Стратегияи нави Афғонистон баъди баррасиҳои "ҳамаҷониба"қабул шуд

Вазири дифои ИМА Ҷим Маттис тасдиқ кард, ки президент Доналд Трамп барои қабули стратегияи нав барои Афғонистон бо раҳбарони низомиаш ба мувофиқа расид.

Вай гуфт, ки стратегияи нав дар паи “баррасиҳои хеле муфассал” ба даст омад, вале аз тафсилоти бештари ин мавзӯъ худдоррӣ кард. Ҷим Маттис, ки бо хабарнигорон рӯзи 20 август дар ҷараёни сафараш ба Урдун сӯҳбат мекард, гуфт, ки дар ҷараёни ин баррасиҳо “сухани ҳар нафаре, ки ҳақи назар додан дошт, шунида шуд” ва дар миёни онҳо

Берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон як шикасти комил хоҳад буд

масъулини таҳияи буҷа ҳам буданд, ки дар сурати тағйири тасмими марбут ба харҷу хароҷот назари худро баён мекунанд. Вай таъкид кард, ки ҷараёни баҳсу тасмимгирӣ хеле гарму доғ гузашт ва қарори қабулшуда санҷидашуда буд.

Вазири дифоъ гуфт, ки президент қарори худро қабул кард ва ӯ худаш ният дорад, ки ин хабарро ба мардуми Амрико эълон кунад. Ин изҳорот чанд соат баъди он садо дод, ки Кохи Сафед гуфт, шоми 21 август Доналд Трамп қарор аст бо як изҳороти муфассале ба мардуми кишвараш муроҷиат кунад. Кохи Сафед гуфт, ки қарор аст президент барои амрикоиҳои стратегияи ИМА дар Афғонистон ва Осиёи Ҷанубиро шарҳ диҳад.

Изҳороти Трамп дар пойгоҳи низомии Форт Майери канори Вашингтон соати 9 шом ба вақти маҳаллӣ тавассути телевизион пахш мешавад.

Ҷим Маттис

Дар баррасиҳои раҳбарони низомии Амрико ҳам масъалаи пурра тарки Афғонистон кардани ин кишвар ва айни замон, афзоиши дубораи нирӯҳо ба хотири кӯмак ба ҳукумати Кобул дар амри муқобила бо Толибон қарор дошт. Як гузина ин буд, ки барои мубориза бо шӯришиён дар Афғонистон ИМА аз нирӯи хадамоти шартномавии низомӣ истифода кунад ва барои анҷоми ин рисолатҳо Вашингтон барои онҳо пул пардохт кунад.

Рӯзи 18 август Трамп бо тими амнияти миллии худ дар Кемп Дейвид мулоқот кард ва мавзӯи Афғонистонро ба баррасӣ гирифт. Дар паи ин Кохи Сафед изҳорот дод, ки Трамп стратегияи нав барои Афғонистонро таҳия мекунад, вале ҳанӯз ҳеҷ тасмиме дар ин замина гирифта нашудааст.

3-5 ҳазор нирӯи дархостӣ

Генерал Ҷон Николсон, як фармондеҳи аршади артиши ИМА дар Афғонистон қабл аз эълони Кохи Сафед бо ишорае изҳори боварӣ кард, ки ӯҳдадориҳои ИМА дар Афғонистон дарозмуддат хоҳад буд. Зимни муаррифии воҳиди наву вижаи низомии ИМА дар Кобул ӯ гуфт:

“Шуморо бовар мекунонам, ки дар ин мубориза дар канори шумо ҳастем. Мо бо шумо ҳастем ва хоҳем буд”, гуфт генерал. Ҳоло тахминан 8400 низомии амрикоӣ ва 5000 сарбози кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон қарор доранд. Гузоришҳои матбуот ишора доранд, ки низомиёни ИМА ирсоли 3 то 5 ҳазор нирӯи иловагирӣ ба ин кишвар дархост кардаанд.

Як афсари баландпояи ИМА дар Кобул ба Ассошейтед Пресс гуфт, ки афзоиши шумори нирӯҳо ба низомиёни Амрико имкон медиҳад, ки мушовирони иловагиро ба ин кишвар сафарбар кунад ваё ҳамзамон ба ду пойгоҳи ҷангӣ кӯмакҳои ҳавоӣ ирсол кунад. Феълан, ба гуфтаи мақомот, онҳо тавони дар як вақт анҷом додани танҳо як амалиётро доранд.

Афғонҳо - ҷонибдори афзоиши нирӯ

Полковник Абдулмаҳфуз, як мақоми иктишофии Афғонистон гуфт, ки “берун шудани нирӯҳои амрикоӣ аз ин Афғонистон як шикасти комил хоҳад буд”.

Нирӯҳои амрикоӣ баъди ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба ИМА вориди Афғонистон шуданд. Ҳадафи онҳо мубориза бо аъзои Ал-Қоида – як шабакаи террористие буд, ки масъулияти ҳамла ба Амрикоро анҷом додааст. Ҷангиёни ин гурӯҳ бо кӯмаки Толибон дар хоки Афғонистон паноҳ ёфта буданд. Эътилофи нирӯҳои байналмилалӣ Толибонро аз қудрат барканор кард, вале ҷангиёни ин гурӯҳ ва шӯришиёни дигар ҳамоно қаламравҳои зиёдро дар хоки Афғонистон назорат мекунанд.