Нилуфар Ортиқоваи 27-сола, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, давоми панҷ рӯзи охир ҳамоно дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва на мақомоти интизомии шаҳри Турсунзода ва на пайвандонаш аз ӯ дараке надоранд. Дар ин муддат танҳо дар ду дафъа зани монанд ба ӯро дар хиёбонҳои Душанбе дурбинҳои "Шаҳри бехатар" сабт кардаанд, вале талоши пайдо намудани Нилуфар дар он ду маҳалла бенатиҷа анҷомид.
Дар муддати чор рӯз ду дафъа зани монанд ба Нилуфарро дурбинҳои видеоии “Шаҳри бехатар” дар хиёбонҳои Душанбе сабт кардаанд.
Нилуфар Ортиқова шоми 30 декабри соли 2016 бо сару либоси сабук ва номуносиб ба сардиҳои зимистон аз хонаи падар дар шаҳри Турсунзода берун рафта ва эҳтимол дорад, ҳоло дар Душанбе бошад. Наздикони Нилуфар мегӯянд, ки рӯзи 30 декабр ба Шӯъбаи корҳои дохилии Турсунзода ариза дода, ҷустуҷӯи ӯро дархост карданд, вале ходимони пулис ҳам ҳанӯз дараки ӯро наёфтаанд.
Дар яке аз мавридҳо дар дурбинҳои "Шаҳри бехатар" дида мешавад, ки зане монанд ба Нилуфар рӯзи 3 январ ба назди хобгоҳи Донишгоҳи кишоварзӣ меояд, вале посбон ӯро ба дохил роҳ намедиҳад. Посбони хобгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз чанд тан аз пайвандони Нилуфар ба суроғаш омаданд, вале дар инҷо пайдо накарданд.
Наздикон бовар доранд, мушкилоти равонии духтари аз шавҳар ҷудошудаашон боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ӯ гардидааст. Онҳо мегӯянд, мушкилоти равонии духтар баъди оиладор шуданаш сар шуд ва пас аз тоқатфарсо шудани зиндагӣ дар манзиле, ки, ба таъкиди наздикон, пур аз хушунат буд, ба хонаи падар баргашт. Ин ҷавонзан соҳиби як фарзанд буда, ҳоло кӯдакашро волидон нигоҳубин мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нилуфар мехост соҳиби касбу ихтисос шавад
Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар, рӯзи 3 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Вақте Нилуфар аз хона фирор кард, бо пои бараҳнаву либоси хона гурехт. Мо фикр кардем, бо ин лисбос аз шаҳри Турсунзода берун намешавад, вале вақте ба ман гуфтанд ки дар Душанбе ӯро дидаанд, имрӯз ба пойтахт омадам ва дар наворҳои “Шаҳри бехатар”-и ВКД ӯро дидам, ки ду бор сабт шудааст. Дирӯз ҳангоми гузаштан аз роҳи назди Донишгоҳи кишоварзӣ мушоҳида шудааст, ки мехост ба хобгоҳи донишгоҳ равад. Ман Нилуфарро шинохтам, дар пояш кафшҳои тунуки тобистона ва дар танаш хилъат дошт. Шояд касе раҳмаш омада ба вай додааст, вай базӯр ҳаракат мекунад."
Наврӯз Ортиқзода аз хонандагони сайти Радиои Озодӣ хост, ки дар пайдо кардани хоҳараш ёрӣ кунанд. Дар сӯҳбат наздикони Нилуфар иддао мекунанд, ки духтарашон дар зиндагии хусусӣ хушбахт набуд, гӯё латту кӯб мешуд ва ниҳоят бо ҳамин сабаб ҳам ҳолати равониаш коста шуд. Ду соли охир баъди тарки манзили шавҳар дар ноҳияи Ваҳдат Нилуфар дар хонаи падар зиндагӣ мекард.
Ҳамсараш: Хушунат набуд
Вале ҳамсари собиқи Нилуфар, ки аз нопадидшавии ӯ хабар надошт, гуфт, тамоми иттиҳомоти хонаи ҳамсари собиқаш “дурӯғ ва тӯҳмат” аст. Беҳрӯз, шавҳари собиқи Нилуфар, ки сокини ноҳияи Ваҳдат аст, рӯзи 3 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гоҳ ба сари ҳамсараш даст набардошта ва нисбат ба ӯ хушунатро раво надидааст. Ӯ афзуд, “ин гапҳо асос надорад, ман ҳеҷ гоҳ ӯро на латту кӯб кардаам ва на хушунат. Нилуфар аз замоне ки зиндагии хонаводагии мо шурӯъ шуд, бемории руҳӣ дошт ва дар беморхонаи Турсунзода ва дар шаҳри Душанбе табобат гирифтааст. Мо ду сол мешавад зиндагии якҷоя надорем.”
Нилуфар Ортиқова тариқи квотаи президентӣ ба Донишгоҳи аграрӣ дохил шуда дар соли севум таҳсил мекард. Ба қавли наздиконаш, ӯ аз хурдӣ як духтари рӯшанфикру китобдӯстдор буд, дар мактаби миёна хуб таҳсил кард ва мехост ба ҷое бирасад. Баъд аз хатми мактаб ба Техникуми молии шаҳри Турсунзода дохил шуда, давоми шаш сол ба ҳайси интиқолдиҳандаи пул дар як гӯшаи Бонки рушди Тоҷикистон кор кард. Баъди дучор шудан ба бемории рӯҳӣ як муддат табобат гирифт ва баъд ба кор дар “Агроинвестбонк” гузашт.
Вале ҳоло тамоми хонавода духтари нопадидшудаи худро ҷустуҷӯ дорад ва аз ҳамаи онҳое, ки Нилуфарро дидаанд, дархост мекунанд, ки дар пайдо карданаш кумак кунанд. Шумораҳои телефони наздикони Нилуфар чунин аст: 907 58 85 65 ё 919 76 63 36
Матбуоти тоҷик дар гузашта бештар дар бораи ҳодисаҳои нопадидшавии атфоли тоҷик хабар дода гуфтааст, ки соли 2013 аз 232 ноболиғи гумшуда 227 нафарашон пайдо шуданд.