Як сокини шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) чанд рӯзи ахир дар миёни ҳамсояҳо сари забон шудааст.
Панҷ рӯзи пеш, замоне, ки мехост дар як кунҷи ҳавлиаш ташноби наве бисозад ва бо ин ҳадаф ба кандани чуқури замин шурӯъ кард, ду хумеро пайдо кард, ки дар дохилашон устухон ва косахонаи сари инсон будааст. Дар ҳоле, ки ҳарфи ниҳоиро дар бораи табиати бозёфтҳои ёфтшуда,
Он замон мардуми сокини қаламравҳои Осиёи Миёна асосан пайрави дини Зардуштӣ буданд. Ба бовари онҳо, “ҷасад заминро ифлос мекунад” ва ба ин хотир ҷасадро дар хумҳо гузошта баъд ба хок месупорданд.
арзиши таърихиву археологии онҳо бояд бостоншиносону дигар донишмандон бигӯянд, арзёбиҳои муқаддамотӣ мегӯяд, ки ин қабрҳо ба асрҳои пеш аз милод рабт дорад.
Шамсиддин Ҷалолов, сокини 33-солаи кӯчаи Баҳори шаҳри Бохтар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, аз пайдо кардани кӯза нахуст хеле шод шуд, чун якбора баумед шуд, ки шояд аз дохили он ҷавҳару тангаҳои арзишманде пайдо мешавад. Вале чун аз дохилаш на танга, балки устухонпораҳо, хусусан косахонаи сар пайдо шуд, ҳамон замон ба мақомот хабар дод. Ҳоло бозёти таърихии ӯро ба Душанбе бурдаанд, ки ташхиси бостоншиносӣ анҷом диҳанд.
"Кӯзаро кофтем, ки каллаи одам баромад"
Шамсиддин Ҷалолов мегӯяд, ки намедонистааст, ки хонаи ӯ дар болои бозёфтҳои муҳими таърихӣ сохта шуда ҳоло бисёр мехоҳад натиҷаи таҳқиқоти илмии онро бишнавад ва бидонад, ки ин бозёфтҳо байнгари кадом қарну кадом таъриханд:
"Ҷуқурӣ мекандем, ки як кӯза баромад. Боз кофтем, ки кӯзаи калон пайдо шуд. Гирифта дохили кӯзаи аввалро кофтем, ки як калаи пусидаи одам пайдо шуд, боз устухонҳои майдачуйда низ пайдо шуд. Кӯза калон аст, аз як метр калонтар аст. Дар хонаамон то ин вақт чизе пайдо накардем, боз ҷояшро кофтем, ки чизе пайдо шавад, вале нашуд."
Хумҳое, ки гуфта мешавад бештар аз як метр баландӣ доштаанд, рӯзи 13 апрел пайдо шудаанд. Якеаш дар натиҷаи ба бел расидан шикаста, вале дигараш дар ҳолати хуб аз сӯи гурӯҳи бостоншиносон ба Душанбе бурда шудааст.
Давраи Кушониён аст?
Шералӣ Қосим, як масъули идораи фарҳанги шаҳри Бохтар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ аз қавли намояндагони Вазорати фарҳанг гуфт, ки хумҳои пайдошуда ба давраи Кӯшоёниён рост меояд. Ҷаноби Қосимов гуфт, дар ин шаҳр дар соли 1998 вақте, ки муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро мегузоштанд, ба ин монанд хумҳо дохилашон косахонаҳои сари инсондошта пайдо шуда буд, ки бештари онҳо шикаста нобуд шудаанд.
Шарофиддин Қурбонов, номзади илмҳои таърих, ки хумҳои ахиран пайдошудаи шаҳри Бохтарро дидааст, мегӯяд, ин бозёфтҳо ба давраҳои Юнону Бохтар, яъне асри 3-2-и пеш аз милод шабоҳат доранд.
Шарофиддин Қурбонов гуфт, он замон мардуми сокини қаламравҳои Осиёи Миёна асосан пайрави дини Зардуштӣ буданд. Ба бовари онҳо, “ҷасад заминро ифлос мекунад” ва ба ин хотир ҷасадро дар хумҳо гузошта баъд ба хок месупорданд.
Зимнан, дар бораи бозёфтҳои ҳамсон дар натиҷаи ҳафриёти донишмандони маъруф дар қаламрави вилояти Хатлони имрӯза муаллифи китоби илмии таърихии “Тоҷикон” Бобоҷон Ғафуров ҳам навишта буд. Шарофиддин Қурбонов дар бораи ошкоршавии бозмондаҳои ҷасади инсон гуфт: "Аз кӯчаи Баҳор ба мо хабар доданд, омада санҷиш ва кори бостоншиносӣ гузаронидем. Маълум шуд ба асри се-дуи пеш аз милод рост меояд. Аз зери девор пайдо шудааст. Дар ҳақиқат аз замони Юнону Бохтар аст, ки то асри 4 мелоди рост меояд. Ин қабрҳо дар Панҷакенти қадим низ мавҷуд буд."
Бостоншиносон мегӯянд, ки бо вуҷуди сипарӣ шудани беш аз 22-23 қарн, ҳанӯз ҳам гоҳо чунин бозёфтҳо пайдо мешаванд.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар водии Вахши вилояти Хатлон низ дар як моҳи ахир ду хуми дигар бо ҷасад ва косахонаи сар пайдо шудааст, ки ҳоло онҷо кори бостоншиносӣ идома дорад ва баъди анҷоми кори бостоншиносӣ гузориш медиҳанд, ки ба кадом солҳо рост меояд.
Дар вилояти Хатлон ҳудуди 500 ёдгории таърихӣ аст, ки бостоншиносон мегӯяд дар аксарияти онҳо корҳои бостоншиносӣ анҷом нашудааст. Яке аз онҳо Чоргултеппа, як бахши Аҷинатеппа мебошад, ки макони маъбади буддоӣ дар водии Вахш аст. Аз Аҷинатеппа фигураи 12-метраи буддо ва беш аз 500 ёдгории таърихӣ пайдо шудааст, вале дар Чоргултеппа корҳои бостоншиносӣ анҷом нашудааст.