5-уми январ, Алмато. Таҷаммӯи одамон дар солгарди аввалини саркӯби эътирозҳо. Дар ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон 230 нафар кушта шуд
10-уми январ, Прага. Фарзандони фирориён аз коғазу мум шамъ сохта, ба ҷабҳа ва ба сарбозони украинӣ фиристоданд
14-уми январ, Украина. Оқибатҳои як ҳамлаи мушакии Русия ба бинои истиқоматӣ дар шаҳри Днепр
3-юми феврал, Қазоқистон. Чӯпонзане ба номи Марям дар як деҳаи дурдаст
19-уми сентябр, Арманистон. Шаҳри ҷанубии Горис макони зисти ҳазорҳо фирорӣ аз Қаробоғи Кӯҳӣ гардид
25-уми феврал, Украина. Сарбози украинӣ дар шаҳри Бахмути вилояти Донетск
Март, Косово. Ғорҳои оҳаксанги "Қадимӣ"
7-уми март, Гурҷистон. Нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани эътирозгарон об пошиданд. Мардум ба зидди тарҳи қонуни "агенти хориҷӣ" ба кӯчаҳо баромада буданд
Апрел, Украина. Шаҳри Ирпин дар канораҳои Киев
25-уми апрел, Покистон. Баъд аз таркиш дар водии Свот полис ҳодисаро таҳқиқ мекунад
29-уми май, Косово. Нерӯҳои полис дар муқобили эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи шаҳрдори Звенач, ки аз албаниҳо мебошад. Аксари эътирозгарон серб ҳастанд
Июл, Косово. Кӯдакон дар шаҳри Приштина дар гармии шадиду бесобиқаи тобистон оббозӣ мекунанд
Босния. Попи Рум соли 2023 гуфт, ки маҳаллаи назди шаҳри Межугорйе дар Босния як зиёратгоҳи масеҳиён аст
3-юми август, Гурҷистон. Рафъи пайомадҳои омадани селу лағзиши замин дар шаҳри Шови
6-уми август, Кӯлоб. Дар садамаи мошини борбар беш аз 20 нафар ҷон бохтаву маҷрӯҳ шуданд
6-уми август, Боснияву Ҳерзоговина. Тамошобинон ҷанги барзаговҳоро дар Остра Лука тамошо мекунанд
18-уми август, Қирғизистон. Гӯштигири маъруф Арууке Акибаеваи 16-сола бо чархи мошини борбар тамрин мекунад
19-уми август, Булғористон. Давраи раққосон дар ҷашнвораи миллии "Жеравня"
26-уми август, Белград. Дар пайи ду куштори гурӯҳӣ дар моҳи май аъзои ҳаракати "Сербистон алайҳи хушунат" дар пойтахти ин кишвар намоиши эътирозӣ гузаронд
30-юми август, Русия. Сари гӯри Евгений Пригожин, муассиси гурӯҳи зархаридони "Вагнер"
25-уми сентябр, Косово. Полис силоҳу маводи таркандаи мусодирашударо ба журналистон намоиш дод. Ин маводро ҳангоми амалиёте мусодира кардаанд, ки баъд аз ҳамла ба як хонақоҳи провославӣ ва марги чор нафар баргузор гардид
13-уми сентябр, Украина
13-уми октябр, Қазоқистон. Шикорчиён бо уқобҳои худ ҳангоми танаффус дар як сабқати калоне дар канораҳои Алмато
19-уми октябр, Арманистон. Гурӯҳи ихтиёриён дар як муассисаи низомӣ дар Ереван роҳҳои истифодаи силоҳро меомӯзанд
8-уми ноябр, Украина. Мошини сӯхта дар деҳаи Авдеевка
2-юми ноябр, вилояти Балуҷистони Покистон. Шаҳрвандони бесанади Афғонистон баъд аз қарор дар бораи ихроҷи афроди бесанад дар як гузаргоҳи марзӣ ҷамъ шуданд
4-уми ноябр, Алмато. Илёс Бейсенбаи 21-сола дар як намоиши эътирозии инфиродӣ мақомоти Қазоқистонро ба риояи ҳуқуқи конканҳо даъват кард
8-уми ноябр, деҳаи Авдеевкаи Украина. Сокинон ба хонаҳои худ, ки аз дасти артиши Русия хароб шудааст, бармегарданд
7-уми декабр, Косово. Сокинони Косово алайҳи қатли модари ду фарзанд Лиридона Мурселӣ таҷаммуъ карданд. Ин занро шавҳараш дар дохили мошин кушт
7-уми декабр, Гурҷистон. Дар як калисои маркази шаҳри Тифлис маросими ҷанозаи қурбониёни ҷанги соли 1992-93-и миёни Гурҷистон ва Абхозистон баргузор шуд. Абхозистон боқимондаи ҷасадҳоро ба Гурҷистон дод