохтмон ва дигар молҳои умдае, ки Туркия ба Русия содир мекард, даст назадааст.