Таҳқиқот: "Як танфурӯш метавонад даҳҳо нафарро мариз кунад"

Як таҳқиқот дар Тоҷикистон нишон дод, ки 70 дарсади мизоҷони занони танфурӯш дар ин кишвар ҷавонони то 25-сола мебошанд, ки аксар аз хатари бемориҳои ҷинсӣ огоҳ нестанд.

Аз хизмати як зани танфурӯш дар Тоҷикистон солона аз 1000 то 1500 нафар истифода мебаранд. Ин хулосаи таҳқиқоти тоза дар Тоҷикистон аст, ки миёни 400 танфурӯш анҷом шудааст. Бо анҷоми ин пурсиш муҳаққиқон ба хулосае расидаанд, ки танфурӯшӣ аз омилҳои аслии густариши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД буда, як зани танфурӯши мариз метавонад садҳо нафарро олуда кунад.

Ин таҳқиқотро олимони соҳаи тиб - Аламхон Аҳмадов, Масъуда Бобохоҷаева ва Мавҷуда Қосимова - кормандони Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони бахши тандурустии Тоҷикистон бо ҳадафи омӯзиш ва муайян кардани роҳҳои аслии густариши бемориҳои сироятӣ анҷом дода, аз 400 зани танфурӯш тариқи пурсишномаҳои махфӣ ба суолҳои худ посух гирифтаанд. Натиҷаи ин пурсиш муайян кардааст, ки доираи истифодабарони хидмати ин гурӯҳи занон хеле васеъ аст ва шурӯъ аз хонандагони мактабҳои миёна то кормандони сохторҳои давлатӣ аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд.

Бино ба хулосаи пажӯҳиш, 12 дарсади мизоҷони ин гурӯҳи занон ноболиғони аз 11 то 14-сола, 23 дарсад - ҷавонони то 20-сола ва 34 дарсад афроди то 25-сола будаанд. Аммо аз рӯи касбу кор таксиронҳо ва тоҷирон дар мавриди истифода аз хидмати танфурӯшон "пешсаф" будаанд. Беш аз 30 дарсади мизоҷони танфурӯшон намояндагони ин касбу кор, 13 дарсад донишҷӯён ва 9 дарсад шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Аламхон Аҳмадов

Аламхон Аҳмадов, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон ва яке аз муаллифони ин пажӯҳиш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аксари танфурӯшон дар ин сӯҳбатҳо иқрор кардаанд, ки барои ҳалли мушкили зиндагии худ ва пешбурди рӯзгор ба ин роҳ рафтаанд. "Мо аз онҳо ин суолро ҳам кардем, ки агар кори муносиб пайдо кунед, оё тарки танфурӯшӣ мекунед? 81 дарсад гуфтанд, ки агар вазъи молӣ хуб мебуд, мо ба ин кор намерафтем ва беш аз 30 дарсад гуфтанд, агар кори хубу доимӣ пайдо кунанд, омодаанд, ки аз ин кор даст кашанд," -- афзуд Аҳмадов.

Беш аз 60 дарсади занони танфурӯш дар як рӯз то 300 сомонӣ, баробар ба 45 доллар ва 26 дарсад дар як шаб то 400 сомонӣ ба даст меовардаанд. Нархи хидмати онҳо аз синну сол, сурат ва нуқтаи ҷойгиршавӣ вобаста будааст.

Аламхон Аҳмадов мегӯяд, ки ҳамасола дар ҷаҳон 300 миллион нафар ба бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда сироят меёбанд ва дар Тоҷикистон ҳам ин гуна бемориҳо дар чанд соли ахир то 3 баробар зиёд шудааст. Беш аз 80 дарсади беморон аз 20 то 39 сол доштаанд. Ин олими соҳаи тиб бо таваҷҷӯҳ ба чашмрас будани теъдоди ноболиғон дар миёни мизоҷони танфурӯшон мегӯяд, имрӯз бояд дар мактабҳои миёна дар ин мавзӯъ маълумоти бештар дода шавад ва наврасон аз хатарҳои бемориҳои ҷинсӣ огоҳ карда шаванд.

“Ноболиғон бояд донанд, ки бемориҳое ҳаст, ки метавонанд тавассути алоқаи ҷинсӣ гузарад ва ҳаёти онҳоро зери хатар гузорад. Дар байни онҳо худтабобаткунӣ зиёд шудааст, онҳо пеши табиб намераванд, балки аз дорухона дору гирифта, худро табобат мекунанд,” – мегӯяд Аламхон Аҳмадов.

Муаллифони пажӯҳиш мегӯянд, ҳадаф аз ин пурсиши онҳо ҳам омӯхтани вазъу бозори танфурӯшӣ ва дарёфти роҳҳои кам кардани хатари гузариши бемориҳои сироятии мисли ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон мебошад. Пажӯҳишгарон рӯи ин таҳқиқот аз соли 2013 кор мекунанд ва дар асоси хулосаҳои бадастоварда, пешниҳодҳое ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемориҳои ҷинсӣ ба мақомот ироа кардаанд. Аламхон Аҳмадов мегӯяд: “Мо дар асоси ин пажӯҳиш як методологияе кор кардем ва барои истифода ба марказҳои мубориза бо СПИД ва марказҳои тарзи ҳаёти солим пешниҳод кардем. Яке аз пешниҳодҳо ин аст, ки рафтори танфурӯшон ва мизоҷони онҳо тағйир дода шавад.”

Дар гузориши нашршуда оид ба натиҷаҳои ин пажӯҳиш бекорӣ ва вазъи бади иҷтимоӣ аз омилҳои аслии афзоиши танфурӯшӣ дар солҳои ахир дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир аз афзоиши танфурӯшӣ бонги изтироб мезананд ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта барои муайян ва боздошт кардани ин гурӯҳи занону духтарон амалиёти густурдае анҷом дода буд. Дар пайи танҳо се рӯзи рейди милиса ва танҳо дар пойтахт беш аз 500 танфурӯш дастгир шуданд, ки гуфта мешавад, 450 тани онҳо ба бемориҳои мухталифи зӯҳравӣ гирифторанд.

Дар идомаи ин иқдом ахиран парлумони Тоҷикистон ҳам ҷазои танфурӯширо шадидтар ва барои онҳо аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ кард. То ҳол занони танфурӯш баъди боздошт маъмулан бо ҷарима халос мехӯрданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пажӯҳиш дар байни 400 танфурӯш дар Тоҷикистон