Душанбе. Баҳси амнияти фаъолияти журналистӣ дар Осиёи Миёна

Намояндагони расонаҳои кишварҳои Осиёи Миёна амнияти фаъолияти журналистӣ дар минтақаро баррасӣ карданд.
Имрӯз, 30-юми ноябр дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони расонаҳои минтақа Конфронси байналмиллӣ таҳти унвони «Расонаҳо ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Осиёи Марказӣ», баргузор шуд.

Ин нишаст бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ ва бо пуштибонии моли сафорати Амрико дар Тоҷикистон, муассисаи International Media Support (Дания) роҳандозӣ шудааст. Ҳамшарикони дигари ин нишаст, Фонди расонаҳо, иртиботот ва рушди Финландият, созмони хабарнигорони бидуни марз, дафтари САҲА дар Душанбе, филиали иститути Ҷомеаи боз дар Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии ҷанг ва сулҳ ё IWPR-и Бритониё мебошанд.

Дар нишаст вазъи озодиҳои матбуот, амнияти фаъолияти рӯзноманигорӣ дар минтақа, чолишҳои муосир дар соҳаи озодии матбуот, фаъолияти ВАО дар ҳолатҳои фавқулодда, расонаҳои нав ва амнияти кибернетикӣ, ҳимояти ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва кафолатҳои иҷтимоии коркунони ВАО, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нишасти байналмилалии "Расонаҳо ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Осиёи Марказӣ" дар Душанбе дар ҳоле баргузор мешавад, ки созмонҳои байналмилалии дифоъ аз хабарнигорон ҳамвора аз афзоиши фишор ба кормандони ВАО ва маҳдудияти озодии баён дар кишварҳои Осиёи Миёна изҳорӣ нигаронӣ кардаанд. Аз ҷумла мавориди ҳамлаҳои ҷисмонӣ ба рӯзноманигорон дар бархе аз кишварҳои минтақа сабт шудааст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси амнияти фаъолияти журналистӣ дар Осиёи Миёна



Аз 10 қазияи судии журналистони тоҷик, ки дар як соли охир сар задаанд, дастикам се мавриди он тобиши сиёсӣ дошт. Бо таъкид ба ин нукта Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, 11 сол аз озодӣ маҳрум шудани журналист Маҳмадюсуф Исмоилов, баҳсҳои судии марбут чанд иттиҳодияи эҷодӣ нисбати журналисти «Азия-плюс» Олга Тутубалина ва даъвои Аскар Ҳаким, собиқ раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон алайҳи нашрияи «Самак», махсус дар пешорӯи интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта, ҳадафи аз ин маъракаи сиёсӣ ба самти дигар кашондани таваҷҷуҳи ҷомеаи журналистиро дар пай дошт.

«Дастандаркорон ба ин мақсади худ ноил шуданд, аммо чунин баҳсу баррасиҳо ба фаълияти ин расонаҳои хабарӣ таъсири манфӣ расонид», - афзуд Н. Қаршибоев, ки дар ҷараёни конфронси байналмилалии «Расонаҳо ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард.

Дар ҳамин ҳол, Ризо Муинӣ, намояндаи созмони «Хабарнигорони бидуни марз», гуфт, ки вазъи озодии баён натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари минтақа низ беҳбуд мехоҳад ва дар масъалаи амнияти журналистон набояд хотирҷамъ буд. Вай аз Узбакистон мисол овард, ки дар он кишвар феълан 9 хабарнигор дар зиндон ба сар мебаранд ва журналистон барои нашри матолиби интиқодӣ ва озодандешии худ таъқиб мешаванд.

- Натанҳо ҳолатҳои қатли хабарнигорон ё расонидани озори ҷисмонӣ, балки таҳдидҳои ошкору ғайримустақим, шикастани қалами онҳоро ҳам ҳамчун нишонаҳои ҳамла ба озодии сухан метавон арзёбӣ кард, - афзуд Ризо Муинӣ.
Ба иттилои созмони «Хабарнигорони бидуни марз», танҳо дар соли ҷорӣ дар қаламрави ҷаҳон дастикам 58 нафар хабарнигор кушта шуда, ҳамчунин 384 журналист ва 140 вебнигор дар маҳбасҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ки қурбони фаъолияти касбии худ гардидаанд.

Дар конфронси мазкур хабарнигорони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамчунин оид ба маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоъ, баста шудани сомонаҳои хабарӣ, таъқиб барои танқид, таъмин набудани амнияти иттилоотӣ ва таҳдидҳо ба хабарнигорон изҳори ташвиш карданд. Дар фароварди ин конфронси байналмилалӣ, 30 ноябр, ҳамчунин қабули муроҷиатнома ва тавсияҳо ба ҳукуматҳои ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дар назар аст.