Роҳсозони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ дар як нишаст дар шаҳри Душанбе хостанд, ки сохтмон ва таҷдиди роҳҳо ҷиддӣ назорат шавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои ахир барои сохтмон ва азнавсозии роҳҳои кишвар ҳазорҳо доллар харҷ кардаанд, аммо бархе аз ронандаҳо аз ноҳамворӣ ва вайронии роҳҳо шикоят доранд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Роҳҳои мо ҳам лаб-лаби дарё, аз теппаву ағбаҳо мегузаранд ва барои ҳамин зуд хароб мешавандАловиддин Иноятшоев
Дар ҷаласаи рӯзи 10-уми ноябр дар Душанбе гуфта шуд, ба сабаби набудани шеваи назорати сохтмон роҳ ва навсозии он то анҷоми муҳлати истифода роҳҳо вайрону валангор мешаванд. Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт гуфт, “фикр мекунам, имрӯз қонунҳои соҳаи нақлиёти кишварҳои узви созмон аз якдигар фарқи зиёде надорад. Аммо баъзе кишварҳо аллакай дар сохтмони роҳҳо технологияҳои навро ворид кардаанд.”
Таъсиси озмоишгоҳҳо бо техникаи муосир дар соҳаи роҳсозӣ аз масъалаҳои меҳварӣ дар Анҷумани роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд. Ба анҷуман масъулони сохтмону нигоҳдории роҳҳои кишварҳо ва инчунин намояндагони ширкатҳои сохтмони роҳ низ даъват шуданд. Ширкатҳо бештар аз дастовардҳои нави технологӣ дар соҳаи роҳсозӣ ҳарф заданд. Онҳо гуфтанд, ки низоми нави муҳандисӣ имкон медиҳад, даҳсолаҳо аз роҳҳои сохташуда истифода кард.
70 дарсади роҳҳои Тоҷикистон аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад. Бахусус, дар мавсими боронӣ ва сармо бо фаромадани селу тарма онҳо тез-тез вайрон мешаванд. Яке аз чунин ҳодисаҳо фурӯравии 60 километр роҳи Айнӣ-Панҷакент буд, ки якуним соли пеш сохтмонаш анҷом шуда буд. Ҳамчунин тобистони ҳамин сол бар асари омадани сел як қисми роҳи байналмиллаии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма хароб шуд ва чанд рӯз вилояти мухтори Бадахшонро аз марказ ҷудо кард.
Аловиддин Иноятшоев, сардори раёсати роҳҳои автомобилгарди Вазорати нақлиёт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон, ки дар минтақаи ҷуғрофии осебпазир қарор дорад, ба харобшавии роҳҳо бештар рӯбарӯ мебошад. “Роҳҳои мо ҳам лаб-лаби дарё, аз теппаву ағбаҳо мегузаранд ва барои ҳамин зуд хароб мешаванд”, - афзуд ӯ.
На ҳамеша боиси валангор шудани роҳҳо офатҳои табиӣ мешаванд. Баъзан роҳҳо бинобар бесифат сохтанашон то мӯҳлати истифода намепоянд. Кам ҳолатҳое мешавад, ки мақомот бесифат сохтани роҳҳоро эътироф кунанд. Аловиддин Иноятшоев гуфт, “сабаби дигар мошинҳои гаронвазнанд, ки роҳҳои мо ба бори онҳо тоб оварда наметавонанд.”
Ахиран Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагон ҳам гуфта буд, бо дар назардошти онки роҳҳо бо маблағи калон сохта ё аз навсозӣ мешавад, ниҳоди масъул бояд онро назорат кунад ва ҷавобгар бошад.
Тоҷикистон ду сол пеш дар раддабандии сифати роҳҳо, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) таҳия кардааст, аз миёни 144 кишвари дунё дар мақоми 98 ҷо гирифта буд. Мақомоти ин созмон гуфтанд, ки роҳҳои Тоҷикистон бо дарёфти 3,2 хол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пештар аз Қазоқистон (ҷойи 117-ум бо 2,7 хол) ва Қирғизистон (133-юм бо 2,5 хол) қарор дорад. Дар сархати раддабандӣ Фаронса ва Амороти Муттаҳидаи Араб нишаста буданд, ки ба иттилои WEF соҳиби шашуним имтиёзӣ ҳастанд.