Румӣ: Таҷовузи бародар ба номуси хоҳар

Маркази ноҳияи Румӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 20-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси хоҳари ноболиғаш дастгир шудааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 6 октябр дар сомонааш хабари боздошти як сокини 20-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси хоҳари ноболиғи 15-солаашро нашр кард. Хабари боздошти ин мардро дар сомонаи вазорати дохилаи Тоҷикистон дар гузориши умумие бо номи “Ҷиноятҳои ахлоқӣ” дар қатори хабари ду сокини Ҷилликӯл бо иттиҳоми латукӯб ва таҷовуз ба номуси як зани 23-сола дар ҳудуди заминҳои моҳипарварии ноҳия дар лаби дарёи Вахш ва шикояти як зани 22-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки гӯё дар манзилаш аз сӯи як марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия таҷовуз шудааст, нашр кардаанд.

Исми боздоштшуда зоҳиран ба далоили ахлоқӣ нашр нашудааст. Дар сомонаи вазорат ҷузъиёти зиёде дар бораи худи ин қазия ҳам оварда намешавад, ба ҷуз ин ки таҷовуз ба номуси хоҳари ноболиғаш аз сӯи ин мард, ки танҳо «сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ А.С. соли таваллудаш 1994» номаш мебаранд, ҳанӯз моҳи май сурат гирифтааст: «Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ А.С. соли таваллудаш 1994 бо гумони таҷовуз ба номус дастгир карда шуд. Муайян карда шуд, ки А.С. моҳи майи соли ҷорӣ аз набудани аъзоёни оилаашон истифода бурда, дар дохили оғилхонаашон бо тариқи зӯроварӣ ба номуси хоҳари ноболиғаш А.Г. соли таваллудаш 1999, ки дар ҳеҷ ҷо намехонад, таҷовуз кардааст.»

Акс аз сомонаи mvd.tj

Сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз моҳи июн, дар пайи оғози як маъракаи густардаи алайҳи танфурӯшон ва ҷиноятҳои ахлоқӣ, ки бо ташаббуси вазири уумури дохила Рамазон Раҳимзода оғоз ёфт, пайваста ва тақрибан ҳар рӯз гузорише дар бораи боздошти афрод бо гумони таҷовуз ба номус, зӯроварии ҷинсӣ, ё танфурӯшиву даллагӣ ваё дар бораи кашфи ягон фоҳишахона дар ин ё он минтақаи Тоҷикистон хабарҳо нашр мекунад.

Аммо ин дар чанд моҳи охир ин барои бори аввал аст, ки пулиси Тоҷикистон аз боздошти як нафар бо иттиҳоми инсест, яъне расидан ба номуси узви хонаводааш, хабар медиҳад. Инсест (зино бо маҳорим)-ро ҳамаи динҳои асосии дунё, аз ҷумла ҳам Ислому ҳам Масеҳият, гуноҳи кабира медонанд. Инсест аз калимаи лотинии incestus гирифта шуда, маънояш "гуноҳ", "ҷиноят" аст.

Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон инсест дар бахши ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба номус дар як банди алоҳида ҳамчун ҷинояти махсусан сангин зикр шудааст. Қазияи рухдода дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ғолибан ба банди «а»-и қисми сеюми моддаи 138-уми Кодекси ҷиноии ин кишвар(таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) тааллуқ мегирад. Ин банди қонун таҷовуз ба номуси хеши наздикро ҳолати вазнинкунанда маънидод карда, барои чунин навъи таҷовуз ба номус ва он ҳам бо роҳи зӯроварӣ ҷазои хеле шадид – аз 12 то 25 соли зиндон, ё ҳукми қатл ваё ҳабси умрбодро пешбинӣ мекунад.

Дар Тоҷикистон қазияҳои марбут ба инсест, яъне алоқаи ҷинсӣ байни аъзои як хонавода ваё таҷовуз ба номуси як узви хонавода аз сӯи узви дигараш, барои мисол, хоҳар аз тарафи бародарашро ба хотири бадном нашудани обрӯи ин хонавода маъмулан пинҳон мекунанд. Аммо дар соли 2010 як мақоми масъули ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар сӯҳбат бо хабаргузории «Фергананюс» дар бораи дастикам 5 мавриди бадрафториҳои ҷинсӣ дар байни хешу табори наздик сӯҳбат карда, вале гуфта буд, ин мавридҳо асосан байни амакбачаҳо ваё байни падарандару духтарандар сурат гирифтааст.

Маҳмадулло Холов

Дар моҳи феврали соли 2014 дар авҷи маъракаи ифшои бадахлоқиҳои муллоҳо, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯи даст гирифтаанд, тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон наворе аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нашр шуд, ки дар он Маҳмадулло Холови 63-соларо , ки “табиби мардумӣ” ва “узви ҲНИТ” муаррифӣ мешуд, ба инсест айбдор карданд. Гуфта мешуд, ки ӯ бо истифода аз “сеансҳои табобатӣ” ва васоили мадҳушкунанда ибтидо ба номуси духтарандари 17-солааш Мадина таҷовуз карда, баъди ҳомила шудани ӯ борҳо ба номуси духтарандари 13-солааш Рухшона таҷовуз кардааст.

Ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) узваш будани ин мардро рад кард. Маҳмадулло Холов, ки ба 21 соли зиндон маҳкум шуд, моҳи май дар боздоштгоҳи Хуҷанд даргузашт. Мақомот иллати марги ӯро маризии қалб хонданд.

Олимҷон Саидолимов, сардори боздоштгоҳи дуюми Хуҷанд баъдан дар шарҳи марги Холов ба хабаргузории TojNews гуфт: «Шахсан бо ин боздоштшуда се чор маротиба сӯҳбат кардаам. Ҳолати рӯҳияш хеле шадид буд ва хеле гиря мекарду месӯхт. Шабу рӯз гиря мекард, ки «ман шармандаам. Ман гумроҳ шудам, Худованд маро кӯр кард, мегуфт. Мо дилбардорӣ мекардем, ки тавба кун аз кардаҳоят. Шабона бисёр гиря мекард, ки чаро ман чунин кор кардам? Диққии зиёд ба кори дилаш зарар расонида ва дар ниҳоят ба ҳалокат расид…»