Мизигирди радиои Озодӣ: “Тоҷикистони нав” чӣ рисолате анҷом хоҳад дод?

Ҳафт моҳ пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби нави сиёсӣ арзи ҳастӣ кард, ки иддао дорад, бо ислоҳи вазъи иқтисодии кишвар машғул шавад.
Соҳибкори муваффақ Зайд Саидов ахиран эълон кард, ки ҳамроҳ бо муттафиқонаш ҳизби “Тоҷикистони нав”-ро таъсис хоҳад дод. Дар сурати сабтиноми расмии ин ҳизб, дар қатори ҳашт ҳизби дигари сиёсии Тоҷикистон ҳақ хоҳад дошт, ки номзади худро дар интихоботи раёсатҷумҳурии тирамоҳи имсол пешбарӣ кунад. Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ки барои ислоҳи вазъи иқтисодии кишвар кишвар талош хоҳанд кард.

То куҷо ин ҳизб як нирӯи мустақили сиёсӣ аст ва манфиатҳои кадом бахши ҷомеаи Тоҷикистонро ҳимоят мекунад? Рисолати аслии ин ҳизб аз чӣ иборат мешавад? Ин ва дигар саволҳо қарор аст рӯзи панҷшанбе, 11 апрел, дар Мизигирди сайти интернетии радиои Озодӣ матраҳ шавад.


Ширкатдорони ин баҳс – раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов ва муовини аввали раиси ҲНИТ ва узви Маҷлиси намояндагон Сайидумар Ҳусайнӣ мебошанд. Гардонандаи сӯҳбат Искандари Хоҷамирзода аст.


Хонандагони мӯҳтарам, шумо метавонед саволу андешаҳои худро роҷеъ ба ин мавзӯъ аз ҳоло ба радиои Озодӣ ирсол кунед ва ё ба мо занг занед. Шумораҳои мо:


Дар Душанбе: 988 65 94 63 988 65 94 64 985 63 83 56
Дар Прага: (420) 725 03 79 43