Саймуддин Дӯстов, коршиноси мустақили тоҷик, рӯзи душанбеи 23 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ сокинони Тоҷикистонро қисмат кардааст: онҳое, ки ба хотири оромии нисбӣ вазъи ҳозираро қабул доранд ва қишри дигар, ки ақаллият ҳастанд, ин гуна вазъро намепазиранд ва гомҳои сиёсӣ хоҳанд бардошт.
Ҷаноби Дӯстов гуфт: "Фикр мекунам, натиҷаҳои раъйпурсӣ, ки бар асоси хостаҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, дар дарозмуддат ба нафъи ӯ набуда ва кишварро ба марҳилаи нав ворид кард. Акнун тоҷикон ҳамчун миллат сиёсӣ хоҳанд шуд, аксарияти ҷавонон, мутахассисон ва онҳое, ки андешаҳои озод доранд, кишварро батадриҷ тарк хоҳанд кард. Яъне, майдони сиёсӣ ва ташаббусҳои сиёсӣ на дар Душанбе, балки дар пойтахтҳои давлатҳои Аврупо, дар Туркия, Русия ва Эрон гирифта хоҳанд шуд".
Ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, натиҷаҳои раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ аз қабл маълум буд ва дар ин кишвар, ки қонунгузории интихоботӣ заиф асту аҳзоби сиёсӣ фаъолияти озод надоранд, тамоми раванди интихоботӣ зери нуфузи як гурӯҳ қарор мегирад. Натиҷаҳое, ки имрӯз раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълон кард, аслан хостаҳои ҳукумати иҷроия аст.
Ба гуфти Саймуддин Дӯстов раъйпурсии ахир бори дигар собит кард, ки аз соли 1991 дар Тоҷикистон интихоботи озод, шаффоф ва мардумӣ баргузор нашудааст ва натиҷаҳои тамоми интихоботҳои баъдӣ қаблан тарҳрезишуда ҳастанд.
Зимнан, аз замони эълони таърихи раъйпурсии умумӣ дар Тоҷикистон барои ислоҳи Қонуни асосӣ иддае аз чеҳраҳои сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз мавзӯъоти пешниҳодшудаи он интиқод карда буданд.
Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ, танҳо ҳизби мухолифи ҳукумат дар Тоҷикистон, раъйпурсии феълӣ танҳо ба хотири бароварда сохтани манфиатҳои раиси ҷумҳури ҳозира ва хонаводаи ӯ анҷом шудааст. Ин дар ҳолест, бештари моддаҳои Қонуни асосӣ ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз доранд."24-25 моддаи Қонуни асосӣ ба тағйиру ислоҳот ниёз доранд. Ҳамчунин, дар ин санади ҳуқуқӣ ҳудуди 40 нуктаҳои зидду нақиз вуҷуд доранд, ки бояд ислоҳ шаванд. Аммо ба ҷои ислоҳи ин навоқис синни соли номзад поин оварда шуда ва барои раиси ҷумҳури ҳозира имкони номаҳдуди ширкат дар интихоботи президентӣ дода шуд"- гуфт раҳбари Ҳизби сосиал-демократ.
Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки раъйпурсии феълӣ дар сохтори давлати Тоҷикистон, ба ояндаи кишвар ва ҳаёти ҷомеа чӣ тағйироте ворид хоҳад кард?
Ба эътиқоди Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик, раъйпурсии ахир тағйироти ҷиддиро дар сохтори давлатӣ дар пай нахоҳад дошт. Шояд кадрҳо иваз шаванд, аммо сохтори давлатӣ тағйир намекунад. Дар интихоботи соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон ё писараш иштирок мекунад, дигарон барои рақобат бо ин ду нафар ҷуръат нахоҳанд кард.
Ҷаноби Муллоҷонов гуфт: "Мақсади раъйпурсӣ таҳкими ҳокимияти феълӣ дар даҳ соли оянда буд. Дар бораи барномаи иқтисодӣ сухане нест. Ин ислоҳоти сиёсӣ ҳам набуда, балки устувор сохтани ҳокимияти феълӣ аст. Сохтори ҳозираи сиёсӣ қонунӣ шуду халос. Модоме, ки ислоҳоти сиёсӣ нест, ислоҳоти иқтисодӣ низ нахоҳад буд".
Ба гуфтаи коршиноси дигар Абдулғанӣ Маҳмадазимов муҳимтарин тағйирот дар ин раъйпурсӣ ин мамнӯъ шудани фаъолияти аҳзоби мазҳабӣ ва миллатгаро дар Тоҷикистон аст. "Дар раъйпурсӣ мардум ба исломи анъанавӣ "ҳа" гуфт ва бар зидди исломи сиёсӣ овоз дод. Агар дар моҳи сентябр Додгоҳи олӣ фаъолияти Ҳизби исломии Тоҷикистонро мамнӯъ карда буд, ҳоло ин мамнӯият дар Қонуни асосӣ сабт шуд. Аз замони истиқлолият баҳсҳо оиди характери низоми давлатӣ буд. Дирӯз ба ин баҳс хотима гузошта шуд"- гуфт Маҳмадазимов.
Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, бовар дорад, ки раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ роҳро барои тағйироти ҷиддӣ дар Тоҷикистон боз хоҳад кард.
Сайфулло Сафаров гуфт: "Муҳимаш ба ҷавонон роҳ кушода шуд.Онҳо метавонанд ба бештари вазифаҳои давлатӣ, мансабҳо дар суди конститутсионӣ ва судҳои дигар ва ҳам мансаби президентӣ соҳиб шаванд. Яъне, барои ҷавонон муддати дар сатҳи баланди сиёсат кор кардан то 5 сол камтар шуд. Ин хеле муҳим аст. Чун энержии ҷавонон зиёд аст. Кадрҳои болаёқати ҷавон ба воя расидаанд ва онҳоро ба эшелони болоии ҳокимият роҳ додан як дастоварди солҳои истиқлолият хоҳад буд".
Қабл аз баргузории раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ созмонҳои байналмилалӣ бо шумули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз чунин иқдом интиқод карда ва онро навъи талоши мақомоти Тоҷикистон барои таҳким ва тамдиди ҳокимият арзёбӣ карда буданд.
Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, созмонҳои байналмилалӣ бо вуҷуд интиқод, натиҷаҳои раъйпурсиро қабул мекунанд ва ҳамкориро бо ҳукумат идома медиҳанд. Дар байни коршиносони тоҷик ин нигаронӣ ҳам вуҷуд дорад, ки пас аз эълони натиҷаҳои ниҳоӣ мумкин аст фишори ниҳодҳои давлатӣ болои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воистаҳои ахбори оммаи мустақил бештар ва назорат сахттар шавад. Имкон дорад дар чунин вазъият нашрияҳо ва расонаҳои мустақил дар як-ду соли оянда ба сабабҳои молӣ баста шуда ва дар фазои иттилоттии кишвар халоъе ба миён ояд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус, дар шабакаи "Фейсбук" баҳсҳое дар атрофи ҳадаф ва натоиҷи раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Бештари корбарон раъйпурсиро "спектакл" ё саҳнасозӣ хондаанд, ки ба хотири таҳкими қудрати шахси раиси ҷумҳури кишвар ва хонаводаи ӯ арзёбӣ кардаанд.