Се ҳизби расмии Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр номзадҳои худ ба интихоботи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб карданд.
ҲНИТ аз номзади ИНИТ пуштибонӣ кард
Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик расман номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) шуд.Анҷумани ҲНИТ рӯзи сешанбеи 17 сентябр бо аксарияти оро аз Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ин ҳизб ба интихоботи президентии моҳи ноябр ҳимоят кард. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Қосимов ва Зарафо Раҳмонӣ, ки номашон аз сӯи вакилон барои номзадӣ пешниҳод шуда буд, зимни суханрониҳо номзадии худро бозпас гирифтанд ва дар ниҳоят танҳо исми Бобоназарова ба райъгирӣ гузошта шуд.
Хонум Бобоназарова, дар ҳафтаи гузашта аз сӯи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба унвони номзади ягона пешниҳод шуда буд.
Эътилофи ИНИТ дар се моҳи пеш ба шумули ҳизбҳои наҳзати исломӣ, сотсиал - демократ ва шахсиятҳову масъулони созмонҳои маданӣ ташкил шуда буд.
Муҳиддин Кабирӣ, расиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баромади худ дар ин анҷуман гуфт, ки "мо номзад интихоб кардем ва вориди интихобот мешавем." Кабирӣ дар мавриди он ки чаро ҲНИТ аз ҳизб номзад пешниҳод накард, гуфт, "мо ба номзади ИНИТ эътимод дорем." Ҷаноби Кабирӣ афзуд интихоби Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун номзади ягона "интихоби Кабириву анҷуман нест, ин ин интихоби Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст." Ба гуфти вай, бо номзади пешниҳодкардааш ИНИТ мехоҳад Тоҷикистонро ба як кишваре табдил диҳанд, ки "дигар ягон мансаби давлатӣ мерос набошад."
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар суханронии худ аз номзадии Бобоназарова ҷонибдорӣ карда гуфт, "Бобоназарова номзади арзанда аст."
Вале баъзеҳо аз пешниҳод ё ҷонибдорӣ кардани ба истилоҳ исломиҳо аз номзадии зан эрод гирифта буданд. Дар ин маврид Тӯраҷонзода гуфт, "баъзеҳо эрод мегиранд, ки мо занро ба номзадии президентӣ интихоб кардем. Мо кишвари дунявӣ дорем. Тоҷикистон кишвари исломӣ нест, ки роҳбарии занро манъ кунад."
Ойниҳол Бобоназарован гуфт, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992) вайро барои гӯё "исломӣ" буданаш 3 сол ҳабси хонагӣ кардаанд. Ҳамчунин вай афзуд, вақте қонун дар бораи манъи ҷавонон ба масҷид рафтан баромад, "ҳатто қозиёт ва муллоҳо садо баланд накарданд ва ҳамин занҳои берӯймол садо баланд карданд."
Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки агар президент шавад, ҳамаи он камбудиҳое, ки ҷомеа мехоҳад, иҷро мекунад ва ҳатто пас аз чор сол аз сари қудрат меравад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба фарқ аз интихоботи порлумонӣ, анҷумани худро дар дафтари ин ҳизб барпо кард.Хабарнигори Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки дар кори анҷуман беш аз 300 меҳмон, шахсиятҳои сиёсӣ, намояндагони сафорату созмонҳои байналмиллалӣ ва коршиносон ҳузур доранд.
Дар интихоботи порлумонии соли 2010 ҲНИТ анҷумани худро дар толори Кохи Ҷомӣ, дар маркази шаҳри Душанбе доир карда буд ва ҳатто ҷараёни ин нишаст тариқи Интернет мустақим пахш шуд.
Пешбарии Исмонов ва ҷанҷоли навбатӣ дар ҲДТ
Анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи "Гранд-Отел" доир шудааст.
Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демократ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба анҷуман 70 вакил даъват шудаанд, ки то кунун 50 нафари онҳо ҳозир шудаанд. Анҷуман Исмоновро номзад интихоб кард, вале 5 вакил, бо шумули Мамлакат Ҷайчиева, муовини аввали раҳбари ҳизби демократ ва Раҷаби Мирзо, раҳбари созмони душанбегии ҳизб ба сурати муваққат узвияти худ дар ин ташаккули сиёсиро, ки дар пайи чандин пошхӯрии солҳои охир хеле заиф шудааст, боздоштаанд.Онҳо сабаби эътирози худро ба вуҷуди мухолифатҳои дохили ҳизбӣ рабт додаанд.
Бухориев - номзади ҳизби аграрӣ
Ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ, ки академик Амир Қарақулов раиси он аст, дар анҷуманаш Толиббек Бухориев, муовини раиси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба унвони номзади ин ҳизб ба мақоми президентӣ муаррифӣ ва бо аксарияти оро пешбарӣ шудааст. Толиббек Бухориев танҳо фарде буд, ки номи вай барои номзадӣ ба раъйгирӣ гузошта шуд.
Анҷумани ҳизби аграрии Тоҷикистон(ҲАТ) бо ширкати ҳудуди 100 вакил дар қарогоҳи ин ҳизб дар бинои Пажӯҳишгоҳи чорводории Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем баргузор шуд.
Ҳизби аграрӣ соли 2005 ташкил шуда, дар интихоботи президентии соли 2006 Амир Қароқӯлов, раҳбари ин ҳизб ҳамчун номзад ширкат карда буд.
Ба иттилоъи масъулонаш, ин ҳизб 29 ҳазор узв дорад, вале нозирони умур мегӯянд, ҲАТ як "ҳизби кисагӣ"-и ҳукумат аст, ки барои алтернативӣ нишон додани интихоботҳо сохта шудааст. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин ҳизб соҳиби ду курсии парлумон шуда буд.
Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик расман номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) шуд.Анҷумани ҲНИТ рӯзи сешанбеи 17 сентябр бо аксарияти оро аз Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ин ҳизб ба интихоботи президентии моҳи ноябр ҳимоят кард. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Қосимов ва Зарафо Раҳмонӣ, ки номашон аз сӯи вакилон барои номзадӣ пешниҳод шуда буд, зимни суханрониҳо номзадии худро бозпас гирифтанд ва дар ниҳоят танҳо исми Бобоназарова ба райъгирӣ гузошта шуд.
Хонум Бобоназарова, дар ҳафтаи гузашта аз сӯи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба унвони номзади ягона пешниҳод шуда буд.
Эътилофи ИНИТ дар се моҳи пеш ба шумули ҳизбҳои наҳзати исломӣ, сотсиал - демократ ва шахсиятҳову масъулони созмонҳои маданӣ ташкил шуда буд.
Муҳиддин Кабирӣ, расиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар баромади худ дар ин анҷуман гуфт, ки "мо номзад интихоб кардем ва вориди интихобот мешавем." Кабирӣ дар мавриди он ки чаро ҲНИТ аз ҳизб номзад пешниҳод накард, гуфт, "мо ба номзади ИНИТ эътимод дорем." Ҷаноби Кабирӣ афзуд интихоби Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун номзади ягона "интихоби Кабириву анҷуман нест, ин ин интихоби Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст." Ба гуфти вай, бо номзади пешниҳодкардааш ИНИТ мехоҳад Тоҷикистонро ба як кишваре табдил диҳанд, ки "дигар ягон мансаби давлатӣ мерос набошад."
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар суханронии худ аз номзадии Бобоназарова ҷонибдорӣ карда гуфт, "Бобоназарова номзади арзанда аст."
Вале баъзеҳо аз пешниҳод ё ҷонибдорӣ кардани ба истилоҳ исломиҳо аз номзадии зан эрод гирифта буданд. Дар ин маврид Тӯраҷонзода гуфт, "баъзеҳо эрод мегиранд, ки мо занро ба номзадии президентӣ интихоб кардем. Мо кишвари дунявӣ дорем. Тоҷикистон кишвари исломӣ нест, ки роҳбарии занро манъ кунад."
Ойниҳол Бобоназарован гуфт, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992) вайро барои гӯё "исломӣ" буданаш 3 сол ҳабси хонагӣ кардаанд. Ҳамчунин вай афзуд, вақте қонун дар бораи манъи ҷавонон ба масҷид рафтан баромад, "ҳатто қозиёт ва муллоҳо садо баланд накарданд ва ҳамин занҳои берӯймол садо баланд карданд."
Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки агар президент шавад, ҳамаи он камбудиҳое, ки ҷомеа мехоҳад, иҷро мекунад ва ҳатто пас аз чор сол аз сари қудрат меравад.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба фарқ аз интихоботи порлумонӣ, анҷумани худро дар дафтари ин ҳизб барпо кард.Хабарнигори Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки дар кори анҷуман беш аз 300 меҳмон, шахсиятҳои сиёсӣ, намояндагони сафорату созмонҳои байналмиллалӣ ва коршиносон ҳузур доранд.
Дар интихоботи порлумонии соли 2010 ҲНИТ анҷумани худро дар толори Кохи Ҷомӣ, дар маркази шаҳри Душанбе доир карда буд ва ҳатто ҷараёни ин нишаст тариқи Интернет мустақим пахш шуд.
Пешбарии Исмонов ва ҷанҷоли навбатӣ дар ҲДТ
Анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон дар яке аз толорҳои меҳмонхонаи "Гранд-Отел" доир шудааст.
Бухориев - номзади ҳизби аграрӣ
Ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ, ки академик Амир Қарақулов раиси он аст, дар анҷуманаш Толиббек Бухориев, муовини раиси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба унвони номзади ин ҳизб ба мақоми президентӣ муаррифӣ ва бо аксарияти оро пешбарӣ шудааст. Толиббек Бухориев танҳо фарде буд, ки номи вай барои номзадӣ ба раъйгирӣ гузошта шуд.
Анҷумани ҳизби аграрии Тоҷикистон(ҲАТ) бо ширкати ҳудуди 100 вакил дар қарогоҳи ин ҳизб дар бинои Пажӯҳишгоҳи чорводории Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем баргузор шуд.
Ҳизби аграрӣ соли 2005 ташкил шуда, дар интихоботи президентии соли 2006 Амир Қароқӯлов, раҳбари ин ҳизб ҳамчун номзад ширкат карда буд.
Ба иттилоъи масъулонаш, ин ҳизб 29 ҳазор узв дорад, вале нозирони умур мегӯянд, ҲАТ як "ҳизби кисагӣ"-и ҳукумат аст, ки барои алтернативӣ нишон додани интихоботҳо сохта шудааст. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин ҳизб соҳиби ду курсии парлумон шуда буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад