Дар нишасти Алмаато дар моҳи феврал амнияти сарбанд ва мудирияти захираҳои оби минтақа баҳс мешавад.
Рӯзи 12 феврал дар нишасти намояндагони ҷомеаи мадании панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато ҷанбаҳои гуногуни амнияти сарбанди Роғун ва мудирияти захираҳои об дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Солҳои ахир ҷанҷоли кишварҳои минтақа бар сари ин захираҳо авҷ гирифтааст. Як намояндаи дафтари матбуоти намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин мулоқот “гузоришҳои муқаддамотии мушовирон баррасӣ мешаванд”. Матни ин гузоришҳо аз ҳоло дар торнамои Бонки Ҷаҳонӣ дастрас ҳастанд .http://web.worldbank.org/WBSITE/EXTERNAL/EXTRUSSIANHOME/EXTRUSSIANCOUNTRIES/ECAINRUSSIANEXT/0,,contentMDK:22904739~pagePK:146736~piPK:226340~theSitePK:488750,00.html
Қарор аст намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон, Узбакистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон дар бораи натиҷаҳои пажӯҳиш ба раҳбарии консорсуми Coyne and Bellie сӯҳбат кунанд, ки хосиятҳои ҳавзаи рӯдхонаи Вахш, маҷрои об ба маҳалли нерӯгоҳ, эҳтимоли омадани сел ва таъсироти тағйирёбии иқлим ба нерӯгоҳро таҳлил кардааст. Coyne and Bellie як ширкати муҳандисии фаронсавӣ аст, ки тарҳрезии иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳу нақбу сарбандҳо як бахши кори он мебошад. Мавзӯи дигари сӯҳбати Алмаато баландии сарбанд аст, ки Тоҷикистон онро ба андозаи 335 метр пешбинӣ карда, вале бо мухолифати шадиди ҳамсоякишвари Ӯзбакистон рӯбарӯ шудааст.
Дигар пажӯҳиши Coyne and Bellier, ки натиҷаҳои пешакии он дар торнамои Бонки Ҷаҳонӣ нашр ва дар ихтиёри намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳои Осиёи Марказӣ вогузор шудааст, пажӯҳиши геологии маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст, ки ба гуфтаи давлати Ӯзбакистон дар як маҳалли хатарноке сохта мешавад, ки “пайваста меларзад.”
Аммо дар натиҷаҳои муқаддамотии Coyne and Bellier омадааст, ки “бо вуҷуди рахнаҳо ва хатари лағшиши хок”, маҳалли мазкур барои сохтмони Роғун мувофиқ аст ва дар ҷараёни иҷрои тарҳ метавон, бо чорабиниҳои изофӣ паёмадҳои лағшиши хок дар маҳалли нерӯгоҳро камтар кард. Мутахассисони Тоҷикистон дар нишасти дуввуми намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар бораи Роғун гуфтаанд, ки таърихи заминларзаҳоро дар ин маҳал “ҳанӯз аз соли 1490 омӯхтаанд” ва мушоҳидаҳо нишон додааст, ки тайи 120 соли ахир заминларзаҳое, ки дар инҷо ба вуқӯъ пайвастаанд, на бештар аз 6 дараҷа будааст. Бо вуҷуди ин нерӯгоҳи Роғун тавре сохта мешавад, ки ба заминларзаи 9 дараҷаӣ тоб меорад.
Баъди таҳқиқи омори 76 соли ахир мутахассисони Coyne and Bellier ба ин хулоса расидаанд, ки “маҷрои миёнаи оби Вахш ба маҳалли нерӯгоҳ дар дарозмуддат, ки барои сохтмони нерӯгоҳ ва тавлиди нерӯи барқ пешбинӣ шудааст, қобили қабул аст”. Аммо ҳамзамон бо назардошти гармоиши курраи Замин, ки ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон ва сарчашмаҳои об дар Осиёи Марказиро кам мекунанд, мутахассисони байналмилалӣ тавсия додаанд, ки дар сохтмони Роғун, масъалаи мутобиқшавӣ ба гармоиши курраи Замин ба инобат гирифта шавад.
Тоҷикистон, ки ҳар фасли сармо мӯҳтоҷи нерӯи барқ мешавад, бунёди нерӯгоҳи Роғунро ягона роҳи халосӣ аз бебарқӣ медонад. Аммо кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбакистон мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун бо тавоноии 3600 мегават, киштзорҳои кишварҳои поёноб оби кофӣ нахоҳанд дошт. Бо азсар гирифтани бунёди нерӯгоҳи Роғун муносиботи Тоҷикистону Узбакистон тира шудааст. Бастани роҳҳои транзитӣ ба самти Тоҷикистон, ба минбарҳои байналмилалӣ кашидани масъалаи Роғун, қатъи пайвастаи интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистон танҳо аз чанд мушкили мавҷуд дар байни ду кишвар аст.
Пажӯҳишҳои таъсироти зистмуҳитиву иқтисодии Роғун барои Тоҷикистону минтақа бо пофишориҳои кишварҳои поёноб ва бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ сурат мегирад, ки аз Тоҷикистон хостааст, то замони анҷоми пажӯҳишҳо маҷрои Вахшро набандад ва сохтмони асосиро идома надиҳад. Натиҷаҳои пешакии арзёбиҳои муҳити зист ва тарҳи фанниву иқтисодии нерӯгоҳ нимаи дуввуми соли 2013 нашр хоҳад шуд.