"Русал" - ширкати сармоядори рус Олег Дерипаска аз иҷрои боз як тарҳи дигаре дар Тоҷикистон даст кашидааст. Соли 2015 ширкати офшории "Русал Глобал Менеҷмент", ки марбут ба "Русал" аст, бо корхонаи давлатии "Хоҷагиии манзиливу коммуналӣ" аҳд карда буд, ки дар Тоҷикистон корхонаи васлу насби мошинҳои партовҷамъкунии тамғаи "ГАЗ"-ро бунёд мекунад.
Пешниҳоди дигар ба ҷои сохтмони корхона
Барои бунёди ин корхона қарор буд "Русал Глобал Менеҷмент" 3 миллион доллар ихтисос диҳад. Алимурод Исломзода, раиси Корхонаи давлатии манзиливу коммуналӣ, рӯзи 12-уми феврал гуфт, "Русал" барои бунёди ин корхона сармоягузорӣ накард ва бар иваз пешниҳод кард, Тоҷикистон аз ширкати ГАЗ мошинҳои партовкашониву коммуналӣ харад.
Дар дафтари матбуоти ширкати “Русал” гуфтанд, омӯзишҳои онҳо собит кард, ки талаботи бозори Тоҷикистон ба мошинҳои партовкашонӣ чандон зиёд нест.
"Чанд дафъа дар Палатаи савдои Русия дар Тоҷикистон бо намояндагони "Русал" вохӯрдем. То ҷое ба созиш расида будем, ки дар Тоҷикистон корхонаи васлу насби мошинҳои партовкашонӣ сохта шавад. Аммо онҳо ба ҷои сохтмони ин корхона, ба мо пешниҳод карданд, ки мошинҳои тайёрро аз Русия харем. Мо ба ин пешниҳод розӣ нашудем, чунки нархи мошинҳои Русия нисбат ба кишварҳои дигар гарон аст",-гуфт Исломзода.
Зимнан, ин барои бори аввал нест, ки "Русал" ваъдаи сармоягузорӣ ва сохтмони корхонаҳоро дар Тоҷикистон дода, дар асл ба аҳдаш вафо намекунад. Намунаи боризи чунин аҳдшикании "Русал" соли 2005-ум расонаӣ шуда буд. "Русал" он замон ваъдаи сармоягузории нерӯгоҳи "Роғун" ва сохтмони як корхонаи истеҳсоли алюминиюм дар Данғараро ба Тоҷикистон дода буд.
Русал Роғунро насохта буд
Ин ваъдаи "Русал" дар пайи гузашти Тоҷикистон дар мавриди муҷтамаи назорати кайҳонӣ дар Норак мавсум ба “Окно” ба Русия буд. Аммо "Русал" бо чанд иддао сармоягузорӣ ва сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро оғоз накард ва дар натиҷа Тоҷикистон ба таври якҷониба созишномаи сармоягузориро бо ин ширкати русӣ лағв намуд.
Дар дафтари матбуоти ширкати "Русал" рӯзи 13-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, омӯзишҳои онҳо собит кард, ки талаботи бозори Тоҷикистон ба мошинҳои партовкашонӣ чандон зиёд нест ва сармоягузорӣ дар як сохтмони корхонаи васлу насби чунин мошинҳо дар инҷо фоидаовар нахоҳад буд.
"Мехоҳанд, пули зиёд сарф накарда, фоидаи зиёд ба даст оранд"
Аммо коршиносон мегӯянд, сабаби худдории "Русал" аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дигар аст. Юрий Крупнов, иқтисоддони рус, ки чанд сол қабл сармоягузорони русро барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташвиқ мекард, гуфт, "сармоягузорон дар паҳнои пасошӯравӣ мехоҳанд маблағе сарф накарда, пули бисёр ба даст оранд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳо миёни бахши хусусӣ дар минтақа дучори бунбаст гаштааст".
Русия кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро минтақаи зери нуфузи худ мешуморад. Ҳарчанд дар арсаи ҳарбиву низомӣ мавқеи Русия қавӣ аст, аммо молу маҳсулоташ нуфузи худро дар бозорҳо аз даст медиҳад. Тоҷикистон ҳоло ҳангоми хариди молу маҳсулот аз формулаи “босифат ва арзонтар” кор мегирад ва дар хариди молу маҳсулоти марвиди ниёзаш худро танҳо бо маҳсулоти Русия маҳдуд намесозад.
Жигули бо Опел иваз шуд ва...
Дар як даҳсолаи охир чеҳраи роҳу нақлиёти Тоҷикистон, ки умдатан аз "Жигули" ва "Газел" ва мошинҳои боркашони "Камаз" иборат буд, ба куллӣ тағйир кард. Ронандаҳои мошинҳои сабукрав чанбараки “Лада 07”-ро ба Опел, мусофиркашонҳои "Газел"-ро ба "Старекс"-у "Месредес" ва "Камаз"-ро бо мошинҳои боркашони Чин иваз карданд.
Мисоли боризи чунин як рақобат ҳангоми хариди автобусҳои мусофиркашон дар шаҳри Душанбе охири моҳи гузашта бармало шуд. Ҳукумати шаҳри Душанбе аз азмаш ҷиҳати харидории автобусҳои нави мусофиркашон хабар дод ва чанде аз намояндагони ширкатҳои русӣ, аз ҷумла ширкати “ГАЗ” ва “ЛИАЗ” автобусҳои худро ба Тоҷикистон пешкаш карданд. Аммо интихоби шаҳри Душанбе билохира ба автобусҳои тамғаи Isuzu афтод, ки дар Туркия васлу насб мешавад.
Мақомоти шаҳри Душанбе дар шарҳи ин интихоб ҳам гуфта буданд, сабаб фарқ дар нархи автобусҳо аст. Қимати автобусҳои Русия беш аз 110 ҳазор буд, аммо шаҳрдории Душанбе 50 автобуси навъи ISUZU-ро аз Туркия бо қимати 90-ҳазордолларӣ харид.