Оиша Мирзоева, хоҳарбузурги генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев гуфт, баъди чанд рӯзи саргардонӣ ниҳоят рӯзи 9 октябр тавонистааст ба дидори бародараш дар зиндон бирасад.
Оиша Мирзоева гуфт, дидори онҳо тақрибан як соат тӯл кашид. Ғаффор Мирзоев, ба гуфтаи хоҳарбузургаш, ҳамчунон маҳкамирода ва солиму бардам ба назар меомад, вале гуфтааст, ки ҳанӯз 4 моҳ пеш як дандонаш афтид, аммо бо вуҷуди дархостҳои мукаррар то ҳол ба ӯ имкони гузаштан аз ташхиси табибро надодаанд.
Оиша Мирзоева мегӯяд, дар ин як соле ки аз мулоқоти ахири онҳо гузашт, Ғаффор Мирзоев соҳиби набера шуд ва ӯ келину набераи бародарашро ҳам оварда буд, то ки Ғаффор набераашро бубинад. Мақомот дар оғоз ба дидори Мирзоев бо наберааш розӣ шуда ва номи келину ин кӯдаки навзодро ба рӯйхат ворид кардаанд, вале аз пеши дарвоза ҳардуро пас гардондаанд ва иҷозат надодаанд, ки Ғаффор Мирзоев набераашро бубинад. Оиша Мирзоева мегӯяд: “Дар ариза номи келину набераи яксолааш ҳам буд, вале вақте омадем, онҳоро иҷозат надоданду фақат ман тавонистам танҳо бидароям.Зану ҳарсе фарзанда инҷо нестанд, дар Дубай ба сар мебаранд. Мактаброт ҳамонҷо тамом карданд. Танҳо келинаш омада буд, то Ғаффор набераашро бубинад, вале нашуд.”
Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ҳанӯз моҳи августи соли 2004 боздошт шуда, дар соли 2006 бо ҷароими сангине, чун хиёнат ба ватан, омодагӣ ба табадулоти давлатӣ, одамкушӣ ва пинҳон доштани силоҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Ғаффор Мирзоев то ҳол дар як зиндони пӯшидаи воқеъ дар қаламрави боздоштгоҳи якуми Душанбе нигоҳ дошта мешавад.
Дар як ҳуҷраи зиндон бо "маняк"
Оиша Мирзоева гуфт, бародараш дар як ҳуҷра бо ду маҳбуси дигаре ки низ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, нигоҳ дошта мешавад, вале аз он нороҳат аст, ки ӯро 7 сол боз бо нафаре, ки ҳамчун “маняк” маҳкум ба ҳабси якумра шудааст, дар як ҳуҷра андохтаанд. Ба гумони Ғаффор Мирзоев, шояд мехоҳанд ӯро бо чунин ҳамхонагӣ асабонӣ кунанд, ки ба сари ин ҳамсояаш даст бардорад ва далели кушодани ягон парвандаи дигар ба зидди ӯ шавад. "Ғаффор Мирзоев гуфт, ки маро бояд бо маҳбусони мисли ӯ “сиёсӣ” нигоҳ бидоранд ваё танҳои танҳо," - афзуд хоҳараш.
Оиша Мирзоева мегӯяд, рӯҳияи бародараш шикаста нашудааст. Ваақте хоҳараш аз ӯ мепурсад, ки шояд барои афв ариза бинависад, Ғаффор Мирзоев гуфтааст, оне дархости афв мекунад, ки гунаҳкор аст: “Ғаффорро иродааш чунон сахт аст ки... Ғаффор дар зиндон ҳам ҳамон Ғаффор аст. Рӯҳияаш ҳамон хел аст, ки буд. Мегӯяд, ман ҳеҷ вақт хиёнат ба ватан ва ба давлат накардаам. Мегӯяд, ҳамин қадар орзу дорам, ки як бор як намояндаи додситонӣ, майдаҳояш не, барои мисол, ҷонишини прокурори генералӣ биояд пешам, ки фикрҳоямро як-як барояшон бигӯям. Гуфт, ки ман ариза барои “помилование” наменависам, чунки худамро гунаҳкор ҳисоб намекунам. Вале мегӯяд, аз як чиз малӯлам, ки майлаш, ман хато кардам ва ҷазоамро гирифтам, вале ҳамин ҷазои маро мувофиқи қонун кунанд. Хайр, як дандонаш афтидааст. Охир Ин чӣ гап аст, ки 4 моҳ боз як духтурро пешам даъват карда наметавонам?”
4 маҳбус аз як хонавода
Ба ҷуз аз Ғаффор Мирзоев, аз ин хонаводаи як замон пурнуфузи Кӯлоб, ки дар роҳи ба қудрат расондани ҳукумати кунунӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нақши муҳим бозӣ кардаанд, боз 3 тани дигар дар маҳбас ба сар мебаранд. Оиша Мирзоева гуфт, “Бародари дигарам Абдурасул дар маҳбаси пӯшидаи Қӯрғонтеппа аст ва ӯро ҳам мисли Ғаффор дар 6-7 моҳ як бор мебинам.“
Абдурасул Мирзоев дар соли 2010 дар ҳамон қазияи “фирори аср” ҳамроҳ бо 24 маҳбуси дигар аз боздоштгоҳи Кумитаи амният фирор карда, баъди боздошт ба 30 соли зиндон маҳкум шуд.
Писару домоди худи Оиша Мирзоева низ ба дунболи боздошти Ғаффор Мирзоев боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Оиша Мирзоева, ки худи ӯ ҳам баъди зиндонӣ шудани бародараш аз мақоми муовини раиси ноҳияи Восеъ барканор шуд, мегӯяд: “Писарам дар маҳбаси рақами 6 буда, аз ҳукмаш 4 солу 6 моҳ ё 7 моҳ мондааст. Аммо домодам, ки дар маҳбаси рақами як аст, бояд баъди якуним ё ду моҳи дигар озод шавад.”
Мулоқоти нави Оиша Мирзоева бо бародараш Ғаффор Мирзоев дар зиндон дар ҳолест, ки рӯзи 10 октябр Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо илҳоқи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мулоқоти дарозмуддати пайвандон бо маҳбусони якумриро дар як сол ду маротиба кард. Ба иттилоъи мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон, феълан дар зиндонҳои ин кишвар 50 нафар бо ҷурмҳое, чун хиёнат ба ватан, қасди табодулоти давлатӣ, куштор ва дигар ҷиноятҳои сангин, ҳукми абадро адо мекунанд.
То ҳол наздикони онҳо дар сол танҳо як маротиба метавонистанд ба дидори маҳбусони якумра бирасанд. Ҳамчунин бар асоси тағйироти ворида, пайвандони маҳбусони якумрӣ аз ин ба баъд дар сол чор бор имкони ироаи хӯрок ба чунин зиндониҳоро хоҳанд дошт. То кунун ин имкон ба онҳо дар сол ҳамагӣ ду маротиба дода мешуд.
Оиша Мирзоева дар ҳафтаи гузашта дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз риоя нашудани ҳаққи хешовандонаш барои мулоқот бо ин генерали зиндонӣ шикоят кард ва гуфт, бояд ҳанӯз рӯзи 5 октябр ба дидори бародараш мерасид, вале баъди ду рӯзи интизорӣ дар пушти дари боздоштгоҳ ӯро ба рӯзи дигар ваъдаи мулоқот додаанд. Навори видеоии шикояти Оиша Мирзоеваро, ки шоми 5 октябр сабт шудааст, метавонед дар зер тамошо кунед:
Оиша Мирзоева мегӯяд, дар ин як соле ки аз мулоқоти ахири онҳо гузашт, Ғаффор Мирзоев соҳиби набера шуд ва ӯ келину набераи бародарашро ҳам оварда буд, то ки Ғаффор набераашро бубинад. Мақомот дар оғоз ба дидори Мирзоев бо наберааш розӣ шуда ва номи келину ин кӯдаки навзодро ба рӯйхат ворид кардаанд, вале аз пеши дарвоза ҳардуро пас гардондаанд ва иҷозат надодаанд, ки Ғаффор Мирзоев набераашро бубинад. Оиша Мирзоева мегӯяд: “Дар ариза номи келину набераи яксолааш ҳам буд, вале вақте омадем, онҳоро иҷозат надоданду фақат ман тавонистам танҳо бидароям.Зану ҳарсе фарзанда инҷо нестанд, дар Дубай ба сар мебаранд. Мактаброт ҳамонҷо тамом карданд. Танҳо келинаш омада буд, то Ғаффор набераашро бубинад, вале нашуд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад