Қории Ёвонӣ, овозхоне ки дили бино дошт

Созҳои мусиқӣ ва либосҳои саҳнавии Тағоймурод Хушвақтов, маъруф ба "Қории Ёвонӣ"-ро ба хонаводаи ин овозхони фақид пас супурдаанд.

Хонаводаи ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвахтов, машҳур ба “Қории Ёвонӣ” мегӯяд, ки баъди овардани даҳҳо асбоби мусиқӣ ва ва сару либоси саҳнавии овозхон аз осорхонаи ноҳия ба манзили зисти ӯ эҳсос мекунанд, ки “Қории Ёвонӣ”-ро дубора зинда карданд. Мақомот осори “Қории Ёвонӣ”- ро дар ҳоле ба хонаводааш доданд, ки осорхонаи маҳаллӣ тахриб шуд ва маълум нест, ки бинои нави он кай сохта мешавад.

Аз марги Тағоймурод Хушвахтов, ин овозхони нобино, ки садои камназир дошт, 14 сол сипарӣ шуд. Аммо таронаҳои “Қории Ёвонӣ” дар ҳамаи ин муддат аз фонди тилоии радиои Тоҷикистон ва аз мошинҳои мухлисонаш ҳамеша баланд садо медиҳад.

Қурбоной Очилдиева, ҳамсари 65-солаи “Қории Ёвонӣ”, либозҳои саҳнавии ӯро бо муҳаббат навозиш мекунад. Ӯ мегӯяд баъди ба хона овардани сару либоси ҳамсари марҳумаш ин эҳсосро дорад, ки худи овозхон ба хона баргаштааст.

Қурбоной Очилдиева

“Ҳамеша мехостам, ки либосҳои шавҳарамро аз осорхона ба хонаам биёрам, дар лаҳзаҳои танҳоӣ дар оғӯшам бигирам. Тахриби осорхона баҳонаи хубе шуд, ки ба орзуям расидам,” - мегӯяд ҳамсари аввали “Қории Ёвонӣ”.

12 фарзанд аз ду ҳамсар, ки баъди марги Қорӣ дугона шуданд

Қурбоной Очилдиева барои овозхони машҳур 10 фарзанд таваллуд кардааст. Ду фарзанди дигар аз ҳамсари дуввуми ин овозхон ба дунё омаданд.

“Шавҳари ҳунармандам бо истифода аз маҳбубияташ бо зани дигаре издивоҷ кард ва соҳиби ду фарзанди дигар шуд. Аввалҳо рашк мекардам, вале дигар рашк надорам, дугона шудаем бо ҳамсари дуюми Тағоймурод, рафтуомадамон хуб аст. Бачаҳои ӯ маро модар мегӯянд, ҳар боре маро манро модар садо мекунанд, аз даҳонашон даҳ модари дигар мебарояд," - мегӯяд Қурбоной Очилдиева.

Мероси ҳунарии сабтшудаи Тағоймурод Хушвахтов зиёда аз 600 таронаро дар бар мегирад, аммо наздикону шогидонаш мегӯянд, ки бинобар ширкати аз ҳад беш дар тӯю маросимҳо садҳо таронаи дигари ӯ сабтношуда монд.

“Қории Ёвонӣ” рӯзи 8 майи соли 2002 дар зодгоҳаш ноҳияи Ёвон даргузашт. Мухлисонаш ӯро бо навои беҳтарин таронааш - “Ман он абрам” - ба хок супурданд.

Ёде аз Қории Ёвонӣ

Нобино, вале усто буд...

Бо он ки Тағоймурод Хушвахтов нобинои том буд, наздиконаш мегӯянд, ноқилҳои барқие, ки овозхон 14 сол пеш бо дасти худ таъмир карда буд, то имрӯз ба ин хонавода хизмат мекунанд.

Салоҳиддини Убайдулло, директори хонаи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон ва яке аз шогирдҳои Тағоймуроди Хушвахт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки устодаш натанҳо хунёгари нотакрор, балки як марди заминии комил буд ва агарчӣ нобино буд, вале ҳамаро бо чашми дил медид.

Ӯ меафзояд: "Устод Тағоймурод аз модар як шахсияти комил ба дунё омада буд, нобино буд, вале ҳиссиёти дарк карданро дошт. Дарзмолро кушода тармим мекард ва ба болои бом баромада тармим мекард. Як нафаро агар даҳ сол пеш дида бошад ҳам, бори дигар агар медид, аз садояш мешинохт. Агар баъди 10 сол медид, бидуни шунидани садояш ӯро мешинохт. Афсӯс, ки орзуҳояшро бо худ бурд, мехост, ки таронаҳои бештаре иҷро кунад."

Ғамгин мурд, аммо пеш аз дафн ханда кард

Акмал Хушвахтов

Аз 12 фарзанди “Қории Ёвонӣ” танҳо Акмал Хушвахтови 27-сола касби падарро интихоб кардааст. Ӯ мехоҳад таронаҳои носурудаи падарашро ба итмом расонад. Акмал Хушвахтов мегӯяд: “Ба овозхонӣ завқ надоштам, дар як муҳите, ки тобут дар миёни ҳавлиямон буд, мехостанд, ки тобутро барои хоксупорӣ баранд, як ҳиссе манро ба назди падарам бурд, маҷбур кардам, ки кафанро кушоянд. Кушоданд, гуфтам, ки падар дуоям деҳ, ки ман ҳунарманд мешавам. Ба назарам, ки чеҳраи падарам бозтар шуд, мисле ки табассум кард.”

“Қории Ёвонӣ” бо ҳуруфи Брайл ошно набуд ва таронаҳояшро дар қироати дигарон аз ёд мекард ва мусиқӣ мебаст. Тағоймурод Хушвахтов, ки соли 1949 аз модар нобино ба дунё омада буд, даҳҳо нобинои дигарро, ки овози ширин доштанд, барои ҳунарнамоӣ дар назди мардум такон дод.

Давраи маъруфияти “Қории Ёвонӣ”, ки бо сароидани таронаҳои мардумӣ ва мазҳабӣ шӯҳрат ёфт, ба солҳои 1970 - 1990 рост меояд. Дар он давра таронаҳои ӯ пайваста аз радиову телевизион пахш мешуданд, тӯйдорҳо мехостанд маҳз ҳамин овозхон маъракаашонро обод кунад. Тағоймурод Хушвахтов дар ҳамин давра дар фестивали мусиқии "Фаҷр" дар Эрон иштирок кард ва борҳо ба Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа сафарҳои ҳунарӣ дошт.

Тағоймурод Хушвахтов соли 2002 аз бемории қалб вафот кард. Ҳукумати ноҳияи Ёвон ҳамасола маросими ёдбуди “Қории Ёвонӣ”-ро дар доираи ёрону наздикон ва ҳаводорони таронаҳояш баргузор мекунад. Барои поси хотири ин овозхон, соли 2005 Кохи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвонро ба номи Тағоймурод Хушвахтов гузоштанд ва соли 2006 нимпайкараи ӯ дар назди ин Кох насб гардид.

Чанд видеое, ки дар сомона мебинед, аз бойгонии хонаводаи ҳунарманд барои хонандагони сомонаи Озодӣ тақдим шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қории Ёвонӣ зинда аст, мегӯяд ҳамсараш