Барканории 7 мақоми баланди додситонӣ ва Оҷонсии зиддифасод (2 ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар. 17 феврали 2015

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон 7 мақоми баландпояи додситонӣ ва оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз вазифаҳояшон озод шуданд.

Ба дунболи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амнияти Тоҷикистон якбора 7 мақоми баландпояи Додситонии кулл ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, бо дастури президент, Қурбон Шарифзода, Сироҷиддин Нурзода, Муҳаммад Арбобзода ва Мирзошариф Шарифов -- додситонҳои Суғду Хатлон ва Бадахшону Душанбе, Тоҳир Ҷобирзода -- муовини якум ва Раҷабалӣ Ширинову Миллопар Бандишозода -- муовинҳои директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз мақомҳои худ барканор гардидаанд.

Одил Каримзода, масъули идораи кадрҳои додситонии кулли Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, додситонҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва шаҳри Душанбе ҳанӯз таъин нашуда, вазифаи онҳоро муваққатӣ муовинонашон иҷро мекунанд.

Юсуф Раҳмонов

​Ӯ меафзояд, ин тағйироти кадрӣ "дар доираи иҷрои қарорҳои ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки дар асоси эродҳои раиси Шӯрои амният, президент Эмомалӣ Раҳмон ба кори мақомоти назоратии Тоҷикистон ва камбудию норасоиҳои ҷиддии роҳдодаи онҳо" сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин ҷаласа бештар аз фасоди молӣ сӯҳбат мекард, аз кори додситонҳо норозигӣ кард ва ба Юсуф Раҳмонов, додситони кулл дастур дод, то ҳамаи муовинҳояш ва додситонҳои вилоятҳоро иваз кунад.

Мухтасари суханронии Эмомалӣ Раҳмон аз 17 февралро инҷо бубинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба муборизаи беамон ба фасоду ришва

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, муовини якум ва муовинони дигари додситони кулл танҳо бо ризояти Маҷлиси миллӣ аз мақомҳояшон барканор мегарданд ва ин масъала дар ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумон баррасӣ хоҳад шуд. Маҷлиси миллӣ эълон кард, ҷаласаи охирини онҳо рӯзи 5 марти соли ҷорӣ доир мегардад.

Назари сокинон ба интиқоди раиси ҷумҳур аз додситонҳо:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё бовар доред, ки амрҳои ахири президент иҷро шаванд?

Ӯ хитоб ба додситонҳо гуфт, ин қадар қасру кӯшкро аз кадом ҳисоб бунёд кардаанд. Ба қавли раиси ҷумҳур, вай далелҳое дорад, ки мақомдорҳо алайҳи мардум парвандаи сохта боз мекунанд ва аз онҳо пул талаб менамоянд. Раиси ҷумҳур додситонҳо ва дигар мансабдоронро ҳамчунин ба ин айбдор кард, ки аз мақомоти маҳаллӣ бо фишор қитъаи замин тамаъ мекунанд ва ҳатто 4 раиси ҷамоат аз тарси таъқиби онҳо ба Русия фирор кардаанд.

Ҷаноби Раҳмон гуфт: “Худи кормандони прокуратура даст ба коррупсия ва заминфурӯшӣ задаанд. Ба наздикӣ дар Душанбе се корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳамроҳ бо прокурор бо ҳамин ҷурм боздошт карданд... Шумо намебинед, намедонед! Чашмҳоро кӯр ва гӯшҳоятонро кар мекунед!”

Интиқоди раиси ҷумҳур аз дороиҳои шубҳабарангези додситонҳо дар ҳолест, ки ба иттилои додситонии кули Тоҷикистон маоши миёнаидодситонҳо ҳазор сомониро ташкил мекунад.

Саймуддин Дӯстов

Дар ҳамин ҳол, дар арафаи интихоботи парлумонӣ баргузор шудани ин ҷаласа ва намоиши сарзаниш шудани мақомдорони ҳифзи ҳуқуқ аз сӯи президент тариқи телевизионҳои давлатӣ андешаҳоеро низ халқ қард, ки ин ҳама аз як маъракаи пеш аз интихоботие беш нест. Ва раиси ҷумҳур ҳамин тариқ барои ҳизбаш дар интихобот мехоҳад бештар холи сиёсӣ ба даст орад.

Аммо Саймуддин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии “Индем”, мегӯяд, дар арафаи интихобот иттифоқ уфтодани ҷаласаи Шӯрои амният як амри тасодуф аст. Чунки, ба таъкиди вай, ошкор кардани мавридҳои ришватхорӣ дар арафаи интихобот барои раиси ҷумҳур ҳеч холи сиёсие намеорад. Вай гуфт: “Ман суханронии раиси ҷумҳурро ин бор хеле самимӣ дарёфтам. Ришватхорӣ, воқеан, ӯро ба ташвиш овардааст. Аммо боз ҳам дар ин ҷаласа механизми самараноке барои решакан кардани кардани коррупсия ба ҷуз чанд шиоре ба мисли “Ба ватан содиқона хизмат кунед”, “хиёнат накунед”, пешниҳод нашуд.”

Ҷаноби Дӯстов афзуд, агар ба наздикӣ аз сӯи ҳукумат механизмҳои самараноке барои бартараф кардани коррупсия руи кор оварда навашад, масъулон ба зуди ин дастурҳои раиси ҷумҳурро фаромуш мекунанд.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки ду намояндаи додситонии кулл дар парвандаҳои нави Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ҳам рӯзи 18 феврал иваз шуда ва ба ин далел мурофиаи додгоҳии ӯ то 3 март ба таъхир уфтодааст. Яке аз вакилони мудофеи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Темур Ғуломзода ва Исматулло Нуронов, ки дар парвандаҳои нави Зайд Саидов ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ баромад мекарданд, ҷои худро ба Муродмад Салимов додаанд.

Пештар аз ин тағйирот, моҳи январи соли ҷорӣ, Шерхон Салимзода низ аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Юсуф Раҳмонов таъин гардида буд. То ҳол оқои Салимзода ба мақоме таъин нашудааст.