Намояндаи расмии бахши нақлиёти Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки ду таъбири аслӣ, ки шояд сабаби суқути ҳавопаймо шудааст, бозрасӣ мешавад. Яке иштибоҳи халабонон ҳангоми идораи ҳавопаймо дар вазъи бади ҳаво ва дигарӣ нуқси фаннии ҳавопаймо.
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия имрӯз, шанбеи 19 март иттилоъ доданд, ки як ҳавопаймои навъи Боинг-737-и ширкати Fly Dubai ҳангоми фуруд омадан дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон дар ҷануби он кишвар, суқут кард, ки дар натиҷа ҳама 62 сарнишини он ба ҳалокат расиданд.
Мақомоти вазорати нақлиёти Русия чанд соат баъд аз ин ҳодиса эълон кардаанд, ки яке аз ду сандуқи сиёҳи ҳавопаймои Boeing 737-800 пайдо шудааст ва ҷустуҷӯи ҷаъба ё сандуқи дуввум идома дорад. Тибқи гузориши расонаҳои русӣ, ин ҳавопаймо бо 55 мусофир ва 7 узви ҳайати парвоз аз шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб озими шаҳри Ростови лаби Дон будааст.
Аксари мусофироне, ки дар ин ҳодиса ба ҳалокат расиданд, шаҳрвандони Русия будаанд. Хабаргузории ТАСС бо такя ба манобеи худ дар консулгарии Русия дар Дубай гуфтааст, ки дар миёни қурбониёни ин ҳодиса, се шаҳрванди Украина, як нафарӣ аз Узбакистон ва Ҳиндустон низ ҳастанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, ҳамаи 7 нафар аз ҳайати парвоз, ки шаҳрвандони Имороти Муттаҳидаи Имороти Муттаҳидаи Араб буданд, низ ба ҳалокат расидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номае ба унвони ҳамтои русаш Владимир Путин, дар робита ба ин ҳодиса барқияи тасаллият ирсол доштааст. Дар номаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст, ки “хабари садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон, ки боиси марги даҳҳо нафар одамон гардид, моро ба изтироб овард. Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русияи дӯст ҳамдардии амиқ изҳор медорам. Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам, ки ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад