Қарор аст то соли 2020 дар паи тағйири сохторӣ милитсияи тоҷик ба полис табдил шавад. Омодагиҳо ба ин тағйирот 7 сол идома дорад.
Тарҳи қонун рисолати полисро дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, назорати ҷамъиятиву амният, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳқиқи онҳо мебинад. Айни замон, таъкид мешавад, ки рисолати полис дар ҳимояти ҳуқуқи инсон болотар хоҳад буд.
Умедворем, Тоҷикистон ба тавофуқоти худ содиқ мемонад
Туула Юрёла, мудири барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки
Дар замони шӯравӣ касе ҳаққ надошт ба маъмури милиса 10 ҳазор доллар ришва диҳад. Ҳоло бошад мумкин аст.
моҳи феврали соли ҷорӣ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар як сафараш ба қароргоҳи САҲА дар Вена гуфт, ки талошҳо барои анҷоми ислоҳот дар соҳаи милиса ба хотири гузариш ба низоми кори полис идома дорад ва то соли 2020 қарор аст кори зиёде дар ин самт иҷро шавад.
Дар миёни ормонҳои куллии ин ислоҳот – боло бурдани сатҳи касбии ходимони ҳифзи қонун, мубориза бо фасодкорӣ, хотима додан ба шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо мебошад. Ин ҳамон мушкилотест, ки имрӯз дар робита бо кори бархе ходимони милисаи тоҷик ба унвони интиқод садо медиҳад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Туула Юрёла гуфт, дар сӯҳбаташ бо масъулини САҲА вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки расидан ба ин ҳадафҳо имконпазир аст:
“Раҳбари ВКД Тоҷикистон дар Вена хеле бо далел мегуфт, ки ин ҳадафҳо иҷрошаванда ҳастанд. Мо низ шубҳа дорем, ки мушкили фасодкорӣ ва истифода аз зарбу шатм ва қонуншиканиҳои дигар дар фаъолияти милитсия тоҷик чунин зуд аз байн бурда шаванд. Вале мо ҳам ба умедем, ки Тоҷикистон ба тавофуқоти худ барои таҷдиди фаъолияти ВКД содиқ мемонад. Феълан коршиносони САҲА ба ВКД-и Тоҷикистон танҳо дар заминаи таҳияи асноди қонунӣ барои гузариш аз милитсия ба политсия мусоидат мекунад”.
САҲА – ниҳоди ёрирасон ба Тоҷикистон дар амри таҷдиди сохтории полис бо масъулон дар ин кишвар дар амри мутобиқсозии қонунҳои кишвар ба низоми нави корӣ ҳамкорӣ мекунад. Буҷаи гузариш аз низоми милитсия ба полис ошкор намешавад, вале бар асоси Ёддошти тафоҳуме, ки миёни Тоҷикистон ва САҲА дар соли 2011 имзо шудааст, хароҷоти ин ислоҳот аз ҳисоби буҷаву саҳми САҲА ва ҳам сармояҳои кишвраҳои узви САҲА ва ҳамчунин худи ҳукумати Тоҷикистон пардохт мешавад.
То замони анҷоми таҷдиди сохтории кори полис ду соли дигар фурсат аст, вале бархе сокинони Тоҷикистон мегӯянд, мавзӯи эътимоди шаҳрвандон ба адолат ва кори одилонаи полис дар иҷрои салоҳиятҳояш яке аз масоили доғ боқӣ мемонад.
Шаҳрванд бояд ба полис эътимод дошта бошад
Маҳин Давлатоваи 32-сола, як сокини пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки ба сохторҳои интизомии кишвар эътимод надорад ва аз рӯи таҷрибаи гузаштааш бовар надорад, ки ҳатто баъд аз анҷоми ислоҳоти сохторӣ маъмурони пулис дар кори худ ҳирфаӣ хоҳанд шуд.
Вале ҳадафи аслии табдили исми милиса ба полис, аз назари ҳуқуқдонҳои огоҳ аз ислоҳот, ҳалли мушкилоти усулӣ дар низом аст, ки ниҳоят бояд ба боло бурдани обрӯву мақоми ҳомии қонун дар чашми ҷомеа сабаб шавад.
Дар ин замина вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода ҳам соли 2015 гуфта буд, ки “танҳо тағйири ном кардани милиса ба полис ба беҳбуди кор мусоидат намекунад. Бояд як қатор масъалаҳо ҳал шавад, аз ҷумла, масъалаҳои ҳуқуқиву ташкилӣ. Мо хоҳони онем, ки ислоҳоти мо на зоҳирӣ, балки ба хотири эҷоди як модели полиси нави Тоҷикистон равона шавад ва рисолати он ҳам ҳимояи амният, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсият бошад”.
Мӯҳтавои таҷдиди сохторӣ
Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва як ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, дар асл зарурати ислоҳот дар ин замина муддатҳо пеш расида буд. Вай гуфт, мафҳуми милитсия хоси замони шӯравӣ буда, солҳои 1920-30 эҷод шудааст. Ба гуфтаи ӯ, он замон аз роҳи мусаллаҳсозии сокинони оддӣ гурӯҳҳои нозири тартиботи ҷамъиятӣ бунёд мешуд. Вале бо гузашти вақт ва сари кор омадани ҳуқуқшиносони касбӣ ҳам исми милиса ҳифз шуд:
“Ҳоло вазъият дигар аст ва ба додани аслиҳа ба мардум ҳеҷ ниёзе намондааст. Гузашта аз ин, дар пайи таҷдиди сохтории ВКД, Тоҷикистон бояд бархе аз хадамотҳои ин вазорат, назири шиносномадиҳиву оташхомӯшкунӣ ва БДА ба сохторҳои ҷудогона табдил шаванд. Полис танҳо ба ошкорсозии ҷиноят ва пешгирии ҷинояткорӣ машғул мешавад. Ба ин хотир пешниҳод мешавад, ки номи ВКД Тоҷикистон ҳамчунон боқӣ мемонанд, вале маъмурони милитсия дигар политсия шуда, танҳо ба ошкорсозии ҷиноятҳо машғул мешаванд”, - гуфт Раҳматилло Зойиров. Илова ба ин, мафҳуми полис хусусияти замонавӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Дар ҳоле, ки худи дастандаркорони соҳа дар Тоҷикистон аз ин тағйирот умедвориҳои зиёде доранд, як корманди собиқи полис дар Русия бо нигоҳ ба таҷрибаи табдили ном ва ислоҳи рисолаи милиса ба полис дар кишвари худ мегӯяд, ки аз ин тағйирот чандон хушбин нест. Русия соли 2011 исми милисаро ба полис иваз карда барои ин ислоҳот 2 миллиард рубл харҷ кард.
Таҷрибаи Русия
Собиқ корманди ВКД-Русия дар рутбаи капитан ва ҳоло муовини аввали Оҷонсии таҳқиқоти журналистӣ Евгений Вишенков, ки ин мавзӯъро дар кишвари худ таҳқиқ кардааст, гуфт, таҷрибаи кишвараш возеҳ нишон дод, ки бо табдили номи маъмурони ВКД ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар фаъолияти онҳо мушоҳида намешавад. Рӯзи 10 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Маскав ӯ гуфт:
“Дар замони шӯравӣ касе ҳаққ надошт ба маъмури милиса 10 ҳазор доллар ришва диҳад. Ҳоло бошад мумкин аст. Ҳатто ҷойи кори худро маъмурони пулис ба шакли як ширкати тиҷоратӣ ном мебаранд. Ман ҳоло наметавонам дақиқ бигӯям, ки таҷрибаи Тоҷикистон баъд аз гузариш ба низоми пулис чӣ тағйиротеро ба дунбол хоҳад дошт. Аммо, Тоҷикистон низ як кишвари пасошӯравӣ аст ва бо эҳтимоли зиёд иштибоҳи кишварҳои дигар ба мисли Русия Тоҷикистонро низ интизор аст”.
Таҷдиди сохтории милиса ба полис то ҳол дар Гурҷистон ва Қазоқистон ҳам амалӣ шудааст, вале ба андешаи коршиносон, сифати кори полис дар ин кишварҳо ба таҳаввулоти сиёсиву мавқеи ҳукумат дар бархӯрд ба риояи қонун ва ҳимояи ҳуқуқи инсон сахт бастагӣ дорад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ҳар қадар дар кишвар озодиҳои сиёсӣ бештар бошад, назорати ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дурустии кори полис ҳам бештар мешавад ва дар кӯмак ба беҳбуди кори ҳомии қонун мусоидат мекунад.