Навори фиристодаи хонандаи Озодӣ Акобири Саидзод дубора моро ба ёди Абдулло ЧСултон, ин овозхони фақид, ки ҳама аз Яғноб месуруд, бурд.
Акобири Саидзод дар поварақи навор танҳо як ҷумла навиштааст, ки мухлиси таронаҳои Абдулло Султон аст. Абдулло Султон аз овозхонҳои маъруф ва пажӯҳишгари таъриху фарҳанги мардуми Яғноб буд. Ӯ моҳи сентябри соли 2010 дар синни 55 аз саратони мағз даргузашт.
Ҳаёти ҳунарии Абдулло Султон бо ду ансамбли "Шашмақом" ва "Дарё" сахт тавъам аст. Таронаҳои “Мустазод”, “Дуъои модар” ва “Тоҷикистон”-и ӯ дар хазинаи тилоии кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон сабт шудааст. Аммо ӯ бештар ҳамчун сарояндаи таронаҳои мардуми Яғноб шӯҳрат дошт. “Яғнобба обаш ширин”, “Яғнобба мурам”, "Яғноби шамолвабо" ва “Духтари яғнобӣ” аз чунин таронаҳоянд ва Абдулло Султон онҳоро чунон бо маҳорат ва самимона месуруд, ки мухлисонаш фикр мекарданд, ки ӯ худ низ яғнобист. Ҳол онки Абдулло Султон дар тамоми умраш танҳо як дафъа аз дараи пурафсонаи Яғноб дар кӯҳистони водии Зарафшон дидан карда будааст.
Мардуми Яғноб, ки шуморашон тақрибан 13 000 нафар тахмин зада мешавад, бо як забони хоси худ гуфтугӯ мекунанд, ки вориси забони суғдиву намояндаи оилаи забонҳои қадимаи эронии шарқӣ ба шумормеравад? Забоншиносон бар ин назаранд ки ин забон аз нигоҳи қаробат бо забони осетинӣ, ки низ аз хонаводаи забонҳои эронист, наздиктар аст, то ба тоҷикӣ. Дар асри 20 давлати Шӯравӣ аксари ин мардумро аз дараи душворгузари Яғноб ба водиҳои Ҳисору Вахш ва Зафаробод муҳоҷир кард, вале боз ҳам теъдоде аз яғнобиҳо дар ватани бобоии худ ба сар мебаранд.
Ин навори фиристодаи Акобири Саидзод ҳокист, ки меҳри овозхони фақид Абдуллои Султон дар дили мухлисонаш то ҳол чӣ қадар боқӣ мондааст. Дар воқеъ, "ҳаргиз намирад онки дилаш зинда шуд ба ишқ."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад