Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар сӯҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, дастрасӣ ба торнамои радиои «Озодӣ»-ро бо хоҳиши «ихтиёриён» ё «доброволсо» қатъ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои сомонаи “Гугл-Аналитикс”, шумораи хонандагони торнамои “Озодӣ” дар Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир босуръат коҳиш меёбад. Ҳанӯз аз шоми рӯзи панҷшанбе муштариёни бархе аз ширкатҳои интернетрасон дар Тоҷикистон шикоят кардаанд, ки наметавонанд ба сомонаи Радиои Озодӣ ворид шаванд. Аммо субҳи рӯзи ҷумъа корбарони аксари ширкатҳои интернетӣ гуфтанд, ба торнамои "Озодӣ" дастрасӣ надоранд.
Рустам Маҷидов, яке аз корбарони фаъоли торнамои радиои «Озодӣ» гуфт: «Ман аз интернети ширкатҳои Вавилон ва Билайн истифода мебарам ва дирӯз алаккай аз нисфирӯзи аз тариқи ширкати Вавилон истифода аз ин сомона
номумкин буд ва аз Билайн бошад имрӯз имконнопазир шуд. Ҳамчунин хабардор шудам, ки аллакай аз субҳ тариқи Тселл ҳам даромадан ғайриимкон аст. Албатта барои мо истифодабарандагони ин торнома надоштани дастрасӣ ба он нороҳаткунанда аст.»
Дар ҳамин ҳол Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон гуфт, воқеан ҳам бархе аз ширкатҳо барои масдуд кардани ин торнамо аз Хадамоти алоқаи кишвар аз дирӯз SMS ё паёмак дарёфт кардаанд. Ҷаноби Атоев аз ҷумла афзуд: «Аслан ширкатҳои интернетрасон, фармонҳои хадамотро хеле қадр мекунанд ва боварӣ дорам, ки пас аз расидани паёмак мактуби расмӣ низ меояд, то ки онҳо аз нигоҳи ҳуқуқи қадамҳои худро низ ҳифз карда тавонанд. Тибқи амалҳои пештар, гуфтан мумкин аст, ки sms-паёмак новобаста аз шакли фаъолияташон ба тамоми операторҳо ирсол мешавад. Албатта тавассути проксӣ серверҳо ва технологияҳое, ки аз ин бастанҳо гузаштан метавонанд, сомонаи «Озодӣ»-ро метавон боз кард. Лекин чунин шеваи дастрасӣ суръати компютер ва дастрасиро суст мегардонад.»
Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, ба эҳтимоли бештар масдуд шудани торнамои радиои «Озодӣ» ба пахши сӯҳбати раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар мавриди маҳдуд карданаи дастрасӣ ба «Фейсбук» буд, ки миёни ҷомеа вокунишҳо ва сару садоҳои зиёдро ба бор овард.
Дар ҳамин ҳол Маҳмудхон Сараев, сармутахассиси бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ гуфт», то имрӯз дар Тоҷикистон аз лиҳози қонунӣ фаъолият дар шабакаи интернет мушаххас нашудааст. Аз ин лиҳоз ба таъкиди Маҳмудхон Сараев, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон талош мекунад, ки дар чаҳорчӯби қонун фаъолияти соҳаро танзим кунад. Вай афзуд, «раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз дар маросими таҷлили 100-солагии матбуоти тоҷик дар моҳи марти соли ҷорӣ ба сохторҳои дахлдор махсус супориш доданд, ки ин масъала ҳаматарафа дар сатҳи умумиҷаҳонӣ омӯхта шавад ва таклифҳои мушаххас ва хуб пешниҳод шавад, то он аз лиҳози ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ба таври дуруст ва мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ танзим шавад.»
Маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи радиои «Озодӣ» дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ҳуқуқдонон амалкарди Хадамоти алоқаи кишварро хилофи сарқонун ва қавонини Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони
тоҷик, тибқи моддаи 30-юми Сарқонуни Тоҷикистон ба ҳар нафар озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои иттилоотрасон кафолат дода мешавад. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, давлат танҳо дар он вақт ҳаққи маҳдуд кардани сомонаҳои иттилоотиро дорад, агар дар кишвар вазъи фавқулода эълон шуда бошад. Аммо бо назардошти он, ки дар кишвар оромист, чунин амалкард беасос ва ғайриқонунист.»
Ӯ аз ҷумла гуфт: «Ҳоло ин амал нақзи рӯирости ҳуқуқи шаҳрвандон барои гирифтани маълумот аст. Дар ҳоле, ки ҳуқуқҳои конститутсионӣ вайрон шуда истодааст, ва аммо президент ягон вокуниш нишон намедиҳад, ин аллакай фалаҷ шудани сохторҳои давлатиро нишон медиҳад.»
Бо ин ҳол маълум нест, ки то кай торнамои «Озодӣ» барои хонандагонаш дастнорас боқӣ мемонад. Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров пас аз баста шудани “Фейсбук” гуфта буд, ки мушкили техникии марбут ба он дар як рӯз бартараф хоҳад шуд. Аммо то ҳоло ин сафҳа барои сокинони Тоҷикистон дастрас нашудааст.
Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон гуфтаанд, ба зудӣ бо ирсоли як номаи расмӣ аз раҳбари Хадамоти алоқа хоҳанд хост, ки далели бастани сомонаи Радиои Озодиро шарҳ дода, ба зудӣ ҳузури онро дар шабакаи интернет барқарор намояд.