Баъзе аз муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, нигарон ҳастанд, вале иддае дигар мутмаинанд, ки Русия ба нерӯи корӣ эҳтиёҷ дорад ва ин тасмим вазъро аз будаш бадтар мекунад. Русия бо Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақа низоми бераводид дорад.
Алексей Горовой, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, ҷорӣ кардани визаро муҳим хонд. "Аз нуқтаи назари пулисӣ, бекор кардани низоми бераводид – интихоби беҳтарине барои таъмини амнияти дохилии кишвар аст," – далел овард ӯ.
Горовой танҳо мансабдори Русия нест, ки дар бораи бастани роҳи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ лаб мекушояд. Сергей Миронов, раиси Ҳизби "Русияи одил", низ ба ҷонибдорӣ аз ин тасмим садо баланд кард. Бавижа бо Узбекистон. Хашмаш аз як муроҷиати консулгарии Узбекистон дар Қазон сарчашма мегирад.
"Аз узбекистониҳо даъват кардааст, ки дар сафи артиши Русия наҷанганд. Чаро даъват накард, ки "маткапитал" нагиред? Аз имтиёзҳои дигар истифода накунед? Ин мумкин аст! Аммо ҳифзи кишваре, ки туро мехӯронад, мумкин нест. Низоми раводид! Танҳо ҳамин. Ба чунин "шаҳрвандон" ниёз надорем," – изҳорот дод ӯ.
Ҳукумати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба даъватҳои сиёсатмадорони рус вокуниш накарданд. Баъзе аз вакилону фаъолони узбек дар паёмҳои ҷудогона ба Сергей Миронов ва дигарон посух додаанд.
Алишер Қодиров, ноиби раиси порлумон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ дар Узбекистон, рӯзи 20-уми октябр дар Телеграм навишт, "узбекҳо на бо куштани одамон, балки бо заҳмат пул кор мекунанд. Миронов, писарон ва домоду набераҳояш бояд аз Русия дифоъ кунанд. То ҷое медонам, русҳо низ ба мисли узбекҳо ҳимояи Ватанро вазифаи муқаддаси худ медонанд."
Наворро дар Инстаграм бинед:
Коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён эҳтимоли ҷорӣ шудани раводидро аз сӯйи Русия бисёр кам медонад. Ба бовари ӯ, аз ин кор манфиатҳои дарозмуддати Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ осеб хоҳанд дид.
Шералӣ Ризоён гуфт: "Чунин эҳтимол, албатта, ҳаст, вале ниҳоят поин. Шояд аз 1 дар сад ҳам паст бошад. Агар аз рӯйи манфиатҳои ҳаётан муҳим, роҳбурдӣ ва дарозмуддати Русия ба ин мавзуъ нигоҳ кунем, пас, аз байн бурдани низоми бераводид ба ҳадафҳои дарозмуддати ин кишвар таъсири ниҳоят манфӣ мерасонад. Аслан ба манфиати худи ин кишвар ҷавобгӯ нест."
Мусоҳиби мо афзуд, агар Русия бо кишварҳои пасошӯравӣ низоми раводид ҷорӣ кунад, пас, ин “туҳфаи беҳтарин”-и русҳо ба рақибони геополитикиашон дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз муҳоҷирон гуфтанд, дар сурати ҷорӣ шудани виза ба Аврупо ё кишварҳои дигари муҳоҷирпазир хоҳанд рафт. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия гуфт: "Ҳоло бисёриҳо ба Аврупо ҳаракат доранд. Ба Куриёи Ҷанубӣ мераванд. Мо ҳам маҷбур ба ҳамон тараф меравем. Бештар аз 20 сол аст, ки дар Русия муҳоҷир ҳастем. Ба ҷуз аз муҳоҷират кори дигарро намедонем."
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вурудро ба Русия наёфта, ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармонданд ва ё ихроҷ карда шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад