Тоҷикистон барои раҳоии Гулрухсор аз Русия кӯмак хост

Гулрухсор Рофиева

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуд барои раҳоии ҳар чӣ зудтари табиби рабудашудаи тоҷик дар Яман, истифода мебарад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8 ноябр бо нашри як иттилоия дар робита ба рабуда шудани табиби тоҷик дар Яман гуфт, ки "ҳодисаи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Рофиева Гулрухсор дар Ҷумҳурии Яман мавриди таваҷҷӯҳи пайваста қарор дорад ва Вазорати корҳои хориҷӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои ҳарчи зудтар озод шудани ӯ истифода мекунад.”

Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, ки сафорати Тоҷикистон дар кишвари Арабистони Саудӣ бо мақомоти Яман ва намояндагони ширкати “Здравэкспорт”-и Русия, ки ин табиби тоҷик бар пояи як қарордод бо ин ширкат ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи маҳаллии минтақаи Маъриб кор мекунад, ҳамвора дар тамос аст. Тибқи ин иттилоия, бо супориши вазорати умури хориҷӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар низ барои ҳалли қазия даст ба кор шудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, тариқи сафорати Русия дар Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Яман барои кӯмак дар раҳоии Гулрухсор Рофиева ва сиҳату саломат ба кишвар баргаштани ӯ дархости мусоидат кардааст.

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯз 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд ва нопадид гашт.

БАРОДАРИ ГУЛРУХСОР ҚАСДИ САФАР БА ЯМАНРО ДОРАД

Бародари табиби рабудашудаи тоҷик дар Яман Гулрухсор Рофиева қасд дорад, ки барои ҷустуҷӯи хоҳараш ба он кишвари арабӣ сафар намояд. Дар ҳоле, ки аз рабуда шудани табиби тоҷик Гулрусор Рофиева аз сӯи афроди мусаллаҳ дар минтақаи Маъриби Яман бештар аз даҳ рӯз мегузарад, бародари вай Парвиз Рофиев, ки шаҳрванди Русия аст ва дар Маскав ба сар мебарад, мехоҳад, ки барои пайдо кардани хоҳараш ба ин кишвари арабӣ биравад.

Парвиз Рофиев рӯзи 8 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди талошҳои бенатиҷаи чанд рӯзи ахир дар мавриди пайдо кардани хоҳараш, тасмим гирифт, ки рӯзҳои наздик ба ҷустуҷӯи хоҳараш барояд, аммо намояндагони ширкати "Здравэкспорт “дар Яман аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки саросема нашавад ва худи онҳо ҳама талошро барои пайдо кардани Гулрухсор анҷом медиҳанд.

Парвиз мегӯяд, агар натиҷаи мусбие ба даст наояд, сафорати Яман дар Маскав ваъда додааст, ки заминаи сафар ба он кишварро барояш мусоид хоҳад кард. Ба гуфтаи Парвиз, “ман ин масъаларо бо сафорати Яман дар Маскав баррасӣ кардам. Бо сабаби нооромиҳо ҳоло барои сафар ба Яман инҷо виза намедиҳанд. Аммо онҳо гуфтанд, барои ман, ки ба ҷустуҷӯи хоҳарам меравам, кӯмак мекунанд, ки ба зудтарин фурсат раводид дода шавад."

Парвиз мегӯяд, ӯ дирӯз ҳамчунин ба ширкати "Здравэкспорт" рафтааст, аммо онҳо гуфтаанд то ин замон аз гум шудани Гулрухсор хабар надоранд ва акнун аз паяш хоҳанд шуд. Вай мегӯяд, ҳоло ҳар хабаре, ки дар бораи хоҳараш мефаҳмад, аз тариқи расонаҳо ва бачаҳое ҳаст, ки барои сафари Гулрухсор ба Яман мусоидат карда буданд.

Ба далели набуди ягон ниҳоди дипломатии Тоҷикистон дар Яман ва тавассути ширкати русии “Здравэкспорт” истихдом шудани Гулрухсор Рофиева, дар ҳоли ҳозир талошҳо барои раҳоии ӯ асосан тавассути сафорати Русия дар Санъо ҳамоҳанг мешаванд.

Яман як кишвари воқеъ дар нимҷазираи Арабистон аст, ки дар чанд соли охир дучори беназмиҳои мухталифи сиёсиву иҷтимоист. Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1990 бар Яман бо панҷаҳои оҳанинаш раҳбарӣ мекард, баъди 22 соли раёсат дар соли 2012 таҳти фишори эътирозҳову ошӯбҳо маҷбур шуд, истеъфо диҳад. Аммо бо ин вуҷуд ихтилофот дар ин кишвари фақрзада то ҳол идома дошта, ҳар сари чанд вақт ба низоъҳои мусаллаҳона ҳам мепечанд. Нирӯҳои артиши Яман таҳти ҳимояти ҳавопаймоҳои низомии Амрико алайҳи ҷангиёни шабакаи Ал-Қоида, ки чандин минтақаро дар ин кишвар забт кардаанд, низ меҷанганд.

Аз Тоҷикистон асосан табибону парасторон тавассути 3 ширкати русии “Здравэкспорт”, “Техностройэкспорт” ва “Экспортстрой” барои кор ба Яман мераванд.Омори дақиқе дар бораи шумораи табибони тоҷик дар Яман мавҷуд нест, вале ба тахмини Манучеҳр Абдуев, намояндаи расмии ширкати русии “Здравэкспорт” дар Яман, ҳоли ҳозир дар ин кишвари арабӣ аз ҳисоби ходимони тиб ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар маҷмӯъ то 200 шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.