Дар изҳороте, ки рӯзи 29 апрел нашр шуд, гуфта мешавад, ки вебсайти хабарии “Азия-Плюс” дар давоми панҷ моҳи охир дастнорас буда, пойгоҳҳои дигари хабарӣ ҳам муддатҳои тӯлонӣ мавриди сензура қарор мегиранд. Дар ин изҳорот, аз ҷумла, омадааст, ки давоми солиёни дароз вебсайти “Азия-Плюс” пайваста сензура шуда, ин навбат шурӯъ аз 29 ноябри соли 2018 комилан дастнорас шудааст.
Аз масдудкунии вебсайтҳо ҳеҷ касе фоида намебинад. Мо аз мақомот даъват мекунем, ки дастрасӣ ба вебсайтҳои пештозро имконпазир кунанд ва мисле, ки чанде пеш нархи афзудаи интернетро бекор карданд, ҳамингуна як иқдоме анҷом диҳанд
“Мисли ҳамеша, дархостҳои оҷонсӣ аз мақомот барои шарҳи вазъи баамаломада беҷавоб мемонад ва айни замон, мақомот вуҷуди ҳама гуна сензураро рад карда баҳона мекунанд, ки “мушкилоти фаннӣ” ба вуҷуд омадааст”, - гуфта мешавад дар изҳороти созмонҳои ҳомии матбуот.
Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ мегӯяд, “Хадамоти алоқаи марбут ба ҳукумат вебсайтҳои хабариро ба таври ғайриқонунӣ ва бо ихтиёри худ масдуд мекунад”. “Мо аз ҳукумат тақозо мекунем, ки ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам ӯҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар масоили озодӣ барои дарёфти иттилоъро эҳтиром кунанд. Тасмимҳои беандешона рӯҳияи эътирозии ҷомеаро афзоиш медиҳад”, - гуфтааст Қаршибоев.
Раҳбари оҷонсии “Азия-Плюс” Умед Бобохонов гуфтааст, ки дар соли гузашта вебсайти ин расона чандин бор ба муддати аз чанд рӯз то чанд моҳ масдуд мешуд, вале ин навбат, эҳтимолан, сабаби масдудшавӣ дар мавқеи идораи оҷонсӣ аст, ки аз нашри чанд мақолаи омодакардаи ҳукумат даст кашидааст.
Йоҳанн Бир, мудири барномаҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони бидуни марз дар шаҳри Париж рӯзи 29 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “сензураи Интернет боиси афзоиши овозаву хабарҳои носанҷида ва ҳам болоравии нуфузи расонаҳои русӣ дар Тоҷикистон мешавад. Аз масдудкунии вебсайтҳо ҳеҷ касе фоида намебинад. Мо аз мақомот даъват мекунем, ки дастрасӣ ба вебсайтҳои пештозро имконпазир кунанд ва мисле, ки чанде пеш нархи афзудаи интернетро бекор карданд, ҳамингуна як иқдоме анҷом диҳанд”.
Ба иттилои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар қаламрави Тоҷикистон чандин сол аст, ки дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарии Фергана ва Ахбор комилан номумкин буда, бархе дигар вебсайтҳо пайваста маҳдуд мешаванд. “Дар сурати зарурӣ хадамоти интернетии Google ва YouTube ҳам масдуд мешаванд”, омадааст дар изҳорот.
Йоҳанн Бир гуфт, ки сензураи Интернет дар Тоҷикистон боиси поинравии нишондодҳои Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии озодии матбуот шудааст. Ӯ гуфт: “Тоҷикистон соли 2019 боз 12 зина поин фаромад. Ин натиҷаи афзоиши фишори ҳукумат болои матбуоти интернетӣ дар Тоҷикистон аст”.
Соли ҷорӣ Тоҷикистон аз миёни 180 кишвар дар мақоми 161-ум қарор гирифт. Ба гуфтаи Бир, дар Тоҷикистон фишор болои матбуот то рафт бештар шуда, дар Осиёи Марказӣ ин кишвар яке аз ду кишвари бадтарин, ваё ба қавли ӯ “сиёҳтарин дар харитаи озодии матбуот” номида мешавад. Ба гуфтаи ӯ, журналистони расонаҳои мустақил мавриди фишор буда, ҳар сари чанд вақт барои нашри ин ё он матолиб ваё ба хотири маҳдуд кардани онҳо дар чопи матолиби танқидӣ мавриди фишор қарор мегиранд. Журналистони зиёд дар солҳои охир тарки касб ва ё кишвар кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қаршибоев: Вазъи озодии матбуот буҳронист, аммо ноумедкунанда нест