30-уми октябри соли 2000 дар Тоҷикистон пули миллии сомонӣ ба гардиш баромад, ки давоми бист сол қурби он тақрибан панҷ маротиба коҳиш ёфтааст.
Бо ин вуҷуд, коршиносон мегӯянд, ки дар муқоиса бо кишварҳои дигари пасошӯравӣ қурби сомонӣ устувортар аст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 26‑уми октябри соли 2000‑ум бо судури қароре аз нашри нави пули миллӣ хабар дод.
Дар қарор гуфта шудааст, ки “воҳиди нави пули миллӣ-“сомонӣ” ба ифтихори Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори нахустин давлати тоҷикон номгузорӣ шудааст.
Он замон пулҳои миллӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва дирамҳо бо арзиши номиналии 1, 5, 20, 50 тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилот бароварда шуд, ки дар онҳо расми чеҳраҳои таърихии халқи тоҷик ва ёдгориҳои меъмории Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
Соҳибназарон мегӯянд, Тоҷикистон ҳафт сол пас аз касби истиқлоли давлатӣ ва аз ҳама дертар, нисбат ба дигар кишварҳои шӯравӣ, пули миллӣ нашр кард. Дар байни фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва пайдо шудани сомонӣ фосилае пеш омад, ки ба иқтисоди Тоҷикистон на камтар аз осеби ҷанги шаҳрвандӣ зиён овард.
Аммо Шариф Раҳимзода, мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳо ва дар гузашта раиси Бонки миллӣ, ки дар саргаҳи зода шудани сомонӣ қарор доштааст, мегӯяд, рубле, ки то нашри пулҳои сомонӣ дар гардиш буд, пули миллӣ ҳисоб мешуд.
“Соли 2000-ум мо пули нав набаровардем, мо танҳо нишонаҳои пулиро иваз кардем. Пули миллӣ 10-уми майи соли 1995 ба муомилот бароварда шуда буд. Азбаскӣ, номаш тоҷикӣ набуд, президенти кишвар супориш доданд, ки пули миллиро бо чеҳраҳои миллӣ ва дизайни нав омода созем. Дар асл, ин пули нав набуд, ин пул бо нишонаҳои нав буд”,‑ гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бештаре аз соҳибназарон мегӯянд, ки қурби сомонӣ дар муқобили доллари амрикоӣ дар муқоиса бо арзи кишварҳои дигари пасошӯравӣ бештар қавӣ аст. Ҳарчанд, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, агар дар замони ба муомилот баромадани сомонӣ қурби он дар муқобили доллар 2 сомониву 20 дирам бошад, имрӯз қурби он 1 сомониву 33 дирам, яъне, тақрибан панҷ маротиба пойинтар шудааст. Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории “Азия Плюс” дар шарҳи ин мавзӯъ мегӯяд, ки ин мушкил ба камбуди доллар дар бозори Тоҷикистон марбут аст.
“Солҳои пеш Бонки миллӣ ба ҳуҷум ё ба истилоҳ “интервенсияи” бозори сомонӣ машғул мешуд ва ҳамвора миқдори зиёди доллари амрикоиро барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ ба бозор мерехт. Ҳоло чунин имконияти Бонки миллӣ маҳдудтар шудааст. Зеро, ба далели пандемияи COVID-19, воридоти доллар ба иқтисоди Тоҷикистон низ камтар шудааст”,‑гуфт ӯ.
Бо ин вуҷуд, чунин тасаввуре вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон пули миллии худро дертар аз ҷамоҳири дигари шӯравӣ ба муомилот баровард, ки боиси кундии пешрафти иқтисодӣ дар кишвар шудааст. Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки Тоҷикистон дар солҳои нахустини касби истиқлолият худро дар ҳавзаи пули шӯравии “рубл” ҳифз карда буд.
“Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки кишвар дар ҳавзаи пулии “рубли” Русия боқӣ мемонад. Дар бозори Тоҷикистон пули русӣ ба гардиш баромад, аммо Москва пули навро ба муомилот баровард ва тамоми пули ба истилоҳ “деревянний” вориди Тоҷикистон шуда, дар мағоза маҳсулоте боқӣ намонд. Иқтисоди заифи Тоҷикистон зарбаи сахт дид ва сипас кишвар ночор ба муомилоти пули миллӣ маҷбур шуд”,‑гуфт ӯ.
То соли 1992 Тоҷикистон як ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ин иттиҳод пули ягона дошт. Пас аз пошхӯрии шӯравӣ ва то соли 2000‑ум, яъне нашри пули миллии сомонӣ, Тоҷикистон пули монанд ба рубли русиро истифода мекард.