Ризо Зарроб озод шуд. Бобаки Занҷонӣ ҳанӯз дар зиндон аст

Ризо Зарроб, яке аз тоҷирони эронӣ ва аз гумонбарони аслии парвандаи фасоди молӣ дар Туркия, рӯз 28-уми феврал аз зиндон озод шуд.
Ба гузориши расонаҳои Туркия, Ризо Зароб ҳамроҳ бо писарони ду вазири кобинаи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки ҳамаашон дар пайванд бо парвандаи фасоди молии густурда дар Туркия дастгир шуда буданд, бо ҳукми додгоҳи олии Туркия озод шудаанд. Писарони Зафар Чоғлоён, вазири пешини иқтисод ва Маъмар Гулар, вазири пешини умури дохилии Туркия дар пайи дастгирии 57 нафар ба иттиҳоми ришваситонӣ ва пулшӯӣ дар Туркия, боздошт шуда буданд. Чанде қабл додгоҳе дар Истанбул 16 нафар аз онҳоро баъд аз пурсуҷӯ озод кард. Ризо Зарроб ва писарони бархе аз вазирон аз ҷумлаи онҳое буданд, ки то ба имрӯз дар робита ба ин парванда дар зиндон монда буданд.

Ба гузориши рӯзномаи "Ҳурият" панҷ фарди озодшуда иҷозат надоранд хоки Туркияро тарк кунанд ва бояд ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ба идораи пулис муроҷиат кунанд. Ба гузориши ин рӯзнома, дар ҳоли ҳозир дигар касе дар робита бо ин парванда дар зиндон ба сар намебарад. Додгоҳе дар Истанбул дар бораи ин озодиҳо гуфтааст, ки ҳеҷ шавоҳиде вуҷуд надорад, ки нишон диҳад ин афрод қасди "хуруҷ аз кишвар" ё аз байн бурдани санадҳои ҷурмро дошта бошанд.

Ҳукумати Туркия дар моҳҳои гузашта даст ба тоза кардани системаи қазоӣ ва пулиси он кишвар зад. Гуфта мешавад, дар Туркия системаи қазоӣ ва пулис таҳти нуфузи Фатҳуллоҳ Гулен аст. Фатҳуллоҳ Гулен аз рӯҳониёни турк ва раҳбари маънавии Ҷунбиши хидмат аст, ки дар ҳоли ҳозир дар Амрико зиндагӣ мекунад ва аз мухолифоти ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба шумор меравад.

Туркия аз моҳи декабри соли гузашта даргирӣ парвандае буд, ки сабаби истеъфои чандин вазири кобинаи Эрдуғон шуд. Дар вақти ифшои ин парванда, рӯзномаи "Ҳурият" аз интиқоли ғайриқонунии миллиардҳо доллар аз Эрон ба Туркия бо миёнҷигарии Ризо Зарроб хабар дода буданд.

Ризо Зарроб, тоҷири 30-солаи эронӣ ва даҳҳо тани дигар ба иттиҳоми пулшӯиии 87 миллиард евроӣ ва интиқоли ғайриқонунии ҳудуди 25 миллиард евро пул аз Эрон ба Туркия муттаҳам мешуданд. Гузоришҳо ҳамчунин аз нақши бонки Занҷонӣ, миллиардери ҷанҷолии эронӣ дар интиқоли ғайриқонунии 1.5 тонна тилло ба дохили Эрон ва иртиботи ширкати вобаста ба ӯ бо ширкатҳои Ризо Зарроб сухан мегуфтанд. Он замон дар миёни боздоштшудагони парвандаи пулшӯӣ, тоҷирони маъруфи Туркия, ва Сулаймон Арсалон, раиси "Ҳолик Бонк"-и Туркия низ буданд. "Ҳолик Бонк"-и Туркия то авоили соли 2013 ба таври қонунӣ масъули нақлу интиқоли молии 55 дарсад аз пули нафти содиротии Эрон ба Ҳинд буд. Мавзӯе ки бо таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон дар моҳи феврали соли гузашта мутаваққиф шуд.

Рӯзномаи "Todays Zaman" наздик ба ҷиноҳи ҳокими Туркия он замон гузориш дода буд, ки се ширкат дар Туркия, ки таҳти моликияти Ризо Зарроб ҳастанд, тайи солҳои 2009 то 2012 ҳудуди 87 миллиард евро нақлу интиқолоти ғайриқонунӣ аз кишварҳои мухталиф анҷом додаанд, ки 40 дарсади ин маблағ пуле аст, ки ба сурати ғайриқонунӣ ва бо ҳамкории Бонки миллии Эрон аз кишвар хориҷ кардаанд. Баррасии парвандаи фасоди молӣ ва пулшӯии оқои Зарроб замоне шурӯъ шуд, ки чандин расонаи Русия дар декабри соли 2012 аз боздошти чаҳор нафар, шомили се шаҳрванди ҷумҳурии Озарбойҷон ва як шаҳрванди Эрон дар гумрук хабар доданд. Ин афрод дар ҷомадонҳои худ 18, 5 миллион евро пули нақдро ба таври ғайриқонунӣ вориди фурудгоҳи "Внуково"-и Русия карда буданд.

Ба дунболи боздошти Ризо Зарроб дар Туркия, Бобаки Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба ҷуз Kont Investment Bank, аз сардамдорони ширкати серсоҳаи «Конт – групп – Тоҷикистон» маҳсуб мешавад ва ҳудуди 1 миллиарду 200 сомонӣ (беш аз 200 миллион доллар) дар иқтисоди Тоҷикистон сармоя гузоштааст, рӯзи 30 декабр дар Теҳрон боздошт шуд. Далели боздошти ӯро 2 миллиарду 460 миллион евро пули нафти Эрон арзёбӣ мекарданд, ки бояд Бобаки Занҷонӣ ба вазорати нафти он кишвар пардохт мекард.

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 7 январ хабари матбуоти Эрон дар бораи сафари як ҳайъпати баландпояи Эрон ба Душанбе расман тасдиқ ва ба сурати ғайриаланӣ баррасии қазияи Занҷонӣ дар мулоқотҳои ин ҳайъат бо раҳбарони Бонки миллиро эътироф кард. Абдуғаффор Қурбонов ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳайат таҳти сарварии муовини раиси Бонки марказии Эрон ба Тоҷикистон омада, бо раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ин масъаларо бо риояти муқаррароти протоколӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф баррасӣ карда буд, ки мутаассифона, аз сӯи расонаҳои эронӣ, кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.

Сафорати Эрон дар Душанбе ҳам ба дунболи ин моҷаро гуфт, истисно намекунад, ки 2 миллиарду 460 миллион еврои «гумшуда» -и миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бошад.