Қурби пули русӣ поин рафт. Мақомот "дилбардорӣ" мекунанд

Элвира Набиуллина, раиси Бонки марказии Русия

Дар пайи таҳримҳои нави Амрико, қурби рубли русӣ рӯзи дувум аст, ки коҳиш меёбад. Дар ин шароит, Бонки марказӣ ва мақомоти дигари Русия талош доранд, сармоягузорони ширкатҳои русиро ором кунанд.

Ончи рӯзи ҷумъа рух дод, бешубҳа вазъи бозорро таҳрир мекунад ва мо шоҳиди ин таҳаввулот ҳастем. Мисли ҳамеша дар чунин ҳолатҳо бозор дар рӯзҳои аввал тағйирёбанда мешавад

Субҳи 10-уми апрел қурби рубл 4,5 дарсад арзиши худро аз даст дод. Аз моҳи декабри соли 2016 бори нахуст як доллари амрикоӣ каме беш аз 63 ва як евро 78 рубли русиро ташкил дод. Дар пайи таҳримҳои пешинаи Ғарб ва поинравии арзиши нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ, арзиши рубл дар се-чаҳор соли пеш ҳам уфт карда буд.

"Як ҳолати номуайянӣ ба вуҷуд омадааст"

Дар беш аз се соли охир арзиши саҳоми ширкатҳои аслии русӣ дар бозор ҳам коҳиш ёфт. Муовини нахуствазири Русия Аркадий Дворкович эътироф кард, ки рӯзи 6-уми апрел, дар пайи эълони таҳримҳои нави Вазорати молияи Амрико, дар миёни сармоягузорон як ҳолати “номуайянӣ” ба вуҷуд омадааст. Таҳримҳои Амрико беш аз бист олигарх ё сарватманд, ширкат, мақомот ва чеҳраҳои сиёсиро дар бар гирифт, ки ба президент Владимир Путин наздик ҳастанд.

Вазири молияи Амрико гуфт, Путин ба хотири амалҳои харобкоронааш дар саҳнаи ҷаҳонӣ муҷозот мешавад. Дворкович дар ҷараёни як нишасти иқтисодӣ дар Маскав гуфт: "Ҳоло пеш аз ҳама бояд номуайянӣ дар бозор коҳиш дода шавад ва кори ширкатҳои мавриди таҳрим муътадил гардад. Дар ин корхонаҳо садҳову ҳазорҳо нафар кор мекунанд ва агар лозим шавад, барои таъмини кори муътадили онҳо кумак мекунем”. Вале Дворкович нагуфт, ки чунин ёрӣ аз кадом роҳ сурат мегирад.

Раиси Бонки марказӣ: “Ҳеч хатар таҳдид намекунад”

Аммо ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт, "нархи саҳом масъалаи дуюм аст". Бо ин изҳороташ муовини нахуствазири Русия ба мардум паём дод, ки некӯаҳволии сокинони оддӣ барои ҳукумат муҳимтар аз арзиши саҳоми ширкатҳоест, ки ба сарватмандони кишвар рабт мегиранд.

Дар ҳамин форуми иқтисодӣ раиси Бонки марказӣ Элвира Набиуллина гуфт, ба эътидоли молии Русия ҳоло “ҳеч хатар таҳдид намекунад” ва бонк имкониятҳои васеъ дорад, ки ба паёмадҳои таҳримҳо посухгӯ шавад. Ӯ гуфт, ин таҳримҳо зиёд давом намекунад.

Аркадий Дворкович

“Он чи ки рӯзи ҷумъа рух дод (ҷорӣ шудани таҳримҳои нав аз ҷониби Амрико), бешубҳа вазъи бозорро таҳрир мекунад ва мо шоҳиди ин таҳаввулот ҳастем. Мисли ҳамеша дар чунин ҳолатҳо, бозор дар рӯзҳои аввал тағйирёбанда мешавад”, - гуфт Набиуллина. Вай афзуд, “барои мутобиқ шудани бахши молияи иқтисод ба шароити беруна каме фурсат зарур аст”.

Аз Дерипаска то Патрушев

Дар ҳамин ҳол, Амрико гуфтааст, ба хотири дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад шуд.

Дар миёни шахсиятҳои таҳримшуда сарватманди маъруф Олег Дерипаска ҳам ҳаст, ки рӯзи 6-уми апрел саҳомаш арзишашро аз даст дод. Инчунин, Алексей Миллер, раҳбари ширкати нафтии Газпром, Виктор Золотов, раҳбари Росгвардия ва собиқ муҳофизи Путин ва инчунин Николай Патрушев, раиси шӯрои амнияти Русия дар феҳристи 24 шахсу ширкатҳои таҳримшуда ворид шудаанд.

Таҳримҳои нав дар фурсати камтар аз як моҳи баъди интихоботи президентии Русия ҷорӣ шуд. Путин дар интихоботи рӯзи 18-уми марти имсол пирӯзӣ ба даст овард ва қарор аст боз 6 соли оянда дар сари қудрат бимонад. Вай ваъда додааст, ки шароити зиндагии мардумро беҳтар мекунад.