Эҳёи пасвандҳои русӣ дар номҳо ба хотири як ҳаёти беҳтар

Дар даҳ моҳи гузашта ҳудуди 38 ҳазор шаҳрванди Қирғизстон номҳои хонаводагии худро ба шакли ибтидоӣ, бо пасованди русии ”ов” ва "ова” тағйир доданд, то номашон "оҳанг"-и русӣ дошта бошад.

Даҳҳо ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дигарбора тағйири ном карданд ва пасвандҳои русии "ов"-у "ева"-ро баргардонданд. Шояд ин тағйир аз нигоҳи аввал як дигаргунии сатҳӣ ба назар расад, аммо вақте мебинед, ки иваз кардани пасвандҳои суннатии “уғлу”, “қизи”, “зода”, “духт” ва “пур” ба пасованди русии ”ов”, ова” ба як тамоюли рӯ ба афзоиш табдил шудааст, дарк мекунед, ки ин танҳо ҳавову ҳавас нест. Муҳоҷирони корӣ бо баргашт ба шеваи шӯравии номҳои хонаводагӣ худро ба Русия наздиктар мекунанд.

Омурбек, як ҷавони 29-солаи қирғиз аз минтақаи ҷанубии Бодканд пасванди номашро ахиран иваз кард. Ӯ яке аз даҳҳо ҳазор муҳоҷири ин минтақаи фақири Қирғизистон аст, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтааст. Аммо аз соли 2012 ба ин тараф Русия рӯйхати муҳоҷирони депортшударо густариш дод ва онҳоро бинобар нақзи қонуни будубош ба муддати 5 сол аз ворид шудан ба қаламраваш маҳрум кард.

Омурбек мегӯяд азбаски номи ӯ ҳам дар руйхати мамнуъвурудҳо буд, акнун ӯ ва чандин рафиқаш ба ҳуввияти дигар ниёз доранд. “Мо ба таври ғайриинтизор аз Русия депорт шудем,”-- мегӯяд Омурбек, -- “аммо агар ман панҷ сол аз сафар ба Русия маҳрум бошам, оилдаи маро кӣ мехӯронад? Ман бояд ба он ҷо баргардам. Барои ин ман бояд номамро дигар кунам ва паспорти нав бигирам, коре ки анҷом доданаш осон нест,”-- гуфт Омурбек.

Ба гуфтаи ин ҷавони қирғиз иваз кардани ном ду хубӣ дорад: яке умедвориест, ки марзбонҳои рус ӯро бо номи нав намешиносанд, дуввум аксари муҳоҷирон бовар доранд, ки пасованди “ов” ва “ова” бархӯрди пулиси русро ба онҳо дигар мекунад.

Омурбек барои иваз кардани номи хонаводагиаш дар маркази паспордиҳӣ бояд 16 санад ва ду доллар супорид. Ӯ санади навашро ҳамин моҳ мегирад. Мақомот мегӯянд, ки дигарон низ ҳамин сол дар вилоят бо ҳамин сабабҳо санад иваз кардаанд.

“Дар маҷмӯъ 3 ҳазору 325 сокини вилояти Бодканд барои иваз кардани номи хонаводагӣ, яъне фамилия, номи худ ва номи сулолавӣ ба марказҳои паспортдиҳӣ муроҷиат кардаанд.” -- Мегӯяд Гулмира Омошева, раҳбари Макази сабти асноди шаҳрвандӣ дар маркази маъмурии Бодканд. “Вақте мо аз онҳо мепурсем, ки чаро ном иваз мекунанд, онҳо мегӯянд, ки мехоҳанд ба Русия муҳоҷират кунанд ва онҷо рӯйхати сиёҳи муҳоҷирон вуҷуд дорад, ки ҳаққи бозгашт надоранд”- гуфт Гулмира Омошева.

Мақомот мегӯянд, 25 дар сади онҳое, ки санад пешниҳод кардаанд, номҳоеро ба худ мегиранд, ки аз исмҳои қаблии онҳо комилан фарқ мекунад. Аммо ба назар намерасад, ки ҳарос дар баробари “рӯйхатти сиёҳ” – и Русия ягона сабаби иваз кардани номҳо бошад. Баъзе қирғизҳо, махсусан ҷавонҳо, мегӯянд, номҳое, ки русӣ садо медиҳанд ояндаи онҳоро беҳтар мекунанд.

“Ҳамаи ҳамсабақҳои ман номҳои хонаводагии худро иваз мекунанд,” -- мегӯяд Мариям Асанова, ки дар синфи охири яке аз мактабҳои Бишкек таҳсил мекунад ва номи хонаводагиашро аз Асанқизӣ ба Асанова табдил кардааст. “Худо хоҳад, ман баъди хатми мактаб мехоҳам ба бахши равобити байналмилаии донишгоҳи давлатӣ дохил шавам. Сандаҳоямро дар асоси паспорти русишудаам пешниҳод мекунам, то дар оянда аз мушкилоти сафар ба хориҷ эмин бошам.”- Мегӯяд Мариям Асанова.

Ин тамоюл танҳо хоси Бишкеку Бодканд нест, ба гуфтаи матбуоти Қирғизистон дар манотиқи дигар, ба монанади Норин имсол наздик ба 800 талабаи мактаб барои иваз кардани номҳои хонаводагӣ ариза додаанд.

Ҳоло номҳое, ки русӣ садо медиҳанд, ҷойи номҳои хонаводагии қирғизиро, ки баъди суқути Шӯравӣ ва эълони истиқлолият дар соли 1991 муд шуданд, иваз мекунанд. Аз ҳама бештар онҳое санад месупоранд, ки дар ҳамон давра номи худро миллӣ карда буданд.

Тамоюли нав дар ҳоле рӯ ба авҷ аст, ки забони русӣ дар Қирғизистон маъруфияташро ҳифз карда, дар фарҳангу маориф ва сиёсат нуфуз дорад. Шабакаҳои телевизионии Русия дар кишвар ҳузури густарда доранд ва падару модарон низ ба ин боваранд, ки омӯзиши русӣ фурсатҳои беҳтареро дар ихтиёри фарзандони онҳо мегузорад. Дар шаҳрҳои бузурги Қирғизистон волидон дар интихоби байни дабиристонҳои русӣ ва қирғизӣ бештар ба мактабҳои русӣ бартарӣ медиҳанд. Пуштибони аслии ин мактабҳо Бунёди Ҷамъиятии Русия аст, ки тавассути сафорати ин кишвар фаъолият мекунад. Ин пуштибонӣ дар баробари мактабҳои қирғизӣ, ки манобеи молии назаррас надоранд, хеле барҷаста ба назар мерасад.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев батакрор мегӯяд, ки ҷонибдори равобити танготанги иқтисодӣ бо Русия аст. Баъд аз ду ҳафтаи дигар, яъне 23 декабр Қирғизистон ба Иттиҳоди АвроОсиё, як созмони таҳти назари Русия шомил мешавад. Ин созмон, ки акнун Арманистон низ узви он шудааст, густариши Иттиҳоди Гумрукии феълӣ буда онро Русияву Беларус ва Қазоқистон таъсис доданд.

Тамоюли иваз кардани номҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон низ ҷараён дорад. Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки шаклии русии ном мушкили онҳоро бо пулис ва кордиҳанда дар Русия осон мекунад, ки бисёр вақт наметавонанд дар байни ном ва номи хонаводагии муҳоҷир фарқ гузоранд. Иваз кардани ном дар кишварҳои дигари минтақа ҷандон бориз нест. Зарурати русӣ кардани номҳо дар Қазоқистон вуҷуд надорад, зеро қазоқҳо муҳоҷир нестанд. Баръакс ин кишвар макони муҳоҷирати шарвандони Узбакистон ва Қирғизистон аст. Аз тарафи дигар қонунҳои Қазоқистон дар масъалаи дигар кардани номҳо бисёр маҳдуданд. Туркманистон, кишвари дигар минтақа, бо эълони бетарафӣ баъди суқути Шӯравӣ ҳам аз нуфузи Русия ва ҳам аз забони он канор рафт. Раванди муҳоҷират дар ин кишвар низ мушоҳида мешавад, аммо туркманҳо барои кор бештар ба Туркия мераванд ва пулиси Туркия бо номҳои хонаводагии туркманҳо ҳеҷ мушкил надорад.