“Мавзуна ояндаи хуб дорад!”

Набарди Мавзуна Чориева ва Кети Тейлор

Коршиносони риштаи варзиши Тоҷикистон набарди ниҳоии Мавзуна Чориеваро баҳои баланд доданд
Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар камонварӣ ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1976 дар Монтреал мегӯяд, “коре, ки Мавзуна Чориева кард, аз дасти ягон варзишгари дигар наомад”:

"Ҳарчанд ман мутахассиси бокс нестам, вале хеле хурсандам, ки як духтари тоҷик , ки хеле ҷавон ҳам ҳаст, ӯ ҳамагӣ 19 сол дорад, ва дар як намуди нави варзиш барои Тоҷикистон, яъне бокс ба чунин натиҷа даст ёфт. Худи иштироки ӯ дар ин мусобиқа як қаҳрамонӣ буд. Ӯ соҳиби медали биринҷӣ шуд ва ман бисёр шодам, ки сафи духтарҳо дар варзиш бештар мешавад. Барои ман боз ҳамин чиз хурсандиовар аст, ки мардони мо неву, боз як зан, як духтар аввалин медалро дар миёни ҳайати Тоҷикистон ба даст овард."

Додобек Фатҳуллоев, мураббии варзидаи тоҷик дар соҳаи бокс ва устоди муштзани наврас Асрор Воҳидов:

"Мавзуна Чориева дар ҳақиқат хуб баромад кард. Офаринаш бод! Ман ҳис кардам, ки доварон каме тарафи Тейлорро, ки қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон аст, гирифтанд. Дар даври аввал Мавзуна дар набард мағлуб нашуд. Ӯ воқеан ҳам хуб кор кард. Вай шонс дошт, ки бубарад. Мавзуна ояндаи бисёр хуб дорад, қандашро занад!"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳои Додобек Фатҳуллоев ба Мавзуна Чориева




Абдурашид Мамаҷонов, довари дараҷаи байналмилалӣ, Раиси мактаби махсуси варзишии бокси шаҳри Душанбе:

"Мавзуна хеле олӣ баромад кард, хеле олӣ. Ӯ иродаи қавӣ нишон дод. Хеле шоиста баромад кард. Бо вуҷуди ин ки китфи ӯ ҷароҳат бардошта буд, ва инро мо дар ҷараёни набардаш бо духтари чиноӣ дар даври сеюм сабқат дидем, ӯ баромаду хеле шоиста муштзанӣ кард. Дар баъзе лаҳзаҳои набард ӯ дар масофаҳои миёнаву наздик ҳатто беҳтар аз рақибаш ҷангид. Албатта, Катя Тейлор бо истифода аз қадаш, ки тахминан 5 см баландатар асту дар масофаҳои дур зарбаҳои беҳтар зад. Ман боварӣ дорам, ки дар баъзе лаҳзаҳо ӯ воқеан ҳам беҳтар буд. Бовар дорам, ки даъфаи оянда ӯ ҳатман ғалаба хоҳад кард."