Коршикании ҳамкорони табиби рабудашудаи тоҷик дар Яман

Гулрухсор Рофиева.

Ҳудуди 70 табиб ва кормандони амниятиву фаннии шифохонаи аскарии шаҳри Маъриби Яман бо нишони эътироз аз рабуда шудани ҳамшираи тоҷик Гулрухсор Рофиева коршиканӣ карданд.

Манучеҳр Абдуев, намояндаи ширкати “Здравэкспорт”-и Русия, ба Радиои “Озодӣ” гуфт, рӯзи 1 ноябр, духтурон ва кормандони дигари шифохонаи аскарии шаҳри Маъриб ба кор баромаданд, аммо ба иҷрои вазифаҳои худ напардохтанд: “Ин як намуди эътироз аст ва ҳадафаш маҷбур кардани ҳукумати Яман ба манзури ба зудтарин фурсат пайдо кардани илоҷи раҳоии ҳамшираи тоҷик Гулрухсор Рофиева аз дасти одамрабоён аст. Ин ибтикори худи духтурони яманӣ буд, ки ба онҳо тоҷикон, ӯзбакҳо, русҳо, мисриҳо ва намояндагони дигар миллатҳо ҳамроҳ шуданд. Мо медонем, ки қазия таҳти назорати шахсии губернатори вилояти Маъриб аст. Сарони ақвом ҳам даст ба кор ҳастанд, зеро дуздии зан дар Яман амали нангин аст.”

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯз 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр ҳангоми рафтан ба кор рабуда шуд.

Сомонаи "Яманот" рӯзи шанбе ба нақли қавл аз рӯзномаи "Ас-Сиёса"-и Кувайт аз қавли як мақоми амниятии Яман хабар додааст, ки ҷои нигаҳдории табиби рабудашудаи тоҷикро муайян кардаанд ва то чанд соати дигар ӯ раҳо хоҳад шуд. Вазорати умури дохилии Яман гуфтааст, ки табиби рабудашудаи тоҷикро ба Абайда ё Убайда, минтақаи аз контроли ҳукумат берун бурдаанд ва ҳоло бо миёнҷигарии бузургони қавмӣ барои раҳоии ӯ дар талошанд.

Ин бори аввал нест, ки як шаҳрванди хориҷӣ ба гаравгон гирифта мешавад. Тайи ду соли ахир мавориди рабуда шудани як табиби ӯзбак, ҳамчунин шаҳрвандони Бритониё, Олмон, Булғористон, Лаҳистон низ иттифоқ афтода буд. Бно ба ахбори расонаҳо, одамрабоён ҳатто мехостанд сафири Олмон дар ин кишварро соли гузашта рабоянд. Соли 2011 табиби тоҷик - Ҳомид Овчибоев 43 рӯз дар дасти одамрабоён буд. Дар ивази раҳоии Ҳомидҷон Овчибоев аз давлати Яман барои қурбониёни як ҳамлаи хунини ҳавоии ду соли пеш, ки болои он қабила шуда буд, 200 миллион доллар талаб доштанд.

Ба қавли Манучеҳр Абдуев, дар қазияи Гулрухсор Рофиева ҳанӯз шарте дар миён нест ва одамрабоён ҳанӯз бо касе робита барқарор накардаанд. Вай мегӯяд, мақомоти амниятии Яман аз асли қазия бештар хабардоранд, аммо дар ин бора иттилоъ намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол наздикони Гулрухсор Рофиева, ки аз рабуда шудани вай дар Яман рӯзи 30 октябр тариқи расонаҳои интернетӣ огоҳ шудаанд, мегӯянд, дар ҳолати шок қарор доранд ва намедонанд барои кӯмак ба куҷо ва ё кӣ муроҷиат кунанд. Шоҳрух Рофиев, бародари ҳамшираи шафқати дар Яман рабудашуда Гулрухсор Рофиева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш бояд моҳи ноябр ба Тоҷикистон бармегашт. Вай дар як тамоси телефонӣ рӯзи 28 октябр -- як рӯз қабл аз рабуда шудан, ба наздиконаш ин хабари хушро расонида, гуфтааст рӯзи 13 ноябр чиптаи бозгашт дорад.

Гулрухсор бо писаронаш Искандар ва Суннатулло.

Бародари Гулрухсор мегӯяд, ба зангҳои пай дар пайи онҳо ба телефони Гулрухсор касе ҷавоб намедиҳад ва ба ҷуз аз маълумоте, ки дар расонаҳо дар бораи рабуда шудани хоҳараш оварда шудааст, дигар чизе намедонанд: “Мо ба табибоне ҳам, ки аз Панҷакентанду дар Яман кор мекунанд, занг задем, аммо гуфтанд, дар бораи Гулрухсор хабаре надоранд, намедонанд, ки ӯ дар куҷо ҳасту дар чӣ ҳол.”

Ба гуфтаи Шоҳрух, хоҳараш 5 сол пеш бо як қарордоди панҷсола ба ҳайси ҳамшираи шафқат барои кор ба Яман рафтааст, соле қабл ӯ як бор ба Тоҷикистон омада, имсол қарордодаш ба поён мерасидааст ва ӯ ҳам дигар бояд ба назди волидону фарзандон бармегаштааст. Шоҳрух мегӯяд: “Падару модарам ва мо мегуфтем, ки дар ин нооромиҳо дигар баргардад, бас аст, вале вай мегуфт, қарордодаш ба охир, ки расид, бармегардад. Имсол акнун қарордодаш ба охир расид ва бояд бармегашт, дигар намедонем акнун чӣ мешавад.”

Гулрухсор омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакентро хатм карда, то сафар ба Яман, дар таваллудхонаи ҳамин шаҳр кор мекардааст. Вай, ки тарбияи ду фарзандро ба танҳоӣ ба ӯҳда доштааст, бо машварати табибоне, ки дар Яман кор кардаанд, ба ин сафар баромадааст. “Аз шавҳараш ҷудо шуда, ду фарзанд дошт, зиндагӣ дошт, барои пешбурди зиндагиаш рафт. Бачаҳоро падару модарам нигоҳубин мекарданд. Ман намедонам, ки ӯ чӣ қадар маош мегирифт, аммо мегуфт ҳама хуб аст, зиндагӣ ва ҷои кору зисташ хубаст. Мушкиле надорад.”

Гулрухсор бо ду писар ва волидонаш зуд –зуд тариқи скайп тамос мегирифтааст ва дар ин сӯҳбатҳо аз кору зиндагиаш дар Яман аслан шикоят намекардааст. Шоҳрух, бародари Гулрухсор мегӯяд, дар Яман дигар онҳо ягон нафари наздике ҳам надоранд, ки барои дарёфти хабару маълумоте дар бораи Гулрухсор ба онҳо кӯмак кунанд. Наздикони ҳамшираи рабудашудаи тоҷик дар Яман, дар шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳоло ягона умедашон ба Худо аст. Онҳо ҳар замон сомонаи "Озодӣ" ва дигар расонаҳоро хабар мегиранд, то ягон иттилои наве дар бораи духтари худ пайдо кунанд.

Тоҷикистон дар Яман сафорат ё ягон намояндаи дипломатӣ надорад. Ҳалли масоили будубош ва кори шаҳрвандони тоҷик ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар Яман асосан дар дасти сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва намояндагони тоҷики ширкатҳои русист, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Яман бурдаанд.

Яман як кишвари воқеъ дар нимқораи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фарқрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.

Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон барои кор ба Яман мераванд. Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, айни ҳол дар ин кишвар аз ҳисоби ходимони тиб дар маҷмӯъ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебарад.