Кор дар Русия - қарз дар Тоҷикистон

Агар шумо ҳар моҳ аз фарзанд, шавҳар ва ё пайванди дигаратон аз хориҷа пул дарёфт кунед, дари бонкҳои Тоҷикистон ҳам барои қарзгирӣ ба рӯи шумо боз мешаванд. Чанде аз бонкҳои Тоҷикистон ҳоло ба муштариён бар асоси санадҳои интиқоли пул аз хориҷа қарз медиҳанд. Муштариён барои дарёфт кардани чунин қарз бояд баргаҳои интиқоли пулро ба бонк пешниҳод кунанд ва бар пояи он бонк ба онҳо метавонад қарз бидиҳад.

Дар Бюрои қарзии Тоҷикистон мегӯянд, чун мизони маошҳои расмӣ дар кишвар хеле поин аст ва бар асоси онҳо намешавад ба муштариён қарз

Дар тасмимгирии мо ҳангоми додани қарз факти даромад аз ҳисоби муҳоҷиратро ба инобат мегирем, аммо он барои мо асосӣ нест

дод, бонкҳо мизони пардохтпазирии муштариёнро аз рӯи кӯмакҳои пулии наздиконашон дар Русия ҳисоб мекунанд.

Бонки “Эсхата” дар Тоҷикистон яке аз чунин бонкҳост, ки ба асоси интиқолҳои пулии муҳоҷирон ба муштариёнаш қарз медиҳад.

Шавкат Калонов, иқтисоддони аршади ин бонк рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бонки “Эсхата” як барномаи қарзии махсусро бо номи “Боварӣ” ҷорӣ кардааст, ки бар асоси санади интиқоли пулии муҳоҷирон ба муштариён қарз пешниҳод мекунад”.

Бартарии ин барномаи қарзӣ, ба гуфтаи масъулони бонк, ин аст, ки муштарӣ бидуни шахси кафил ва бар асоси пешниҳоди чеки интиқолҳои пулӣ метавонад қарз бигирад.

Баҳраи солонаи чунин қарз бо пули сомонӣ 38 дарсад дар як солро ташкил медиҳад.

Маошҳои расмӣ эътимоди бонкҳоро ба пардохтпазирӣ кам мекунад

Бисёр бонку ташкилотҳои қарзии дигар ҳам дар Тоҷикистон интиқолҳои пулии муҳоҷиронро манбаи муҳимтарини даромади мушатриёнашон медонанд ва дар такя ба он ба мардум қарз медиҳад. Чун ба гуфтаи нозирони умури молия бар пояи маошҳои расмӣ даромади муштариён хеле кам аст ва агар бонкҳо танҳо бо ҳамин гузоришҳо иктифо кунанд, шояд ба шумори хеле ночиз қарз дода тавонанд.

Дар Бюрои қарзии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфтанд, агар бонкҳо ба маошҳои расмии қарзгирандагон такя кунанд “набояд ба касе аз 5 ҳазор соомнӣ бештар қарз бидиҳанд. Чунки маошҳо дар мо имкон намедиҳанд, ки муштарӣ қарзи аз ин бештарро пардохт кунанд. Лекин тавре мол мебинем бонкҳо қарзҳои хеле бештар аз ин - то 50-100 ҳазор долларро ба муштариён пешкаш мекунанд”.

Дар ҷустуҷӯи манобеи иловагии пардохтпазирӣ

Бонкҳо манбаъҳои иловагии мардумро ҷустуҷӯ мекунанд ва бар асоси он ба мушариён қарз медиҳанд.

Cозмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ борҳо эътироф кардаанд, ки пулҳои интиқолии муҳоҷирон манбаи даромадҳои аксар хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст. Аммо барои нахустин бор аст, ки бонкҳо дар Тоҷикистон бо такя ба пулҳои муҳоҷирон ба шаҳрвандон имкон медиҳанд ба қарзҳои бонкӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Бархе аз муштариён низ дар Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки пулҳои фиристодаи наздиконаш аз муҳоҷират на танҳо муттакои молии ҳар рӯзаашон аст, дар гирифтани қарз бонк низ дар ҳолати зарурӣ такягоҳашон мешавад.

Интиқолҳои шавҳар масъалаи қарзи муаллимаро ҳал кард

Фирӯза Назарова як муаллими мактаби миёна аст. Барои заҳмати чандсолааш дар мактаб ҳукумати маҳал барои ӯ чун устоди ҷавон қитъаи замин дод ва барои бунёди манзил дар он ба 15 ҳазор сомонӣ қарз ниёз дошт. Мегӯяд, вақте бо маълумотномаи маоши расмии 800 сомониаш барои қарзгирӣ муроҷиат кард, ягон бонк барои додани қарз ба ӯ ризо нашуд: “Танҳо вақте фаҳмиданд, ки шавҳарам аз Русия ҳар моҳ ба мо пул мефиристад, бар асоси чекҳои интиқоли пул ба оилаи мо ҳамин миқдор пул қарз доданд”.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарони бархе аз ташкилоти қарзӣ дар Тоҷикистон бо эътирофи он ки интиқолҳои пулӣ аз сарчашмаҳои муҳими даромади хонаводаҳои кишвар аст, мегӯянд буҳрони охир дар Русия нишон дод, ки ин даромад низ доимӣ ва бехавф нест.

Ҷои кор ҳам наметавонад собит бошад

Гулбаҳор Маҳкамова, роҳбари ташкилоти амонативу қарзии “Имон итернешинл” аз калонтарин бунгоҳҳои қарзӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ташкилоти зери роҳбариаш фактори интиқолҳои пулии хешовандон аз хориҷаро ба инобат мегиранд, аммо ба он пурра такя намекунад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Буҳрони охир дар Русия нишон дод, ки интиқолҳои пулии муҳоҷирон чандон собит нест. Сиёсати муҳоҷират сахттар мешавад, бархе аз муҳоҷирон корашонро аз даст медиҳанд, ихроҷ мешаванд. Ҳарчанд муҳоҷирони мо танҳо дар Русия нестанд ва аз дигар кишварҳои Аврупо ва Амрико ҳам ба наздиконашон пул мефиристанд. Дар тасмимгирии мо ҳангоми додани қарз факти даромад аз ҳисоби муҳоҷиратро ба инобат мегирем, аммо он барои мо асосӣ нест”.

Хонум Маҳкамова афзуд, дар Тоҷикистон доштани ҷойи корӣ низ наметавонад манбаи собити даромад шуморида шавад, чунки дар ҳар лаҳза корманд метавонад ҷойи корашро аз даст бидиҳад.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Маҳкамова, аксари ташкилоти қразӣ зери риск ва хавфҳои зиёд ба муштариёнашон қарз медиҳанд.

Қарзи муштариён аз марзи 4 миллиард сомонӣ гузаштааст

Ин аст, ки наздик ба нисфи муштариёни бонкҳои Тоҷикистон қарзҳои аз бонк гирифтаашонро саривақт бозпас намедиҳанд. Тибқи маълумоти оморӣ қарзи саривақт напардохтаи муштариён ба бонкҳо дар Тоҷикистон ҳоло ба 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст.

Дар як санаде, ки бонки олмонии Raiffeisen Вank International бар пояи маълумоти Бонки Миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон омода кард, гуфта мешавад, ки ба ҳолати аввали соли равон 47,6 дарсади муштариён қарзи худро сари вақт пардохта натавонистаанд. Ба ин 47 дарсад муштариён онҳое шомил шудаанд, ки муҳлати пардохти қарзашон дар назди бонк аз 30 рӯз бештар таъхир шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 80 дар сади муштариён дар Тоҷикистон ба бонкҳо барои гирифтани қарзҳои истеъмолӣ муроҷиат мекунанд, ки бо таҳияи санадҳои камтар пешкаш мешавад. Айни замон, дарсади пардохти ин қарз, ки ҳудудан 35 % дар сол аст, хеле баланд аз дигар навъҳои қарзҳои бонкӣ будааст.