Ишқи “Red Bull” Парвизро ба Сурия бурд

Парвиз Сайдраҳмонов ё “Абу Довуди Тоҷикӣ”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “Абу Довуди Тоҷикӣ” - раҳбалади Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик дар Ироқ бардурӯғ аз “шаҳид” шудани худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, “Абу Довуди Тоҷикӣ” - раҳбалади Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик дар Ироқ бардурӯғ аз “шаҳид” шудани худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

Абу Довуди Тоҷикӣ, ки бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо пахши наворҳои “шашликхӯрӣ” аз Ироқ ва ҳамроҳии полковники фирории тоҷик маъруф буд, Парвиз Сайраҳмонов, сокини 28-солаи маҳаллаи 102-уми шаҳри Душанбе будааст.

Рӯзи 25-уми июн ҷонибдорони гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои замони солим будани ӯро нашр карда, навиштанд, ки ӯ “шаҳид” шудааст. Бар асоси ин навиштаҳо, гӯё Сайраҳмонов ҳангоми ҳамлае, ки Гулмурод Ҳалимов ҷароҳат бардоштааст, кушта шудааст.

“Шаҳид”-они дурӯғин

Музаффар Юсуфӣ, як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал нест, ки ҷонибдорони ин гурӯҳи терористӣ, баъди ошкор шудани ҳуввияташон, дар бораи марги худ хабари бардурӯғ пахш мекунанд. Ӯ мегӯяд, моҳи апрели соли равон ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати Исломӣ” аз кушта шудани Абӯ Маҳдии Тоҷикӣ, дар асл Сӯҳроб Асомиддинов, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳия Рӯдакӣ мебошад, хабар нашр карданд, аммо рӯзи 26-уми июн ин ҷавони “шаҳид” дубора

Сӯҳроб Асомиддинов вонамуд мекунад, ки мурда аст

зинда дар наворе савори мошини боркаш худро дар қароргоҳи курдҳо инфиҷор кард.

Ӯ гуфт: “Вақте нисбати онҳо парванда боз мешавад ва мақомот наздиконашонро бозпурсӣ мекунанд, онҳо худашонро “шаҳид” эълон мекунанд ва дар хонаводаашон хайру худоиашонро медиҳанд. Бо ин амал мехоҳанд, таваҷҷӯҳро аз худ дур кунанд, вале дер ё зуд аксаран хору залил ҳалок мегарданд. Онҳо афсуни иедологияи террористӣ шуда, аксаран то расидан ба хоки ин давлатҳо аз мақсади ниҳонии ин гурӯҳ огоҳ намешаванд. Маҳз чунин афсунгаштагонро ба ҷиҳод дар Сурияву Ироқ, ба ҳар гуна шӯриш даъват кардан аз ҳама осонтар аст. Ҳадди аққал 125 нафар тоҷики сеҳру афсунгашта дар Сурияву Ироқ бо шиками даридаву синаи таркида ба хоки абадӣ рафтаанд ва рӯйхати чунин қурбониён афзоиш меёбад”.

Музаффар Юсуфӣ, масъули Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, “дар аксари ҳолатҳо шахсони сустирода, зудбовар ва аз ҷиҳати динӣ камсавод мавриди ҳадафи таъсиррасонии равонӣ интихоб мешаванд. Нафарони мувоҷеҳи чунин таъсиррасонӣ қароргирифта омодаанд, ки аз ҳама неъматҳои дунё рӯй тофта, маргро истиқбол намоянд. Ҷалбкунандагони онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳонаро, ки дар заминаи ихтилофоти сиёсӣ ва динию мазҳабӣ ҷой доранд, чун ҷиҳод маънидод карда, ҳамарӯза нафарони зиёдро ба коми ҷанг мекашанд”.

Бо ин ҳама Юсуфӣ мегӯяд, онҳое, ки аз ширкаташон дар ҷангҳо пушаймон шуда ба ватан бармегарданд, бар асоси моддаи 401, илова 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди авф қарор мегиранд.

Анора: “Додарамро рафтори занҳояш рӯҳафтода кард”

Мақомоти Тоҷикистон хабари марги “Абу Довуди Тоҷикӣ” ё худ Парвиз Саидраҳмоновро дар ҳоло ошкор кардаанд, ки наздиконаш рӯзи 27-уми июн ба арвоҳаш худоӣ доданд.

Анора Саидраҳмонова, хоҳари Парвиз рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додараш воқеан аз 25-уми май ба ин тараф бо онҳо дар тамос нашудааст ва наздиконаш хабари “шаҳид” шуданашро аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондаанд. Ӯ ҳам ба марги бародараш бовар надорад.

Ба гуфтаи Анора, Парвиз аз ду ҳамсари тоҷикаш дар Тоҷикистон соҳиби се фарзанд ва аз як ҳамсари русаш дар Русия соҳиби як тифли семоҳа мебошад.

“Бо ҳамон зани русаш тамос дошт ва мо дар бораи зинда буданаш аз ӯ хабардор мешудем. Зани русаш ҳам мегӯяд, дигар бо ӯ тамос надорад. Ҳамсари аввалаш, ки аз ӯ як писарча дорад, «герчик» (нашъаманд) баромад ва бо ҳамсари дуюмаш ҳам соз нагирифт. Ҳамин чизҳо дилсардаш кард ва ӯ соле пеш ба Русия рафт. Мо аввал мегуфтем, ки баргард, вале ба ҳаде дар гӯшаш хонда буданд, ки ҳеҷ розӣ намешуд ва характераш тамоман дигар шуда буд. Мегуфт, ки агар ҳамаи шуморо бикушанд ҳам, барнамегардам”, - гуфт Анора Саидраҳмонова.

Наздикони Парвиз Саидраҳмонов мегӯянд, ки ӯ моҳе пеш ҷароҳат бардошта буд ва зоҳиран дар ҷангҳо ширкат намекард.

Ошиқи “Red Bull

Саидраҳмонова мегӯяд, ки додараш соле пеш ба Русия рафта буд ва танҳо 6-уми феврали соли 2015 ба онҳо занг зад ва гуфт, ки дар Ироқ аст.

Ин ҷавон то рафтан ба Русия дар “Фитнесклуб”-и воқеъ дар маҳаллаи 102-ум машқ мекард. Алишер Сафаров, як ҷавоне, ки ҳамроҳ бо ӯ дар машқгоҳ тамрин мекард, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки Паривзро билохира нафсаш то ба Сурия буд.

“Ӯ ошиқи нӯшокие ба номи “Red Bull” буд ва пул надошт, ки аз ин нӯшокӣ бихарад ва гоҳ-гоҳ хоҳиш мекард, ки барояш “Red Bull” бигирем. Хӯрданро хеле дӯст медошт ва ҳамеша дар фикри шикам буд. Наворҳои суриягии ӯро дидам, дар он ҷо ҳам фақат дар бораи хӯрдан сӯҳбат мекард. Дар ҳамин ҷо, пеши бачаҳо мегуфтам, ки ӯ шикамчарронӣ рафтааст. Лекин як гап ҳаст дар мо, ки «одами баднафсро нони даҳонаш мекушад”, - гуфт Алишер Сафаров.

Масъулони ин “Фитнесклуб” низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҷавон ҳеҷ вежагие надошт ва танҳо бо доштани мӯи каме дамида аз дигарон фарқ мекард.

“Ҳатто аз марги онҳо сӯиистифода мешавад”

Саҳифаҳои зоҳиран марбут ба ҷонибдорони гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” пур аз акси ҷавонони тоҷик аст, ки аз “шаҳид” шуданашон сӯҳбат мешавад.

Абдулло Раҷабов, як унвонҷӯи тоҷик, ки пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро пажӯҳиш мекунад, мегӯяд, ДИИШ ҳатто аз марги аъзоёни “гумроҳаш” ба манифтаи худ истифода мебарад.

Ӯ гуфт: “Вақте ин аъзоён ба ҳудуди зери назорати ДИИШ мераванд, то 40 рӯз мағзшӯӣ мешаванд. Дар дарсҳои амалӣ дар пеши чашми онҳо сарбурӣ мешавад ва дар давоми қариб ду моҳ ба ҳадде мағзашон шуста мешавад, ки дигар ба ин созмон дода мешавад. Баъдан онҳоро барои таблиғ истифода мекунанд ва сабтҳои сӯҳбати онҳоро барои ҷалби дигарон нашр мекунанд. Вақте ҳарфи мегуфтагиашонро гуфтанд ва ин созмон сабти сӯҳбатҳои таблиғотиро ҳамчун ҳосил ба худ гирифт, баъдан онҳо дар ҳама ҷангҳо истифода мешаванд. Баъди мурдан ҳам суратҳои онҳо барои таблиғ сӯистифода мешавад. Аз тоҷикон ДИИШ ба манфиати худ хеле хуб истифода мебарад. Ҷавонони тоҷик, ки аҳдофи пуштипардагии онро намедонанд, ба ҳарфашон бовар мекунанд”, гуфт ин пажӯҳишгар.

Ҷавонони тоҷик бештар аз Русия ба хоки Ироқ ва Сурия мераванд. Рӯҳониён тоҷик ҷанг дар Ироқ ва Сурияро “фитнаи бузург” мехонанд ва пайваста аз ҷавонон даъват мекунанд, ки аз ҳамоиш бо гурӯҳи «Давлати Исломӣ» парҳез кунанд. Бар асоси иттилои расмӣ, то кунун ҳудуди 400 шаҳрванди Тоҷикистон дар Ироқ ва Сурия меҷанганд.

Аксаран, ҳуввияти онҳо вақте барои ҷомеа ошкор мегардад, ки сомонаҳои марбут ба ДИИШ аксҳои онҳоро дар саҳифа ба унвони “шаҳдшудаҳо” нашр мекунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон ба ҳамаи ин “шаҳодатҳо” чандон бовар надоранд ва мегӯянд, ки бархе аз онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз бозпурсӣ шудани наздиконашон худро “мурда” эълон мекунанд.