Ҳаёту марг дар Осиёи Марказӣ аз назари хабарнигор

Китоби "Водии беқарор"-и Филип Шишкин

Дар ИМА китоби “Водии беқарор”-и хабарнигор Филип Шишкин ба забони англисӣ нашр шуд, ки дар он ҳаводиси водии Фарғона ва воқеияти ҳаёту марг дар Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон тасвир шудаанд.
Муаллифи китоби “Водии беқарор” Филип Шишкин гулчини мақолаҳояшро, ки дар давоми панҷ соли кор дар минтақа таҳия кардааст, ба табъ расонда, водии Фарғонаро, водии беқарор, водии инқилобҳо, кушторҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ номидааст.

Водии Фарғона, ки дар марзи се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ қарор дорад, ҳамчун минтақаи транзити маводи мухаддири Афғонистон, инқилоби Қирғизистон, ошӯб ва таъқиби он дар Узбакистон дар маркази таваҷҷӯҳи Шишкин қарор гирифтааст.

Шореҳи умури Осиёи Марказӣ Моника Витлок, ки солҳои зиёде ба ҳайси хабарнигори Бӣ-Бӣ-Си дар Осиёи Марказӣ ифои вазифа намуда, китобе ҳам зери унвони “Замини Мовароуннаҳр” навиштааст, мегӯяд, барои бисёриҳо дар Ғарб Осиёи Марказӣ як минтақаи начандон ошно аст, ки дар шимоли Афғонистон ва ҷануби Русия ҷой гирифтааст ва хонандагони англисизабон одатан аз сафаргуфторҳои хабарнигорон дар бораи Осиёи Марказӣ маълумот мегиранд.

Ӯ меафзояд, ин сафаргуфторҳо, ки дар тӯли зиёратҳои кӯчак таҳия мешаванд, одатан хеле ҳам рӯякӣ мебошанд. Аммо ба фикри хонум Витлок Шишкин, ки чанд сол дар Қирғизистон ба сар бурдааст, дар бораи ҳаводиси Қирғизистон, ба вижа табаддулотҳои давлатии солҳои 2005-ум ва 2010-ум, маълумоти дасти аввал, дақиқ ва қобили эътимод медиҳад.

Қиссаҳои Шишкин дар бораи нооромиҳои ҷануби Қирғизистон, ки соли 2010-ум ҳаёти камаш 470 нафарро аз байн бурдаанд, ҳамзамон бо таҳлили муфассали камбудиҳои мансабдорон, ки боиси ин инқилобҳо шудаанд, ба назари хонум Витлок хеле ҳам ҷолибанд.

Аз назари мунаққидон, хотироти Шишкин дар бораи ошӯби моҳи майи соли 2005-ум дар Андиҷони Узбакистон баъзе суолҳо халқ мекунад. Шишкин эътирозҳои афроди адолатҷӯйи Андиҷон ва посухи хунини ҳукумат бо ин эътирозҳоро аз ҷои ҳодиса хуб тасвир кардааст.

Шишкин дар Андиҷон аз хонаи як хонандаи синфи нуҳи мактаби миёна гузориш медиҳад, ки падару модараш барои зодрӯзи ӯ дастархон ороста, мунтазири ӯ буданд, вале ин хонанда ба тамошои гирдиҳамоӣ рафта, ҳалок мешавад. Вале ба қавли Витлок, кӯшиши дар як қиссаи кӯтоҳ ҷой додани ҳаводиси зиёд метавонад дар ниҳояти амр хонандаро раҳгум занад.

Ҳамчунон Витлок мегӯяд, Шишкин гаравгонгирии геологҳои японӣ дар соли 1999-умро, ки аз тарафи ошӯбгарони узбак ба амал омада буд, таҳқиқ намуда, навиштааст, ки ҳукумати Қирғизистон барои раҳоии гаравгонҳо 650 ҳазор доллар масраф намуд.

Собиқ хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ ёдрас мекунад, тибқи иддаоҳои зиёд ҳукумати Япония ба хотири раҳоии шаҳрвандонаш пули хеле бештар аз онро масраф намудааст, вале дар гузориши Шишкин дар ин бора ҳарфе ба чашм намехӯрад.

Мисли он Витлок таъкид мекунад, ки қиссаи Шишкин дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон асосан бар пояи гузориши ниҳодҳои ҳуқуқи башарии СММ таҳия шудааст.

Дар ҳамин ҳол шореҳон ва аз ҷумла Витлок иброз доштаанд, ки Шишкин китоби “Водии беқарор”-ро бомуваффқият ҷамъбаст мекунад. Ӯ бо ишора ба шикасту рехти солҳои ахир даврони шӯравиро ба ёд меорад, ки дар он намояндагони қавмҳову миллатҳои мухталиф ба таври осоишта канори ҳам мезистанд.