Қиссаи маҷрӯҳони афғон, ки аксаран дар беморхонаҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон табобат мегиранд, аз сӯе агар сокинони маҳаллиро ҳайратзада кунад, аз тарафи дигар, бисёриҳо ба шунидани ин қиссаҳо одат кардаанд. Аксар муштариёни афғони ин бемористони тоҷикӣ – осебдидаҳои ҳамлаҳои силоҳбадастон ҳастанд. Дар миёни онҳо хеле кам бемороне пайдо мешаванд, ки барои табобати ғайриизтирорӣ муроҷиат кардаанд.
Қурбон валади Сурх, аз ҷумлаи чор шаҳрванди Афғонистон аст, ки ин шабу рӯз зери дасти табибони тоҷик муолиҷа мешавад. Вай сокини улусволии Ишкошими Афғонистон аст, ки аз тири як ҳамсояи худ маҷрӯҳ шудааст. "Аз рон захм бардоштам. Устухонам осеб дидаву феълан гаҷ баста шудааст. Дар Афғонистон ҳар нафаре, ки пул дорад, бо силоҳ мегардад. Давлат наметавонад ҷинояткорро сари вақт дастгир кунад. Он нафаре, ки ба мо ҳамла кард, бе ҷазо мондаву ба гурӯҳи Толибон пайваст," - мегӯяд Қурбон.
Қурбон валади Сурх афзуд, дастрасии сокинони Афғонистон ба силоҳ натиҷаи бебандубориҳои амниятӣ ва ҳам ҳузури афзояндаи Толибон дар минтақа аст. Қурбонро мисли дигар сокинони рустоҳои наздимарзии Афғонистон, дар чаҳорчӯби як барномаи Оғохон барои муолиҷа ба Тоҷикистон интиқол додаанд.
Дар маҷмӯъ, танҳо дар бемористони марказии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, тавони кумак ба 80 маризро дорад, дар ним сол 34 шаҳрванди Афғонистон табобат гирифтаанд. Мӯҳлати ҳадди аксари табобати шаҳрвандони Афғонистон дар ин бемористон то 10 рӯзро дар бар мегирад. Бештари муштариёни афғони ин бемористон баъди ҷароҳатҳои сангине мисли тирхӯрӣ ва ё аз рӯи эҳтиёҷи изтирорӣ барои амалиёти ҷарроҳӣ ба ин ҷо оварда мешаванд.
Шогунбеки Ҷӯрабек дар як утоқ бо Қурбон табобат мешавад. Ӯ мегӯяд, ки чор соли охир ба ҳайси ходими пулиси марз дар улусволии Султони Ишкошими Афғонистон ифои вазифа мекард, вале дар як шабехуни ҷангиёни мухолифи давлат чашмашро аз даст дод. Шогунбек мегӯяд, тасарруф шудани роҳҳо аз сӯи мухолифон ва сари вақт нарасидани ёрӣ аз ҷониби давлат ҳифозати марзро барои марзбонон мушкил кардааст.
“Ҳоло баъзе аз манотиқи Кундузу Бадахшон ва Вардуҷ дар дасти Толибон аст. Ҳангоме ки нафарони мо ҷароҳат мебардоранд, нерӯҳо сари вақт ба ёрии мо намерасанд. Аз ҳамин сабаб, аксарияти нафарони худ ва ҳамчунин муҳимоти ҷангиро аз даст медиҳем. Дар ҳар як нуқтаи сарҳадӣ ҳудуди 400-500 нафар хидмат мекунад ва ин шумора ҳам кифоят намекунад, ки 600 то 800 километр роҳро ҳифозат намоянд,” - гуфт Шогунбек.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистон, ки 1300 километр хатти марз бо Афғонистон дорад, ҳамеша аз ноамниҳои ин кишвари ҳамсоя нигарон аст. Дар як соли охир вазъ дар шимоли Афғонистон ноамн шуда, чандин минтақа зери назорати ҷангиёни мухолифи давлат, аз ҷумла Толибон, гузаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки марз бо Афғонистон таҳти назорати шадид аст ва дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ, нирӯҳои ин кишвар омода ҳастанд, бо душман муқовимат кунанд.
Аксар сокинони Ишкошими Тоҷикистон ҳам бовар доранд, бо вуҷуди таҳдидҳо вазъ дар марз идорашаванда аст. Саид Саломатов, сокини 55-солаи ин ноҳия мегӯяд, новобаста ба он ки онҳо дар марз бо Афғонистон ба сар мебаранд, аммо худро амн эҳсос мекунанд. Вай гуфт, “мардум бо нерӯҳои марзбонӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар сурати рух додани кадом ҳодисаи нохуш дарҳол онҳоро хабардор мекунанд. Мо низ ҷонибдори он ҳастем, ки дар Афғонистони ҳамсоя ҳар чӣ зудтар оромӣ шавад.”
Ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор аҳолӣ дошта, зиёда аз 12 дарcади онҳо дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Мардуми ин минтақа асосан аз ҳисоби кишоварзӣ зиндагии худро пеш мебаранд. Тибқи омор дар ноҳияи Ишкошим ҳамагӣ 300 нафар фаъолияти соҳибкорӣ доштаанд.
Аммо бо ин ҳам мардуми ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон мегӯянд, муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ба вазъи иҷтимоии онҳо ҳам таъсир гузоштааст. Ба гуфтаи онҳо, ним сол ба ин сӯ бозори наздимарзӣ баста шудааст, ки маъмулан мардуми ҳарду ҷониби марз ҳафтае як бор имкон доштанд моли якдигарро харидаву бифурӯшанд. Дар минтақаи Бадахшон се бозори наздимарзӣ фаъол буда, бозори Ишкошим калонтарин маҳсуб меёфт.
Бибимоҳ Давлатова, сокини 51-солаи ноҳияи Ишкошим дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “мардум дар ин бозор метавонист бо нархи арзон маҳсулоти ниёзи аввалро харидорӣ кунад. Мардум дар ин ноҳия аслан бо маош зиндагӣ мекунанд ва баста шудани бозор зиндагиро мушкилтар кард. Ҳоло аз шаҳри Душанбе маҳсулот оварда мешавад, ки ба нарх низ таъсир мерасонад. Барои мисол агар аз бозори наздимарзӣ чойро бар ивази 2,5-3 сомонӣ мехаридем, ҳоло то 30 сомонӣ мехарем.”
Бо ҳама мушкилоте, ки ҳаст, сокинони Ишкошими Тоҷикистон суботу оромиро авлотар аз бартариҳои иқтисодӣ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ҳама чиз нисбӣ аст ва шояд барои сокинони Афғонистони ҳамсоя фаъолияти ҳамин як бемористони маҳалливу имкони кор дар саҳро, иртибот бо марказу сафарҳо ба Русия, ки ишкошимиҳои Тоҷикистон доранд, худ як давлат аст.