Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва дигарон дар соли 2013

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон зери шиори “дарҳои боз” бо вуҷуди эълони бархӯрди яксон бо ҳамаи кишварҳо, амалан посухҳои мухталифи ҳамсоягонашро ба бор овардааст.
Ҳарчанд муносибатҳои байни ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар Осиёи Марказӣ дар соли 2013 тағйири зиёд надидаанд, воқеаҳое нишон доданд, ки сарони онҳо бо вуҷуди шиору нӯшбодҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар мулоқоту маҳфилҳо бештар дар андешаи таҳкими ҳокимияти худанд ва мардумони ҳар кадоме аз ин кишварҳо тақрибан яксон машаққат мекашанд. Ин ҳам дар ҳоле ки наздикии бештар, ҳамкории воқеӣ ва ҳифзу эҳёи зербинои замони шӯравӣ метавонист, зиндагииро дар ин мамолик ба таври ҳайратовар тағйир диҳад.

ҚИРҒИЗИСТОН

Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳамеша равобити хуб дошт, аммо инқилобҳои паёпай дар ин кишвар ба Душанбе имкон надод, муносибатҳоеро, ки бо як раҳбар сохт, то ба сатҳи самараҳои нек рушд диҳад ва мустаҳкам намояд. Тағйири низоми Қирғизистон аз президентӣ ба порлумонӣ ин равандро душвортар кард. Акнун мушкиле ба рӯйи муносибатҳои ду кишвар соя меафканад. Манзур, муноқишаи тоҷикон ва қирғизҳо дар марзҳои печидаи байни ду кишвар аст, ки дар соли 2013 ба авҷи худ расид. Афзоиши аҳолӣ, коҳиши замин, талош ба ҳаққи моликият ва суистифода аз номуайянии сарҳад мумкин аст, равобити байни ду тарафро дар соли оянда боз ҳам мушкилтар кунад.

Таҳлилгари тоҷик Толиб Исмоил мегӯяд, барои ҳалли ин мушкил ва ҳамзамон ҳифзи манофеи худ “дипломатияи тоҷик”-ро кори сахте дар пеш аст. Дар ҳамин ҳол муборизаҳои дохилии сиёсӣ дар Бишкек, ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло, “муносибатҳои ҳасана”-и Тоҷикистон ва Қирғизистонро осебпазиртар мекунанд: “Хеле аз неруҳои сиёсии Қирғизистон Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои дигар манбаи мушкилӣ меноманд, ки аз нигоҳи Тоҷикистон дуруст нест.”

Мирослав Ниёзов

Аммо Дабири пешини Шӯрои амнияти Қирғизистон Мирослав Ниёзов мегӯяд, набояд ба чунин равандҳо диққат дод, зеро “демократия дар Қирғизистон аз марзҳои худ гузашта ба охлократия” омехтааст ва ду кишвар бо назардошти муштаракоти зиёд ва махсусан захираҳои оби худ метавонанд, ба ҳамоҳангие даст ёбанд, ки фазои минтақаро барои “бозии муштарак”-и онҳо боз кунад. “Дар ин замина ман ба сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар моҳи майи соли 2013 ва пешниҳодҳои ӯ барои таҳкими равобит баҳои мусбат медиҳам", -- мегӯяд ӯ.

Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки барои тарҳҳои обу энержӣ зери танқидҳои Узбакистон мондаанд, ба таъсиси эътилофи оби Осиёи Марказӣ наздик буданд, аммо ин тарҳро ҳанӯз амалӣ накардаанд. Тарҳи дигари CASA-1000 барои интиқоли барқи ду кишвар ба Афғонистон ва Покистон низ ҳанӯз сармояи заруриро гирд наовардааст. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар нимаи аввали соли 2013 афзоиши зиёд надошт ва 94 миллион доллар буд.

УЗБАКИСТОН

Ба ҳамон андозае, ки калимаи “Роғун” дар Тоҷикистон аз забонҳо афтод ва ҳатто дар гуфтушуниди мақомоти баландпоя низ аз он ёд намешавад, таблиғоти зиддироғунӣ дар Узбакистон низ имсол коҳиш ёфт, ҳарчанд ҳамчун “оруғи иттилоотӣ” чанд бор аз ҳарду тараф садо дод.

Таҳлилгари масоили Узбакистон дар Порис, Камолиддин Раббимов мегӯяд, сабаб дар он аст, ки Узбакистон ҳоло ба буҳрони шадиди энержӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва гирифтор буда, барои “шамшеркашӣ”-и иттилоотӣ ба тарафи Тоҷикистон фурсати кофӣ надорад. “Аммо бо вуҷуди коҳиши зӯргӯии иттилоотӣ куллан рӯёрӯии Узбакистон бо Тоҷикистон ва Қирғизистон дар сатҳи пешина боқӣ мондааст” -- афзуд ӯ.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ се рӯз пеш аз барканорияш дар ҳамоиши Брюссел дар посух ба иддаои сафири Узбакистон Владимир Норов гуфт, Тошканд, зоҳиран ягон натиҷаи ташхиси тарҳи Роғунро нахоҳад пазируфт, чи мусбат бошад ва чи манфӣ. Ин дар ҳоли ҳозир охирин баҳси ду кишвар аст.

Камолиддин Раббимов

Ҳамон гуна ки ташхиси Роғун кашол меёбад, Узбакистон низ дар тармими роҳи оҳани Тирмиз-Амузанг шитоб намекунад ва баръакс қисматҳои аз “таркиши террористӣ” боқимондаи онро низ барчидааст. Боҷи транзитии мошинҳои Тоҷикистон барои убур аз ҳудуди Узбакистон аз аввали соли равон 50% гаронтар шуд ва аз он вақт то ҳоло Тошканд фурӯши гази худро ба Тоҷикистон аз сар нагирифтааст.

Вале моҳи август, Узбакистон розӣ шуд, ду вакили порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи сенати ин кишвар хулосаҳои экологии таъсири Корхонаи алюмини тоҷик “Талко”-ро рад ва аз тарҳи Роғун ҳимоят кунанд. Инчунин Узбакистон масъулияти садамаи қатори роҳи оҳани Тоҷикистонро бар дӯш гирифт ва сафири ин кишвар, Шоҳқосим Шоисломов зиёда аз 200 нусха китобро ба Китобхонаи Миллии Тоҷикистон тақдим кард.

Коршиносон ба дурнамои беҳтари равобити байни ду давлат ва ду президент умедвор нестанд ва яке аз онҳо, Рашид Ғанӣ Абдулло, мегӯяд, барои сари миз нишастан ду тараф бояд тавоноиҳои баробар ва мушкилоти муштарак дошта бошанд. Бино бар гузоришҳои расмӣ, гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар 9 моҳи соли 2013 зиёда аз 77 дарсад кам шуда, рӯ ба коҳиш дорад.

ҚАЗОҚИСТОН

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин муддат, зоҳиран, робитаҳои хуб доштанд ва имсол нахустин бор Остона ба Душанбе кӯмаки ҳарбӣ фиристод. Ин ёрӣ, ки аз техника ва силоҳу муҳимот иборат буд, бахше аз барномаҳои Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон буд.

Аммо Душанбе аз Остона ва “пири кор”-и Осиёи Марказӣ, Нурсултон Назарбоев интизори инро дошт, ки дар рӯёрӯӣ бо Тошканд, тарафи Тоҷикистону Қирғизистонро хоҳад гирифт. Амалан, ба гуфтаи Камолиддин Раббимов, таҳлилгари масоили Узбакистон дар Порис, Назарбоев баръакс бо раҳбари Узбакистон, Ислом Каримов наздикӣ ҷуст ва ба ин сабаб шиддати сабқати ду кишвар барои нақши пешгом дар минтақа муваққатан коҳиш ёфт.

Ба ақидаи Раббимов, Қазоқистон баъд аз вуруд ба Иттиҳоди гумрукии Русия, барои эҳтиёт аз зиёнҳои молии имконпазир ва ҳамчун далели истиқлолияташ аз Русия равобитро бо Узбакистон густариш дод. Моҳи июни соли 2013 ду раҳбар дар Тошканд созишномаи коршарикии стратегиро ба имзо расонданд ва дар ҳаққи ҳамдигар суханони гарм гуфтанд.Ҳамзамон гардиши мол байни Қазоқистон ва Узбакистон дар ним соли гузашта 25% афзоиш ёфта, ба 1,6 миллиард доллар расид. Аммо ин шохис миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт соли соли 2013 ҳамагӣ ба 384 миллион доллар баробар буд.Бо вуҷуди ин ду кишвар барои густариши равобит имкониятҳои зиёд доранд ва Остона эҳтимолан, Тоҷикистон бештар ниёзманд ва манфиатдори чунин ташаббусҳо мешуморад.

ТУРКМАНИСТОН

Аз замони ба қудрат расидани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Туркманистон равобити ин кишвар бо Тоҷикистон гармии бесобиқае пайдо кард. Эҳтироми хоси ду раҳбар ба ҳамдигар махсусан дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар моҳи июни соли 2013 ба мушоҳида расид. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳангоми сафари ҳамтои узбаки ӯ Ислом Каримов ба Ишқобод, раҳбари Туркманистон ошкоро аз мавзеъгирии Тошканд дар баробари тарҳҳои обу энержии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳимоят кард. Гӯё дар иваз Туркманистон аз тарҳи роҳи оҳан ба Афғонистон ва Тоҷикистон низ пуштибонӣ намуд.

Рашид Ғанӣ Абдулло

Вале моҳи август вокуниши Вазорати умури хориҷии Туркманистон ба як ҷумлаи сарвазири вақти Тоҷикистон Оқил Оқилов таҳлилгарони равобити байнулмилалиро дар ҳайрат гузошт. Оқилов дар як ҳамоиши марбут ба захираҳои об гуфт, кишвараш “соли ҷорӣ ба хотири кӯмак ба риштаи кишоварзии Туркманистон ва бо дархости ин кишвар аз обанбори Норак оби изофа сар додааст”. Вазорати корҳои берунаи Туркманистон посух дод, ки “истифодаи босамари об заминаи ҳосили зироат шудааст” ва “ҷониби Туркманистон дар робита бо ин гуфтаҳои сарвазири Тоҷикистон ҷиддан изҳори нофаҳмӣ ва нигаронӣ мекунад ва ин гуфтаҳоро комилан якҷониба ва ғайри қобили қабул медонад”.

Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд: “Одатан чунин як таркиши эҳсосӣ дар чунин сатҳ якбора ва бесабаб иттифоқ намеафтад. Чизе шуда буд, ки сабаб ва ҷузъиёташ номаълум монд.”

Баъд аз ду ҳафта як аспи туркманӣ ҳамчун ҳадяи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе фиристода шуд, аммо равобит ҳамон гуна "нофаҳмо" боқӣ монд. Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркманистон солона аз 220 миллион доллар беш нест, вале қарор аст, сохтмони роҳи оҳани Туркманистон – Тоҷикистон – Афғонистон ин ададро тағйир диҳад. Вале ин гуна ба назар мерасад, ки ҳеҷ раҳбаре ба раҳбари дигар самимияти комил нишон намедиҳад ва манфиатҳои хос нагузоштаанд, то ҳол ягон эътилофе байни кишварҳо шакл гирад. Ин дар ҳоле ки ҳамаи онҳо ба рушди иқтисод ва тиҷорат дар минтақа манфиатдоранд.

СОЛИ 2014

Дар ҳоле ки коршиносон ба эҳтимоли гуфтугӯи самарбахш бо Узбакистон хушбин нестанд, онҳо аз эҳтимоли рукуди равобит бо Эрон ҳушдор медиҳанд. Президенти нави Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ бештар банди ҳалли мушкилоти Теҳрон бо кишварҳои ғарбист ва аллакай маълум шудааст, ки ҳамкориҳои Теҳрон бо Душанбе дар қиёс бо даврони раёсати Муҳаммади Хотамӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод камрангтар мешаванд.

Моҳи апрели соли оянда дар Афғонистон раисиҷумҳури нав интихоб мешавад ва нерӯҳои таҳти сарварии НАТО аз ин кишвар мебароянд. Таҳлилгарон аз эҳтимоли ташаннуҷи вазъ дар минтақа ҳушдор медиҳанд, ки аз як сӯ мумкин аст, ҷамоҳири Шӯравии собиқро ба ҳамгироии бештар таҳрик диҳад, вале аз сӯи дигар метавонад мушкили онҳоро бештар кунад. Ҳарчанд сарони ин кишварҳо дар ҳамоиши Созмони Шонгҳой ё нишасти президентҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ сари як миз менишинанд ва аз рушди робитаҳо ҳарф мезананд, вақте ба кишварҳои худ бармегарданд, он ваъдаву қарорҳоро гӯё фаромӯш мекунанд. Дар акси ҳол панҷ давлати Осиёи Марказӣ метавонистанд, шабакаи барқи замони Шӯравиро эҳё ва мардуми худро аз бебарқию камобӣ наҷот диҳанд.

Тоҷикистон бо раҳбари феълии Афғонистон, Ҳомид Карзай, равобити хуб дорад, аммо дар пайи таҳияи замина барои оянда нест ва бо неруҳое, ки мумкин аст, дар Афғонистон ба қудрат расанд, ҳанӯз робита барқарор накардааст. Ба ақидаи Рашид Ғанӣ Абдулло ин холигоҳ ва бархӯрди бидуни амалгароӣ ба манфиати Душанбе нахоҳад буд.

Дар муносибатҳои байни ҳамсоягон дар Осиёи Марказӣ ҳамчунин қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ -- Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Русия, Ҳиндустон, Эрон, Иттиҳоди Аврупо, Покистон, Ҷопон ва ғайра ба шаклу шеваҳои гуногун ҳузур доранд ва агар умдатан ба комёбии онҳо кӯмак мекунанд, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки аз нуқси онҳо ба манфиати худ истифода намоянд.