Мақомоти тафтишотӣ комиссиюни махсусеро таъсис дода, барои таҳқиқи ҳодисаи куштори зиндонӣ дар маҳбаси мардонаи ноҳияи Ваҳдат сафарбар карданд.
Мақомоти тафтишотӣ комиссиюни махсусеро таъсис дода, барои таҳқиқи ҳодисаи куштори зиндонӣ дар маҳбаси мардонаи ноҳияи Ваҳдат сафарбар карданд. Ба ин комиссиюн намояндагони додситонӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия ва дигар сохторҳо шомил шудаанд. Дар Раёсати муассисаҳои ислоҳотӣ ба радиои Озодӣ ҳодисаи марги зиндонӣ Ромиш Олимовро дар натиҷаи задухӯрди маҳбусон тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки феълан сабаби сар задани моҷаро ва ҷузъиёти дигар маълум нест. Ба тамоми саволҳо бояд ҳайати комиссиюни вижа посух диҳад. Зимнан, раиси ин муассиса Иззатулло Шарифов дар сафари хизматӣ буда, ҳафтаи оянда сари кор бармегаштааст.
Ҳалокати "Рамеш" дар задухӯрди маҳбусон барои мақоми "пахани зона"
Наздикони Ромиш Олимов, маҳбусе, ки рӯзи 30-уми апрел дар задухӯрди миёни маҳбусон дар зиндони рақами 2, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат ба ҳалокат расид, мегӯянд, бадани ӯ пур аз захм буд ва дасту пояш ҳам - шикаста.
Зулфия Олимова, хоҳари ин маҳбус рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз мӯҳлати ҷазои бародараш се моҳи дигар монда буд ва ӯ, ки пас аз марги нобаҳангоми модар Ромишро ба воя расондааст, мехост моҳи сентябр бародарашро хонадор кунад.
Дар бораи ҷузъиёти кашокаш дар маҳбас хонум Олимова гуфт: «Ман бо рафиқонаш тамос гирифтам. Гуфтанд, ки аввал бехабар дар паси сараш задаанд. Баъдан дасту пояшро шикастаанд. Ҳайронам, ки чаро ҷанги онҳоро касе надидааст? Чӣ гуна маҳбас аст, ки касе надид, ки бародари маро бераҳмона куштанд? Барои чӣ ӯро куштанд, намедонам. Ягон ҷои баданаш ҷои ободӣ надошт. Ҷигари мо месӯзад. Мо ба касе даъво надорем. Ҳар касе бародари моро ба чунин аҳвол афтонд, Худо ҷазояшро диҳад. Фақат мо хоҳиш дорем, ки назорат пурзӯр шавад, то фарзандони мардуми дигар ба чунин аҳвол наафтанд.»
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, задухӯрд рӯзи 30 апрел дар маҳбаси рақами 2, воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат дар пайи муноқишаи ду гурӯҳ барои ба даст овардан мақоми «пахани зона», нафаре, ки маҳбусон ба ӯ ғайрирасмӣ бояд итоат кунанд, сурат гирифтааст. Дар пайи ин задухӯрд Ромиш Олимови 31-сола, мулаққаб ба "Рамеш", сокини маҳаллаи ба номи Розия Абдушукурова, собиқ Чармгарони шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, як маҳбуси дигар бо лақаби «Сулаймони гӯсола» дар беморхона бистарӣ шудааст.
Зимни тамос ба Радиои Озодӣ як маҳбусе, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, мақоми «пахани зона» дар ин маҳбасро яке аз зодагони навоҳии атрофи Душанбе дорад ва маҳбусони зодаи ҷануби кишвар талош доштанд, то ин мақомро аз ӯ бигиранд. Ин маҳбус мегӯяд, бо гирифтани мақоми «пахани зона» маҳбусон зери назорати ӯ қарор мегиранд ва амалҳои дигаре дар маҳбас, мисли тиҷоратҳои хурди ғайриқонунӣ, низ аз ҷониби ӯ ба роҳ монда мешавад.
Ин маҳбус мегӯяд: «Инҳо мехостанд, ки ҳамаро зери назорат дошта бошанд, вале бачаҳои мо ҳеҷ гоҳ ба ин розӣ намешаванд. Ин бачае, ки бо ӯ ҷанг шудааст, бо номи Сайфиддин, барои куштани як хитоӣ 18 сол ҳабс шуда буд. Ӯ вақте мебинад, ки хитоиҳо тоҷикҳоро дар роҳ азоб дода истодаанд, фуромада бо онҳо ҷанг мекунад, ки якеаш ҳалок мешавад. Ин одам ҳамин даруни зиндонро аз героинкашҳо тоза кардааст. Иҷозат намедиҳад, ки ба дохили маҳбас маводи мухаддир ворид шавад.»
Аммо як маҳбуси дигари зиндони «Кирпичний» гуфт, намояндаи ҳар минтақае, ки «пахани зона» мешавад, фишорро сари маҳбусони минтақаи дигар зиёд мекунад. Ӯ баръакси маҳбуси аввал гуфт, ин ҷо талош барои гирифтани мақоми «пахани зона» набуд, зеро ҷавонони норозӣ нерӯи кофӣ барои анҷоми ин корро надоштанд. Аммо ӯ мегӯяд, ин ду ҷавоне, ки шадидан латукӯб шуданд, умуман «пахани зона»-ро итоат намекарданд, ки ахиран ин ба маъюб шудани яке ва ҳалокати дигаре сабаб шуд.
Ҳамсӯҳбати мо афзуд: «Кӯшиш мекарданд, то бачаҳои дигарро ҳар гапе инҳо гуфтанд, иҷро кунанд. Дашному таҳқиру ҳақорат зиёд буд. Чанд бор ҳамин хел ҷанг шуд ва дирӯз худораҳматии Ромишро ду нафар аввал боздошта, таҳқир карданд, баъдан бачаҳо хабар ёфтанд ва ҷанг шуд. Ӯи танҳоро 6 нафари аввал хуб заданд, то дигарон дарак ёфтанд, ки аллакай кор аз кор гузашта буд.»
Дар ҳамин ҳол, Маҳмурод Одинаев, фаъоли ҳуқуқи башар мегӯяд, ба чунин задухӯрди миёни маҳбусон афроди алоҳидае аз мансабдорони маҳбас манфиатдоранд: «Онҳо мехоҳанд, ки бо чунин ҷангу ҷанҷолҳои байниҳамдигарӣ шиканҷа аз ҷониби худи онҳоро пинҳон созанд. Афродеро ҷазо додан бихоҳанд, мехоҳанд, бо дасти худи маҳбусон ҷазо диҳанд. Дар ин самт аз ҷанҷолҳои қавмиву маҳаллӣ истифода мебаранд. Ин ҷо бо дасти маҳбусон ҳам мехоҳанд, баъзе бизнесҳои ғайриқонунии худро ба роҳ монанд. »
Хабари задухӯрд дар ин маҳбасро манобеи расмӣ низ тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, аз ҷузъиёти он то анҷоми тафтиш худдорӣ мекунанд.
Як кушта ва як захмӣ дар муноқишаи маҳбусони зиндони Ваҳдат
Дар натиҷаи як занозании гуруҳӣ миёни зиндониҳо дар маҳбаси рақами 2 воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат (Кирпичний), як маҳбус кушта шуда як нафари дигар захмӣ шудааст. Яке аз кормандони маҳбаси рақами 2 ноҳияи Ваҳдат, ки бурдани номашро зарур нашуморид, имрӯз, 1 май бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса субҳи барвақти 30 апрел рух дод, ки дар натиҷаи занозании гурӯҳии зиндониҳо як маҳбус бо номи Ромиш Олимов, мулаққаб ба «Рамеш» соли тавалудаш 1983, аз маҳаллаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб кушта шудааст. Вай афзуд, ки як маҳбуси дигар бо номи «Сулаймони гӯсола» бар асари зарбаи корд ҷароҳат бардоштааст, ки феълан дар беморхона бистарӣ мебошад.
Сабаби аслии ин занозании маҳбусҳо то ҳол шарҳ дода нашудааст, аммо тавре як маҳбуси ҳамин зиндон бо шарти пинҳон мондани номаш зикр кард, гӯё ин ихтилоф дар заминаи як «разборка»-и ду лидери зиндониҳо рух додааст.
Вай афзуд, занозании зиндониҳо то чанд муддат идома кард ва вазъи дохилии зиндон ниҳоят ноором гашта буд ва нозирон маҳбас то чанд муддат натавонистанд вазъро ором кунанд. Ба гуфтаи вай, то замоне, ки як маҳбус дар ин воқеа кушта нашуд, ду гуруҳе, ки бо ҳам занозанӣ мекарданд, пароканда нашудаанд.