RSF аз Тоҷикистон хост, ҷарима барои нашри хабарҳои "носаҳеҳ"-ро бекор кунад

Жанна Кавелие, раҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), қароргоҳаш дар Париж, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирусро дар Тоҷикистон маҳкум кард.

Жанна Кавелие, раҳбари бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмон, рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин муҷозот "ба озодии иттилоъ осеб мерасонад". Кавелие афзуд, "шарҳи норӯшани он метавонад барои поймол шудани ҳуқуқи журналистон барқасдона истифода шавад".

Чӣ рост аст ва чӣ дурӯғ?

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июн ба Кодекси ҷинояӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид кард. Дар баробари таъйини ҷазо барои сироят кардани дигарон ва надоштани ниқоби тиббӣ, барои пахши ахбори ғалат дар бораи бемории ҳамагир дар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ аз 580 то 11600 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.

Тасмими Маҷлиси Намояндагон мояи интиқоди бархе аз журналистон шуд. Жанна Кавелие мегӯяд, бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ "сохтори давлатӣ ҳеч гоҳ ҳақ надорад, ҳукм кунад, ки чӣ рост аст ва чӣ дурӯғ."

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ин бандро аз қонун берун кунад, чун, ба гуфтааш, метавонад боиси суистифода ва сензура шавад.

Намояндагони мақомот мегӯянд, ҳадаф аз таъйини ҷарима маҳдудияти озодии баён ва ё зарба задан ба матбуоти мустақил нест. Равшан Раҷабзода, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, дар маҷмуъ гуфт, "мақсад ҷазо додани шаҳрвандон нест. Ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст ва ҳукумати Тоҷикистон чунин меъёрҳоро пешниҳод карда истодааст, ҳадаф пешгирӣ аст."

Ихтилофи рақамҳо

Дар ҷаласаи порлумон шарҳ дода нашуд, ки далели ҷорӣ кардани ҷарима барои иттилоърасонӣ дар бораи коронавируси нав чист, вале як нафари огоҳ аз масъала гуфт, "мехоҳанд, нашри хабарҳоро дар бораи гирифторон ва қурбониёни бемории ҳамагир контрол кунанд."

Аз замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, дар баробари омори расмӣ феҳрасти алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш вуҷуд дорад. Агар бино ба омори расмӣ аз бемории ҳамагир 49 кас фавтидаанд, дар рӯйхати ғайрирасмӣ номи беш аз чаҳорсад касро навиштаанд.

Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъд аз имзои раиси ҷумҳур ва нашраш дар матбуоти давлатӣ мавриди иҷро қарор мегирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Барои надоштани ниқоб ҷарима таъин шуд, барои паҳн кардани беморӣ – аз 2 то 5 соли зиндон

"Номи қурбониёни коронавирусро ошкор кунед"

Умед Бобохонов, раҳбари медиа-ҳолдинги "Азия-Плюс", дар матлабе пурсидааст, ки "то куҷо Вазорати беҳдошт ва ниҳодҳои дигари давлатӣ аз рӯи қонун барои паҳн кардани хабарҳои носаҳеҳ ва дурӯғин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?"

Вай рӯзи 11-уми июн дар матлабе навишт, "пеш аз ҷорӣ кардани ҷазоҳо ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод дорам, ному насаби 49 нафари аз коронавирус фавтидаро нашр намояд... Дар сурати ғайр, лоиҳаи қонуни мазкур бештар на ба ғамхорӣ ба ҷомеа, балки ба кӯшиши муҳри хомӯшӣ задан ба даҳони рӯзноманигорон ва мардуми одӣ монандӣ хоҳад дошт."

Тасмими баҳсбарангези порлумон дар заминаи ҷорӣ кардани ҷарима дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон барои таъхир дар бархӯрд ва пешгирии пандемияи коронавирус мавриди интиқод қарор гирифтанд. Бо вуҷуди ин ки матбуоти мустақил аз аввали апрел аз эҳтимоли ба кишвар роҳ ёфтани коронавируси нав ва гирифториву марги аввалин беморон дар Суғд хабар дод, мақомот то 30-юми апрел ин хабарҳоро рад ва хабарнигоронро дар пахши хабарҳои дурӯғ айбдор мекарданд.

Вазорат моҳи апрел ҳушдор дода буд

Дар як изҳороташ рӯзи 23-юми апрел вазорати беҳдошт гуфт, "ҳар расона, афроди алоҳида ва хабарнигореро, ки маълумоти носанҷидаву бардурӯғро дар байни аҳолӣ оид ба пайдоиш ва ё хуруҷи коронавирус паҳн менамояд, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорад".

Мақомот танҳо дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон маҷбур шуданд, эътироф кунанд, ки чунин мавридҳо вуҷуд дорад. Мунтақидон мегӯянд, агар мақомот дар Тоҷикистон сари вақт вуҷуди коронавирусро эътироф ва аз пайи татбиқи чораҳои пешгирӣ мешуданд, афроди зиёдеро наҷот додан мумкин буд.

Раиси Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон мегӯяд, тасмими ахири порлумон барои ҷорӣ кардани ҷарима барои "нашри хабари ғалат дар бораи бемории ҳамагир" мухолифи ҳаққи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоъ мебошад.

"Ин мубориза бо беморӣ ва пайомадҳои он нест"

Наргис Қосимова мегӯяд, "метарсам, ки иловаҳо дар заминаи ҷорӣ кардани ҷарима барои паҳн кардани хабарҳои носаҳеҳ ва ғайривоқеӣ дар бораи пандемия дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Интернет, оғози ҳар навъ монеаҳо мешавад, ки ба озодии иттило рабт мегирад". Қосимова ба Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн гуфт, "ин мубориза бо COVID-19 ва пайомадҳои он нест, балки бо ҳуқуқи мо ба иттилоъ, имкони табодули он ва хоҳиши донистани хабари бештар аст”. Наргис Қосимова гуфт, ба андешаи ӯ ин иқдом дар оянда метавонад заминагузори тасмимҳои дигари ҳамсон шавад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқи журналистон ва ҷомеаи Тоҷикистонро аз дастрасӣ ба иттилоъ қаблан мақомоти аврупоӣ ҳам интиқод карда буданд. Дар изҳороти рӯзи 5-уми майи намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аврупоӣ нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони тоҷик ба вижа дар марҳилаи пандемияи COVID-19 таъкид шуда буд. Дар изҳорот гуфта шуд, "дар замони номуайянӣ дастрасӣ ба иттилои боэътимод ва воқеӣ муҳим аст ва пандемияи ҷаҳонии COVID-19 бори дигар собит кард, ки иттилои саривақтӣ ва дақиқ метавонад ҷони инсонҳоро наҷот диҳад".

Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир барои фишор ба хабарнигорону матбуоти мустақил бисёр танқид мешавад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), моҳи апрел дар шохиси нави озодии матбуот дар ҷаҳон Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, дар мақоми 161-ум ҷой дод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!