Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳушдори батакрори Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи “хоҷагони хориҷӣ” амри табиӣ донист. Ӯ гуфт, раиси ҷумҳур ҳам мисли ҳар шахси масъул аз вазъи сиёсии ҷаҳон нигарон аст ва мехоҳад, интихоботи моҳи март бо оромиш пушти сар шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баръакси солҳои пешин имсол дар моҳи январ паёми худро ба ду палатаи парлумон ироа кард. Ӯ дар суханронии худ аз афзоиши маошу нафақа то гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва интихоботу хиёнат барои, ба гуфтаи ӯ, "пули ҳароми хоҷагони хориҷӣ" ҳарф зад.
Ҷаноби Кабирӣ афзуд, “фикр мекунам, баёноти президент замина дорад, тазаккур дода шавад. Аммо дар паҳлӯи ин ба мақомоти давлатӣ ҳам дастур дода мешуд, ки иштибоҳҳои қаблияшонро такрор накунанд.” Зеро, ба бовари раиси ҲНИТ, агар ҳизбҳову номзадҳо ба мақоми вакили парлумон ва мақомот аз рӯи қонун амал кунанду рӯҳияи сулҳу ваҳдат бошад, “ягон дасти хориҷӣ наметавонад вазъияти дохилии моро ба ҳам бизанад”. “Вақте оромиш набошад, таҳқиру фишор нисбат ба ҳизбҳои сиёсӣ бошад, дигар ба дӯши дастҳои хориҷӣ партофтани ин мушкили дохилӣ чандон хуб нест”,-таъкид кард ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо ба ақидаи Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), "агар президент ин гуна паём медода бошад, якумаш, бояд мушаххас кунад, ки бо ибораи «хоҷагони хориҷӣ» киро дар назар дорад. Ин Созмони Милали Муттаҳид аст ё ягон давлати абарқудрат ё шаҳрвандҳои хориҷӣ, кист?" Ӯ гуфт, вақте ин масъала мушаххас нашуд, "аллакай мояи нобоварӣ ва хилофи мантиқ аст".
Ҷаноби Зоиров илова кард, ин таъкиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори аввал нест ва ҳар кас метавонад зери шубҳа қарор гирад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, ҳизби онҳо ҳомии хориҷӣ надорад ва ин аст, ки дар чунин вазъи мушкили иқтисодист. "Ҳар як давлат, ҳар сарвари давлат вақте сухан мегӯяд, вай масъулият дорад. Агар президент ё ҳар шахсе, ки далел надорад, умуман ҳуқуқи чунин чизро гуфтан надорад, махсусан президент, ки тибқи моддаи 6-уми Конститутсия кафили Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ. Ман ҳамчун раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта метавонам, ки дар давоми фаъолияти ин ҳизб он ягон ҳомии хориҷӣ надорад, ягон хел маблағ нагирифтааст, аз ягон давлат, аз ягон созмони байналмилалӣ, аз ягон шаҳрванди хориҷӣ",-гуфт ӯ.
НАЗАРИ ҚАНОАТУ ГУЛРУХСОР ВА САФАРОВ
Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик, таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар масъалаи амнияти миллӣ дар паёми имсолааш бамаврид донист ва гуфт, ин мавзӯъ ба пуштибонии умумӣ ниёз дорад. Ҷаноби Қаноат, ки баъд аз берун омаданаш аз “Кохи Сомон”-и Душанбе бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат мекард, афзуд, “мо дар ҷое зиндагӣ мекунем, 1 ҳазору 400 километр бо Афғонистон марз дорад. Ба кишварҳои дигари ҳамсоя ҳам эътимод надорем. Чунки бисёре аз он ҳамсояҳо мехоҳанд, дар кишвари мо амният набошад.”
Ин шоири тоҷик паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи январро “кушоиши хубе барои идомаи соли 2015” донист. “Дар ин паём ҳама соҳа буд. Ҳама проблемае, ки мо дорем, буд. Вазъи ҷаҳону вазъияти дохил. Барои мо андешаи ягона, таҳаммалупазирӣ, дараҷаи илмӣ даркор. Бояд дастҷамъона кор кунем,”-таъкид дошт Мӯъмин Қаноат.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, таваҷҷӯҳи бештари президент ба сиёсати ҷаҳону Тоҷикистонро аз вижагиҳои паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон хонд. Вай гуфт, "албатта, вазъи дохили кишвар ҳоло хубу ором аст, рушди иқтисодӣ таъмин аст ва давлат аз уҳдаи ҳама вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодии худ мебарояд. Аммо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳдидҳо аз мо вобаста нестанд ва мо бояд дар муқобили онҳо омода бошем."
Ба таъкиди ҷаноби Сафаров, “дар ин шароит, албатта, бояд мардуми Тоҷикистон қабл аз ҳама ватандӯст бошанд ва худшиносии миллиро ташаккул диҳанд. Паёми имсола аслан як таъкиди муҳими худшиносӣ ва ватандӯстӣ дошт.”
Аз нигоҳи Гулрухсори Сафӣ нуктаи муҳиме, ки дар паёми имсолаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон садо дод, таваллуди тифлони маъюбу маслуқ дар пайи никоҳи хешутаборӣ будааст. Ӯ гуфт, ҳарчанд дар ин бора аз кӯчаву бозор зиёд шунидааст, вале бори аввал буд, ки президент дар ин бора рӯирост ҳарф зад.
Гулрухсори Сафӣ матраҳ шудани вазъияти мушкили ҷаҳон ва ҳифзи амнияти кишварро низ аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, “мо ҳам чун мамлакате ҳастем, ки дар дами хатар қарор дорем. Инро як президент ё Шӯрои олӣ ҳал карда наметавонад. Мо дар дами аждаҳо зиндагӣ мекунем. Ҳоло мебинем мардум хотирҷамъ ҳастанд. Дилгир мешавам, вақте ба гулӯи як инсони бегуноҳ корд мемонанд.”
НАЗАРИ СОКИНОН ИНҶОСТ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад